Мақсади ТЭТ ҲНИ нооромӣ ва нотинҷӣ дар Тоҷикистон

Аз ҳадафҳои асосии давлатҳои пешрафтаи дунё ин озодӣ додан ба шаҳрвандон барои интихоби дину мазҳаб аст. Тоҷикистон низ яке аз давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёдест, ки барои шаҳрвандонаш озодии динию мазҳабиро фароҳам овардааст. Аммо динро мо бояд аз хӯрофот ва таассуб тафовут намоем, зеро тадриҷан хурофот ва таассуб ба афкори сиёсӣ маҳлут гардида, тавонистааст халқу миллатҳоро аз байн барад.

Саъдии бузургвор мефармояд:

Миллатеро рафт чун оин зи даст,

Мисли хок аъзои ў аз ҳам шикаст.

Яъне, қавме  ки таассубпарастанд, рўзе  мерасад, ки ба ҷуз қабули расму оин ва анъанаи бегона дигар чорае надоранд. Зеро ин қавму миллат шахси шикаставу забунро мемонанд. Имрўз ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари зиёде эҷод карда истодааст. Ва метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба нестии аксари миллатҳову давлатҳо оварда расонад. Масалан, натиҷаи хурофатпарастӣ ва таассуб ба он оварда расонд, ки мардуми мусалмони мамлакати тараққикардаи Сурия ба андешаҳои ифротии гурўҳе дода шуда, аз ҳам пош хӯрд ва ҳоли ин мардум барои тамоми олам пинҳон нест. Дар ҳамин хусус Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

   Ин дарде, ки  ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз дучор гардидааст ба тамоми халқҳои сайёраи замин таъсир расонида истодааст, аз ҷумла ба мардуми кишвари мо ки дар зери ниқоби дин роҳбар ва аъзоёни ҲНИ аз Аврупо истода мехоҳанд мардумро ба гумроҳӣ кашанд ва барои мардуми ин сарзамин расониданиад, ки гӯё дар Тоҷикистон интихоби дину мазҳаб бо роҳи зӯрӣ бошад.

Гузоштани риш ва сатр пӯшидан ҳанӯз мусалмонии касеро собит насохтааст. Мусалмонӣ дар дили пок ва қавли дуруст доштан аст. Тоҷикистон ва мардуми заҳматкаши он, ки солҳои пурдаҳшати 90-умро паси сар намудааст, гирифтори ин гуна хурофотпарастӣ ва зоҳирпарастӣ нахоҳад гашт. Дар Тоҷикистон  барои интихоби мазҳабу кеш барои ҳар як шаҳрванд озодӣ дода шудааст. ТЭТ ҲНИ, ки бо сенарияи пешина “нақш мебозад” хоҳони нооромӣ ва нотинҷии кишвар буда, дар ҳамин замина мехоҳанд соҳиби мансаб, пулу моли бедардимиён гардад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Андешаҳои ноҷо ва ботил, ки тақлидкорона садо медиҳанд, боиси аз байн рафтан ё гаравидан ба оинҳои бегона мегардад. Ҳанўз устодони сухан ин маризи ҷомеаро пешгўӣ намуда, дар асарҳои хеш бегонапарастӣ ва тақлидкориро сахт маҳкум менамоянд.  Ва ин  андешаҳо имрўз ба вуҷуд наомадаанд, ин дарахт решаи кӯҳан ва мустаҳкам дорад, ки то имрўз бо он афкори ҷомеаро вайрон ва нафарони гумроҳгардидаро хонасаллоту хонавайрон намуда, радди маърака мегардонад. Чи хеле зикр намудем, инро мо дар мисоли бисёр давлатҳои пешрафтаву тараққӣ кардаи дунё дида метавонем, ки бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза бурда натавониста, гумроҳ гардидаанд ва афкори ифротиро пеша намуда, барои мардуми сайёра хатари бузургеро эҷод карда истодаанд.

Раҳматова Д.М. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like