Кабирӣ дар орзуи инқилоб аст!
Аз лаҳзаи манъи расмиву қонунии фаъоляити ТЭТ ҲНИ аъзо ва роҳбарияти гурезаи он ҳар лаҳзаву дақиқа аз худ дарак медиҳанд. Дар ин роҳ онҳо чи бӯҳтонҳое ба сари давлату ҳукумати Тоҷикистон бор накардаанд. Ҳоло ҳам дар расонаҳои интернетӣ ҷанги иттилоотии ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ нисбати сиёсати давлати мо рафта истодааст.
Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба гуфти ҳаммаслаконаш сиёсатмадоре ҳаст, ки гӯё метавон ба ӯ умури давлату ҳукуматро бовар кард. Ҳатто онҳо даъвои онро доранд, ки танҳо ӯ барои равнақу шукуфойии ватани азизамон кушиш ба харҷ медиҳад. Гӯё ӯ дар вақтҳои ба мамлакатҳои Аврупо сафар карданаш танҳо мақсади равнақ додани Тоҷикистонро доштааст. Ҳатто тариқи пахшҳои мустақим ӯ ба Тоҷикистониён гуфтааст, ки дар солҳои наздик тамоми мақсадҳо ва ӯҳдарориҳояшро анҷом хоҳад дод.
Ӯ чунин мешуморад, ки гуё гунаҳкорони ҳақиқӣ дар ошӯби моҳи сентябрӣ, манъи фаъолияти наҳзат, кушта шундани руҳониёни наҳзатӣ танҳо мақомот ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Бахусус дар ҳар баромади худ номи Пешвои миллатро мехоҳад сиёҳ кунад. Аз исломи пок сухан меронаду худ ба гуфтаҳои динӣ итоат надорад. Аз сиёсатҳои хирадмандона ва пешгирифтаи Сарвари давлат хабардор нест. Мегуяд дар Тоҷикистон намозу рӯзаро манъ кардаанд. Лек ҳамаи мо шоҳиди зиндаем, ки тамоми дари масҷиду мадрасаҳо боз аст, дар моҳи шарифи Рамазон мардум барои иҷрои фаризаҳои илоҳӣ озод буданд. Касеро зуран аз масҷид бароварданд ва ё акси он оварданд набуд ва намешавад ҳам. Ин ҳама туҳматҳои сохтаву бофтаи душманони миллат аст, ки аз ҷои набуда низоъ андохтанӣ мешаванд.
Имрӯзҳо мо мебинем, ки чи тавр Тоҷикистони мусаффоямон рушду равнақ ёфта истодааст. Аз ҳамин сабаб бадхоҳон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ наметавонанд гулгулшукуфойии давлатро бубинанд. Зеро онҳо шармандавор аз ин кишвар фирор карда буданд. Агар ба гуфти худ Муҳиддин Кабирӣ гуноҳ намедошт, барои чи фирор кард? Акнун имрузҳо дар хориҷи кишвар истода мехоҳад халқи тоҷикро ба тафриқа андозад. Ин рӯбоҳсифат то ҳол намедонад, ки мо шаҳрвандони мамлакат – пайравони Пешвои миллатем ва ба ғамхориҳои пешвоямон ба монанди ин аҳмақ ҷавоб намегуем. Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд !
Тошматова М.Д. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ