Кабирӣ худ хиёнаткор аст, на каси дигар
Аз ҳамон қадами аввал, аз ҳамон соатҳои нахустини омадан ба сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш ба харҷ доданд, ки Тоҷикистонро аз Шарқи куҳанбунёд ба давлати ҳамеша обод табдил диҳанд. Ба Ватан сулҳ оварданд, тоҷиконро сарҷамъ намуданд ин маънои онро надорад, ки ин хизмати арзанда хиёнат бошад. Касе, ки дар бораи хиёнат сухан кард худ хиёнаткор аст. Дар муддати тақрибан 28 сол Пешвои миллати маҳбуби мо Тоҷикистонро ба давлати ҳамешабаҳор мубаддал гардонида сатҳу сифати соҳаҳои иҷтимоиро беҳтар гардониданд, магар ин хиёнат аст? Имрӯз баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мо ба гузашта эҳё бахшидем, яъне ба таърих ба дину оини аҷдодӣ, ба маданият ва ба фарҳанг.
Дастовардҳои Пешвои маҳбуби мо имрӯз риштаи хешу таборӣ ва дӯстии ду халқи ба ҳам наздикро яъне Ӯзбекистону Тоҷикистонро ба ҳам бубаст, ки дидори пайвондон рафту омади хоҳару бародарро наздик сохт, ки халқ ҳамеша миннатдор аст. Риштаи дӯстии ду шахси маъруфи кишварҳо яъне Абдураҳмони Ҷомиву Алишер Навоӣ собити гуфтаҳои болост, ки магар ин хиёнат аст?
Як сафари соли 1996 моро шоҳиди он месозад, ки баста шудани созишномаи сулҳу дӯстӣ, ки моро дубора ба зиндагӣ меҳр пайдо намуд, ва фирориёнро ба Ватан боз гардонидан ин кори осон нест.
Аз гапи пучи дурӯғин даст кашед муҳтарам роҳбарият ва аъзоёни фирории ТЭТ ҲНИ ва хиёнаткорони Ватан. Имрӯз мо бо сарвари худ ифтихор мекунем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба шарафи ҳафтумин солгарди истиқлолият иброз дошта буданд, ки ҳатто дар марҳилаҳои барои Тоҷикистон ҳассос ва душвор, дар баробари ҳалли масъалаҳои таҳкими сулҳу салоҳ, осоиштагию амнияти мардум Ҳукумати Тоҷикистон фурсате пайдо кард, ки тоҷикони аз ватани аҷдоди дурафтодаро ҷӯё шавад ва бо онҳо робита барқарор намояд.
Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гирҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.
Боқӣ ягон рафтори Президенти кишварамро хиёнат намеҳисобам. Балки фаъолияти кунунии ТЭТ ҲНИ маҳз хиёнаткоронааст.
Истиқлолият ба мо пеш аз ҳама сулҳ дод, пару боли озод дод, хонаи ободу рӯзгори шод дод. Истиқлолият ба мо солимӣ дод, оилаи солиму ҷомеаи солим ва парвози умедро ҳадя намуд, ки дар ин озодӣ ва якдигарфаҳмӣ фарзандони мо умр ба сар мебаранд. Хушбахтии ҳар як мардум пеш аз ҳама дар тинҷиву осудагии давлати ӯ ва хушбахтии сарвари ӯ ҳисобида мешавад зоҳир мегардад
Пӯлотова М.А. – сармуаллимаи
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ