Лаққабофии Муҳаммадиқболи Садриддин
Чӣ тавре, ки аз мақолаи сомонаи иғвоангезӣ “Ислоҳ.нет” бо ном “Ҳаёфт хиёнати Раҳмон” маълум мегардад, шахсе, ки инро навиштааст, худ яке аз лагандбардорони Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад.
Аз рӯи ақидаи бардурӯғ ва манфуронаи ӯ, гуё Кабирӣ ҳангоми бунёди давлати демократӣ як шахси барҷаставу сиёсатмадор ва олиҳиммату одил баромад менамояд. Дар ин бобат шахси зикршуда, бо мақсади нишон додани Кабирӣ ҳамчун шахси бо адлу инсоф ва таъминкунандаи сулҳу субот ва осоиштагӣ дар дохил ва берун аз кишвар, ба сифати мисол давраҳои баъд аз пошхӯрии ИҶШС, ба даст овардани мустақилияти ҷумҳурӣ ва дар радифи таъмини сулҳу субот кӯшишҳои ғамхорона ва пояи асосии таъминкунандаи сулҳу суботи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси монеъкунанда ба рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ баҳогузорӣ менамояд.
Ҳангоми ба сари қудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми аҳолии ҷумҳурӣ ба ду синфҳои бо ҳам муқобил тақсим шуда буданд, ин дуруст аст. Вале гурӯҳи мухолифин, бо номи Шаҳидон буданд, ки баъдан онҳоро президенти кишвар ба сулҳу субот даъват намуд, мақсади асосии онҳо танҳо ба даст овардани ҳокимият буду халос.
Аз рӯи ақидаи лагандбардорӣ дар боло зикршуда гуё: дар ҳамон лаҳзаҳо тарафдорони Кабирӣ тарафдори ислоҳот буданд, вале тарафдорони Раҳмон ҳоло ҳам аз навгониҳои дунё худдороӣ намуда, беҳад аз ҳамкории беруна канораҷӯи менамоянд, яъне намехоҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар мамлакатҳо ба монандӣ, Кореяи Шимолӣ мамлакати сарбаста бошад.
Аммо чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, аз лаҳзаи ба сари қудрат омадан Пешвои миллат тамоми кӯшиш ва заҳмату меҳнати хешро дареғ надошта дар таъмини сулҳу субот ва гузаронидани ҳаёти пурсазои миллати тоҷик хизмати гаронбаҳо намудааст.
Ба ғайр аз он, бо мақсади равшанӣ андохтан ва иброз доштани фикру ақидаҳои хеш нисбати ақидаи пучи шахси барангезандаи иғво ва аз бечорагӣ даъвои беасоскунанда, фикрҳои палидонаи минбаъдаи ӯро пешбинӣ менамоем. Аз рӯи гуфти Муҳаммадиқболи Садриддин гӯё ки тарафдорони Кабирӣ аз ислом ва мусулмонии худ ифтихор менамоянд, рушду равнақ ва тараққиётро аз баракати ислом медонанд. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон бошад, намоз намехонанд, рӯза намедоранд, бисмиллоҳ намегӯянд ва барояшон як ҷаҳон ташаккул назар ба Аллоҳу акбар ва бисмиллаҳ ширинтар медонанд.
Чӣ тавре, ки аз васоити ахбори умум маълум аст, сарварамон ба хонаи муқаддаси Худо сафар кардаанд, ки ин ҳамчун асос бардурӯғ будани фикри шахси манфурро исбот менамояд. Роҳбари давлат ҳангоми ба истифода додани чархаи аввалини НОБ-и Роғун бо номи Аллоҳи меҳрубон оғоз карданд ва ҳама онро диду шунид.
Сухан дар бобати он, ки то ҳол низ ин ду равияҳои ба ҳам мухолиф вуҷуд доранду мамлакатро ба ду қисми аз ҳам ҷудо ҷудо менамоянд, инҳо ҳама гапҳои бофташуда, ва хушку холӣ ҳастанду бас, зеро ҳукмронии сулҳу субот дар дохили кишвар ва ба сар бурдани ҳаёти пурсамари аҳолӣ аз ин шаҳодат медиҳад.
Бо ба ҳисоб гирифтани гуфтаҳои палидона ва беасосонаи лагандбардори зикршудаи Кабирӣ бо боварии комил қайд намудан бамаврид аст, ки ҳамаи мо ҷавонон ин ҳама меъваи пурсамараи талошу меҳнат ва заҳматҳои беназиронаи шахси ҷасуру барҷаста ва пуртамкин ҳастем. Бинобар мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба сарвари худ дар роҳи иқдоми неки пешгирифтаи онҳо дар ҷодаи таъмини сулҳу субот ва гул-гулшукуфонии кишвари азизамон ва баланд бардоштани мавқеъи он дар арсаи байналмилалӣ камарӣ ҳиммат бандем.
Қосимов З.А. – ассистенти кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ