Падидаи номатлуб!

Дар охири асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати мустақил ба арсаи ҷаҳони қадамҳои худро гузашт. Вале, ин хурсанди мардуми кишвар дур нарафт, чунки бо шарофати “дӯстони мардуми тоҷик” аз рӯи нодонӣ ва беаҳамиятии халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид.

Дар ин давраи душвори сиёсӣ, давомоти ҷанги бародаркушӣ, бесарусомонии мардум истифода бурда, аз ҷониби шахсони бадкина ташкилот ва ё гурӯҳи одамон ғояҳои хатарнок ва ниятҳои ғаразонаи худро хостанд дар ҳудуди кишварамон ташкил кунанд. Номи сиёҳи онҳо террорист ҳисобида шуда, аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан метавонанд шумораи зиёди одамони бегуноҳро бераҳмона мекушанд, бехонаю ҷой ва бесаробон мемонанд. Албатта чунин амали номатлуб дар байни мардуми кишвар таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва ба муқобили онҳо баромадан метарсанд.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад.

Мақсади асосӣ гуруҳҳои террористӣ барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсии муайян ба ҳисоб меравад. Инчунин, барои ба ҳадафҳои худ расидан онҳо куштор, таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани хонаҳои истиқоматии мардуми бегуноҳ, манзилгоҳҳои онҳо ва иморатҳои зарурии кишвар даст мезананд. Рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан касби асосии ташкилотҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба ҳисоб рафта, агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо ё ин ки, ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгононро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин ҳадафи номатлуб дар он аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад. Инчунин, террористони тағйир додани сохти давлатдорӣ фаъолият мебаранд ба воситаи таҳдиди куштан ва несту нобуд кардан аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб мекунанд, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба тағйир гузоранд. Ба ҳамин монанд дар солҳои 90-ум  ба чашм мерасид. Аз ҷумла полковиники фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев аз давлат истеъфои Маҳмадсаид Убайдуллоев ва чандин тан аз роҳбарони сохторҳои низомиро талаб карда буд. Дар сурати иҷро нагардидани ин амал ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Дар навбати худ таъкид ҷоиз аст, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар ҳудудашон ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд, инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ, чун қувваҳои озодихоҳӣ ба даст овардани мустақилият эътироф мешаванд ва ҳатто ин ё он давлат онҳоро эътироф мекунад. Дар асл бошад онҳо дар ҳудуди давлати ҷойгиршудаашон истода, бо роҳҳои истифодабарии амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсир мерасонанд.

Қайд кардан зарур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбарҳои баланд ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

Аз гуфтаҳои болои маълум мегардад, ки террористон кушандаи мардуми бегуноҳ, ҳам пиру ҷавон ва беморону маҷруҳон ҳисобида мешаванд. Несту нобуд кардани ин падидаи хатарзои ҷомеа масъулияти ҳар якми мост. Мо мардуми тоҷик бояд аз як гиребон сар бароварда бояд, бо онҳо муборизаи дастҷамъона барем.

Ҳайитбоева Н.А. – н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисодиёти

корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ

You might also like