Аз сиёсати муваффақонаи Тоҷикистон душманони миллат дар изтиробанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таърихи тўлонии ҳамкории дипломатӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ дошта, махсусан дар тўли соҳибистиқлолиятии ин ду мамлакат ба раванди тоза ва сифатан баланди ҳамкориҳо табдил ёфтааст. Дар густариши он ҳамкории бовусъат оғоз аз соли 1992 расман муносибатҳои дипломатӣ оғоз ёфтааст, ки дар он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад.

Президенти кишвар барои вусъат бахшидан ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоии ду кишвар бо мақсади дар сатҳи баланд бардоштани муносибат, риштаи дўстиву ҳамкории худро дар мақоми шоиста нигоҳ дошта онро пос медоранд.

Дар ҳар як мулоқоти дутарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия дар солҳои гуногун, шартномаҳои зиёди ҳамкориҳо ба тасвиб расидаанд, ки он чун ифодагари манфиатҳои ҳар ду ҷониб амалӣ мегардад. Инчунин бо ташаббуси раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ин амалҳо идома дода шуда истодаанд, ки баъзе нафарони моҷароҷў ва иғвоангезонро ба таҳлука оварда ноором сохта истодааст, сад афсўз. Зеро ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар замони муосир пеш аз ҳама дар ҷодаи амнияти ду кишвар сурат гирифта робитаҳои банйнипарлумонӣ, иқтисодии ҳамкории дуҷониба, ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати мамлакат ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр, муҳоҷирати меҳнатӣ, содагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «авфи муҳоҷиратӣ»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат масъалагузорӣ карда шуданд, ки барои пешраф ва амнияти ҳар ду кишвар ба ҳамдигар иртиботи қавӣ доштарад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар ҷодаи муҳоҷирати меҳнатӣ, иқтисодӣ ва савдо, фарҳанг, илм, техника ва ғайра низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Метавон зикр кард, ки ҳамкориҳо ба муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Россия дар заминаи баробарҳуқуқи тарафайн, эҳтироми забон, анъана ва фарҳанги ҳамдигар сурат мегирад, риоя мешаванд.

Ҳар як вохўриҳо новобаста аз ҷониби шахсияти ду давлат ҳатман ба натиҷаи мутақобилан судманд ва дилхоҳи тарафайн анҷом меёбанд. Ҳамин тавр, ҳар ду ҷониб марҳила ба марҳила дар самтҳои гуногун шартнома ва созишномаҳо ба имзо расонида, муносибатҳо миёни онҳо  то ба сатҳи шарики стратегӣ расонида шудааст, ки дигар ҷои тағйир додан надорад.

Тоҷикистон ва Россия шарикони боэътимоде ҳастанд, ки ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба дастаҷамъона дар таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош варзида, бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ мубориза мебаранд. Хислат ва таҷрибаи ду кишварҳо нишон медиҳад, ки ҳукумати ҳар ду ҷониб доир ба ҳама гуна масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла доир ба рўзномаи маҷлиси Созмони Миллали Муттаҳид, ИДМ, Созмони аҳдномаи амниятӣ дастаҷамъона ва Созмони ҳамкории Шанхай мавқеи наздик ва якхела доранд. Махсусан, масъалаи амнияти иттилоотӣ ва шаклҳои нави мубориза алайҳи кибертерроризм ва ҷараёнҳои дигари ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар дурнамои ҳамкориҳои ин ду кишвар ба назар мерасад.

Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамкории дуҷонибаи худро боз ҳам қавитар гардонида, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани масъалаҳои муосир ҳал гардида истодаанд, ки ягон омил ба он таъсир нахоҳад кард.

Кабирзода Г.Қ. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ

You might also like