“Ислоҳ.нет” шабакаи муфтхури наҳзатӣ

Маълум аст, ки ҳар як фарди ҳудогоҳу ватандӯст аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ёд дорад. Албатта, мо шоҳиди онем, ки ношукрон чӣ гуна ба вартаи гумроҳӣ дучор шуда истодаанд. Пўшида нест, ки дар ҳаёт ва ҳатто дар сиёсату давлатдорӣ борҳо шахсони шукргузорро дидаем, ки ба мартабаҳои баланд расида, дар байни омма соҳиби эҳтирому иззат гардидаанд ва баръакси ҳол нафаронеро ҳам медонем, ки аз ношукрӣ ба кадом азобу машаққатҳо дучор омаданд. Мисоли оддӣ ин солҳои 90-уми асри гузашта шуда метавонанд, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ як гурўҳ, ба фиребу найрангҳои мансабталошон гирифтор шуда аз дастуру супоришҳо ва тавсияҳои роҳбарони онвақтаи ҷумҳурӣ сарпечӣ карда, ҳар як ба ҳуд ва бо гуруҳҳои худ ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ таъсис дода, нақшаи тақсимоти ҳудуди ҷумҳуриро тарҳрезӣ намуда буданд.

Бехабар аз он ки гуш надодан ба суханҳои пиронсолон ва бузургон оқибати хуб надорад то имрўз онҳо даст ба ѓайбат ва андохтани нооромӣ ба авзои ороми кишварамон задаанд.

Ношукрии дигаре, ки моҳи сентябри соли 2015 пеши чашми мо гузашт, бояд фаромўш накунем. Пеш аз ҳама мо бояд инро донем, ки хиёнат ба модар – Ватан, обу хоки кишвар, хиёнат ба хоҳару бародарро дар ягон дину мазҳаб ва ҳатто бединон ҳаргиз онро намебахшанд. Ин гуна хиёнаткорон ба бадтарин ҷазои рўи замини ва бадтарин ҷазои охирад гирифторанд. Максад аз ин суҳанҳо казияе, ки бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва Назарзода А.М. собиқ генерали артиш дар тирамоҳи соли 2015 буд.

Имрўзҳо бошанд, ҳаммаслакони онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳу восита кинаву адоватро пеша карда нооромиро ба миён оранд.

Тоҷикистони соҳибистиқлолро имрўзҳо тамоми ҷаҳон мешиносад ва заурур нест, ки имрўз мо дар бораи гўё дар кишвар ҳуқуқҳои мардуми кишвар маҳдуд ё поймол шуда истодааст ба гуфтаи «Ислоҳ.нет» гаппу ҳарф занем. Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон имрўзҳо аз пайи зиндагӣ бо шукрона аз обу ҳавои софу тоза ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, роҳ сўи барпо намудани кишвари овозадорро гирифта, заррае ҳам ба гуфтаи ин гуна номардони миллат эътибор намедиҳанд.  Зеро ба суханҳои ин гуна шахсон, ки миллат, модар ва Ватани худро фурўхта аз хориҷа даъвои таъмини ҳуқуқ мекунанд боварӣ намудан танҳо гуноҳ ҳасту халос.

Имруз, ки давраи гузариш ва ҷаҳонишавӣ рафта истодааст, мо бояд ҷавононро дар омузиши илму техника пешрафти технолгогия, нанотехнология, забондониву ҷаҳонбинӣ ҳидоят намоем. Мо бояд ҳар як ваҷаб марзу буми Ватани ҳудро ҳифз намоем. Нагузорем, ки Ватани мо ба дасти душман афтад.

Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҳукумати кишвар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми кишвар аз овони истиқлолияти давлатӣ тамоми имкониятҳоро истифода намуда истодаанд ва андеша дорем, ки ба маслиҳатҳои Алим Шерзамонов барин хиёнаткорони Ватан муҳтоҷ нест.

Дар баробари ин, ҳар як зиндонии сиёсие, ки даст ба хиёнат ва ҷинояткорӣ задааст дар назди қонун ҷавобгар аст, ва бо як талаб онҳоро аз зиндон озод намудан, ин хиёнат ба қонун ва демократия аст. Магар онҳо аз қонунҳои авфи Пешвои муаззами миллат бархурдор нестанд, ки даъвои озод намудани зиндониёни дигар доранд.

Имрузҳо онҳо бояд хуб дарк намоянд, ки Тоҷикистони бисту нуҳсола ҳоло ҳам ҷавон аст ва тамоми мардуми кишвар дар ҳамбастагӣ барои ба воя расидани он кўмак намоем на даст ба ѓайбат занем. Ҳаминро бояд дарк намуд, ки мардуми таърихии тоҷик аллакай фаҳмидаааст, ки сиёсати имрўзаи роҳбарияти кишвари Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз беҳтаринҳо аст ва онро ҷаҳониён аллакай дарк намудаанд. Нисбати оне, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои инсон поймол мегардад, ин суханҳои бофтаи фурўхташудагони ташкилоти экстремистии ҲНИ буда он асоси қонуниеро соҳиб нест. Аз ин лиҳоз мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи Ватан ва ободии кишварамон камари ҳиммат бояд бибандем.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент,

мудири кафедраи ҳуқуқи

гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ

You might also like