Неши каждум на аз пайи кин аст, балки…
Ё худ ҷавобия ба мақолаи “”Бачаи авош”-и сомонаи ифротии «Паём.нет»
Имрӯзҳо, дар расонаҳои дохилию хориҷӣ, оид ба сафари нахустини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ афкори мухталиф дарҷ мегарданд. Бавижа, онҳое хилофназарӣ доранд, ки дар суботашон як назари нек, як нияти нек нест.
Аввал ин ки муҳтарам Рустам Эмомалӣ арзандаи ингуна мансаб буда, тӯли чанд соли охир дар зинаҳои гуногуни мақомот фаъолият бурда, таҷрибаи кофӣ ба даст овардаанд.
Дигар ин ки ин сафар сафари расмии ӯ буда, бо маслиҳати қаблии ҷонибҳо ин вохӯрӣ анҷом пазируфт.
Дар масъалаи “шарикони стратегӣ” ва “илтифоти русҳо” гуфтаниям, ки давлати соҳибистиқлоли мо бо кишварҳои зиёде муносибати дипломатӣ дорад. Агар бо Русия барин як давлати абарқудрат ҳамкорӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ барпо намоем, маънии онро надорад, ки “пойбанд” хоҳем монд (чуноне шумо ҷанобони номӯҳтарами наҳзатӣ меандешед). Танҳо тангназарӣ ба ин гуна андешаҳо меорад. Солиёни зиёд аст, ки Русия бо Тоҷикистон шарикони стратегӣ ҳастанд ва дар масъалаҳои давлатӣ ҳам бо ҳам маслиҳат мекунанд.
Дар масъалаи “баррасии созишномаҳо”, ки бо иштироки муҳтарам Пешвои миллат дар Русия ба вуқӯъ пайвастааст, чунин иброз медорам: аввал ин ки ҳамаи онҳо амалӣ гаштанд, дигар ин ки мақоми Сарвари давлати мо байни сарони ИДМ барои русҳо ва махсусан, барои Президенти он В.В.Путин хоса аст. Касе наметавонад бо далел собит намояд, ки ин ё он шартнома иҷро нашудааст. (Ба истиснои бархе аз онон ки ба туфайли ҳолатҳои фавқулодда ба таъхир гузошта мешаванд.)
Инак, ҳамаи он масоиле, ки муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо шарикони стратегии худ имзо карданд, дар муҳлатҳои муайяншуда амалӣ мешаванд ва боз ҳам назари шумо – “некназарон”-ро хоҳем шунид.
Аммо кас ба андеша меравад, ки ба ҷойи ин се саҳифа бӯҳтоннома, ки аз он бӯи фисқу фуҷур меояд, намешавад коре кунед, ки ба манфиати ҳамдиёронатон бошад. Оё бадгӯии ҳамватани худ ва бе далел дар расонаҳо ҷор задан маънии онро надорад, ки хислатҳои писсимистонаатонро фош месозед? Оё намояндагони дигар халқу миллатҳо ба хулосае намеоянд, ки чун ҳамватани худро мехоҳад бадном созад, бо мо чӣ рабт хоҳад кард? Ё ба андешаи шумо ҳамин аст демократия?
Агар шумо ва ҳаммаслаконатон бисёр донишманд бошед, чаро аз ватани ҳамешасабзатон, аз диёри ободгаштаатон, аз мардуми ҳаёти осоиштадоштаатон, аз ҷавонони ояндаафрӯзатон ба илҳом ҳарфе намегӯед.
Тоҷикистон дар ин 29-соли соҳибистиқлолӣ, баъд аз ҷанги шаҳрвандию талаву тороҷ, ба суръати нур тараққӣ кард, вале дар ин айём ҳам шумо баринҳо дар дохили кишвар будед ва боз ҳам ҳамчун каждум рисолате доштед. Хостед, ки ба ном давлати исломӣ барпо намуда, аз пайи истисмори мардум бошед, ватанро ба харобазор табдил диҳед. Лекин ҳайҳот… Модарони Тоҷикистон метавонанд ба монанд Пешвои миллат фарзандонеро тарбия намоянд, ки бо қудрати сухан, бо қувваи бозу шумо барин ҳашаротҳои зараррасонро дар як он маҳв намоянд…
Мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки Пешвои миллатамон фарзанди арзандаи миллатро тарбия кардаанд ва он кас низ сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳуриамонро бо садоқату матонат, бо сари баланд ҷонибдорӣ намуда, ватанамонро ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон табдил хоҳанд дод.
Минбаъд, баъд аз ин вохӯриву мулоқот муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо намояндагони парлумони Русия, равобити мардуми Русияву Тоҷикистон, муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ густариш хоҳанд ёфт. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамчун Раиси шаҳри Душанбе Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023-ро бо Раиси шаҳри Маскав С.Собянин имзо намуданд, ки он ҳам ҳамкориҳои дуҷонибаро таҳким мебахшад. Имрӯзҳо шаҳри Душанбе зеботарин шаҳр байни ИДМ ба ҳисоб меравад ва ин ҳама зебоиҳо ба шарофати меҳнатдӯстии мардуми кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Мо бо чунин як кадри арзанда ифтихор менамоем!
Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ