ТЭТ ҲНИ дар ғами Рустами Эмомалӣ
Дар замони муосир татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил, гузарест аз пайроҳаи сиёсати хориҷии кишварамон дар паҳнои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ мебошад. Имрўз муносибати Тоҷикистону Россия дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ хеле назаррас мебошад, ба монанди муносибати байниҳукумативу парлумонии ин ду кишвар.
Агар ба охирин тафсирҳои намояндагони Ҳизби наҳзати ислом дар сомонаи https://payom.net/bachai-avosh/ назар афканем, мо мебинем, ки ҳамаи таҳлилҳо яктарафа ва танқидона пешбини карда шудааст. Зеро ки аз он марҳилае, ки Тоҷикистон соҳибихтиёр (соли 1991) гашт ва ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қатори 11 кишвари мустақил баромад мекунад садҳо созишномаву шартномаҳои байни ин кишварҳо ба имзо расида роҳҳои татбиқи худро дарёфт намудаанд. Ба монанди:
- Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаи душаҳрвандӣ аз 7 сентябри соли 1995 (дар ҳамина замина соли 2016 соҳиби шаҳрвандӣ гардидан барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси муҳоҷират (переселение) ба Федератсияи Россия амали карда мешавад, ин ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкониятҳои васеъро медиҳад);
- Созишномаи байниҳукуматиии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти савдову иқтисодиёт (Созишномаи озодӣ иқтисодӣ аз 10 октябри соли 1992, ин бевосита ба меваҳои биҳишти Тоҷикистон тааллуқ дорад, ки бемамониат дар нуқтаҳои гуногуни савдои Федератсияи Россия фурўхта мешаванд);
- Таъсис ёфтани Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (славянӣ) (5 апрели соли 1996), ки дар самти илму маориф то ба имрўз натиҷаҳои назаррасро ноил гаштаанд;
- Низоми электронии соҳаи андоз, ки дар натиҷаи ҳамкории дуҷониба аз таҷрибаи андозбандии давлати Россия қабул гардида имрўзҳо татбиқи он дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида карда мешавад. Шаҳрвандон бо воситаи онлайн барномаҳо андозҳои умумҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро пардохт менамоянд.
- Ассамблеяи байнипарлумонии аъзоёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки байни Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналхалқии мониторинги инкишофи демократия ба имзо расид. (08 октябри соли 2020, дар он масъалаҳои қабул ва такмили қонунугузорӣ, экспертизаи он, гузаронидани конфернсияҳои илмиву амалӣ, симпозиумҳо ва семинарҳо оид ба самти қонунгузории ин ду кишвар);
Дигар созшномаҳои байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз мисоли ҳақиқии ин пешравиҳо мебошанд. Дар ин як ду рўйдодҳои таърихиро ба хотир меорем, ки соли 1992 дар ҳолати хунрезии бародаркуш, ҷанги шаҳрвандӣ, ки зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар кушта шуданд, тақрибан як миллион шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамсоя фирор карда номи гурезаро соҳиб шуданд, ҳамчунин соли 1998 дар натиҷаи ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) садҳо нафар кушта шуданд, дар ҳамин марҳилаҳои вазнин Ҳизби наҳзати ислом, “Гурўҳи 24” ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои зиддидавлатӣ дар куҷо буданд. Имрўз ин ҳизбу ҳаракатҳо тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва роҳҳои инкишофёбии Тоҷикистони азизамонро инкор намуда дар мафкураи шаҳрвандон иғво ва нобовариро ба ҳокимияти давлатии ҷумҳуриамон ҷой кардан мехоҳанд.
Агар камбудиро дарёфт кардан хоҳи он дар ҳама ҷо ҳаст, чи хеле ки дар урфият мегўянд «дар он ҷое, ки пешрави ҳаст, дар ҳамон ҷо камбудӣ ҳам мешавад». Барои чӣ ҳизби наҳзати ислом ободонии шаҳри Душанбе, куллан тағйир ёфтани инфраструктураи он, дастрас ва пешравии таъминоти нақлиёти ҷамъиятӣ барои сокинони шаҳр ва дигар тағйиротҳоро қайд намекунанд. Бо ҳамин замина қайд намудан мумкин аст, ки Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ қадамҳои нахустини худро дар арсаи байналҳалқӣ гузошта истодаат, ҳоло ў ҷавонӣ 32 сола аст ва ҳамаи фаъолияти сиёсиву кории ин ҷавонӣ барўманд дар ояндаи Тоҷикистон хеле назаррас хоҳад шуд.
Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., муаллими калони
кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ