Алим Шерзамонов ҳуқуқи аз номи давлату миллат сухан гуфтанро надорад
Мутобиқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон худро озод ҳис карда, соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои кафолатнок мебошад ва ин аз тарафи мақомотҳои қудратӣ дар мадди назари аввал ҷой дорад.
Чи хеле, ки мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон Алим Шерзамонов – муовини раиси Паймони миллии Тоҷикисон (ташкилоти мамнӯъ ва экстремистӣ дар Тоҷикистон) кўшиш карда истодааст, ки дар Тоҷикистон азобу шиканҷа ва ба ҳолатҳои табъиз гирифтор кардани шахсон дида мешавад ягон асос надорад.
Инчунин қайд карда истодааст, ки Паймони миллӣ хостгори ҷорӣ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин низоми Иттиҳоди Аврупо дорад. Шарҳ дода истодааст, ки аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Барномаи иқдоми Иттиҳоди Аврупо барои ҳуқуқи инсон ва демократия» мебошад, ва ин санад ҷаҳонӣ буда, шахсе, ки ҳуқуқи инсонро вайрон мекунад дар Аврупо муҷозот хоҳад гирифт. Мутаасифона, ба гуфтаҳои Алим Шерзамонов на давлат, на Хукумат ва на мардуми кишвар ба ин гуна фишангу фитнаҳои иғвоангезонааш ба гуфти худ «низоми таҳримотӣ» розӣ нест. Зеро назоратбарӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, назоратро Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳояшон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Омбудсмен инчунин дигар мақомотҳои қудратӣ амалӣ карда мешавад.
Аммо ҳолатҳои истифодаи азобу шиканҷа дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар миқёси ҷумҳурӣ дида нашуда, аз ҷониби баъзе созмонҳо ба монанди «Барномаи иқдоми Иттиҳоди Аврупо барои ҳуқуқи инсон ва демократия» ва васоити ахбори умум ҷиҳати ангезиши афкори омма истифода шуда, ин ҳолат ба обрўи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ба ғайр аз ин дигар санадҳое низ ҳастанд, ки ба монанди кодексҳо, қонунҳо, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 25 июни соли 2012 “Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа” ва дигар санадҳоро дарбар гирифта ин ба манфиати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон равона карда шудааст. Ҳангоми риоя накардани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ шахсони ваколатдори он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бояд қайд кард, ки Вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба омили муайянкунандаи обрўю нуфузи кишварҳо ва маҳз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, қабулпазирии онҳо ба созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ, эминӣ аз ҳар гуна таҳримҳо ва дахолати беруна ба Тоҷикистон ягон бунёде надорад.
Ҳар амалу гуфтори шахсони сияҳдилу ватанфурӯш асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ надорад. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Аврупо таҳрим ҷорӣ намекунад ва агар рафту карданӣ ҳам бошанд, аввал худи аъзоёни собиқи ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллиро ба рӯйхати таҳримӣ худ ворид созанд.
Кабирзода Г.Қ. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ