Ба хиёнаткор Кабирӣ ду бор бовар кардан ахмақист
Роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷӣ кишвар боз як ташкилоте бо номи Паймони миллии Тоҷикистон таъсис додааст. Чи хеле, ки худи Кабирӣ дар суханронии худ изҳор кардааст «…худро бозсозӣ кунем ва дар ин шароити ҷадид ҷои худро пайдо кунем, ки чӣ гуна дар он метавонем фаъолият кунем ва барои ояндаи кишвар чӣ барнома дорем», «…ки мо кӣ ҳастем, дар чӣ шароитем, рақиби мо, тарафҳои дигар дар кадом ҳолат ҳастанд ва дар ин шароити ҷадид чӣ гуна мубориза бояд бурд».
Мо гумон мекунем, ки бо дигар кардани номи ташкилот ягон навгоние пайдо нахоҳад шуд, чунки мақсади ин ташкилот ҳамон мақсади (аробаи) кўҳна аст – ноором сохтани кишвар, ба даст овардани молу мулк ва мансабу вазифаҳо, хиёнаткорӣ, душмантарошиҳои роҳбарону намояндагони ташкилоти терористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошаду халос.
ТЭТ ҲНИ баъд аз солҳои мудҳиши 1992-1997 барои барқарор намудани хоҷагии халқӣ Тоҷикистон, бунёд кардани заводу фабрика, муассисаҳои таълимӣ бо кор таъмин намудани аҳолӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, фарҳанг ва дигар соҳаҳо, беҳтар намудани сатҳи зиндагии халқ дар мўҳлати зиёда аз 27 солӣ соҳибистиқлои ҷумҳуриямон ягон ҳиссаи ҷашмрас нагузошта аст ва намегузорад. Мо худ шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна сарварони ҳизби исломӣ ба монанди генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамлаи мусаллаҳона намуда кўшиши табаддулоти давлатӣ карданд. Нақшаҳои ҳизби сиёҳкор ошкор карда шуд ва Суди олии мамлакат ҳизби наҳзатро ташкилотӣ ифротӣ ва мамнуъ эълон кард.
Дар сўҳбати ру ба руи худ Кабирӣ таъкид намудааст, ки садҳо нафарро аз пули худаш ба донишгоҳҳои хориҷӣ ба хондан фиристодааст. Пурсида мешавад- аз кадом манба? Хотиррасон ҷоиз аст, ки қисме ҳамон фиристодагон баъд аз хатмӣ донишгоҳҳои хориҷӣ ифротӣ гардиданд ва ҳоло дар маҳбасҳо барои амалиётҳои зишташон зиндонӣ ҳастанд.
Кабирӣ инчунин суол намудааст, ки кадом ҳизб ё шахсиятҳои сиёси аз маблағҳои худ мактаб сохтааст? Ин суол бехабарӣ ё чашмпӯшии ўро аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки танҳо соли 2019 дар кишвар аз ҳисоби ҳама сарҷашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ, муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба маблағи умумии 543 млн. 753 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аз ин шумора сохтмони 82 бинои муассисаи таълимӣ барои 16 363 ҷойи нишаст бо маблағи 182 млн. 406 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар 15 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 1646 ҷойи нишаст бо маблағи умуми 7 млн. 490 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Аксари соҳибкорон аъзоёни фаъоли ҲХДТ мебошанд. Мисол: соҳибкор Абдулвоҳид Холов дар деҳаи худ деҳаи Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд намуд; соҳибкор Машрабов Нуршед бо маблағи 26 миллион сомонӣ мактаби миёнаи рақами 7 дар ноҳияи Рўдакӣ; соҳибкор Ғуломов Абдухалил ба маблағи 21 миллион сомонӣ мактаби таҳсилоти умумии рақами 35 дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рўдакӣ; Асадулло Ғуломов мактаби таҳсилоти умумии рақами 80 бо маблағи 24 миллион сомонӣ ва коллеҷи техналогӣ – фармосевтӣ Тоҷикистон бо маблағи 23 миллион сомонӣ дар ноҳияи Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд; гурўҳи соҳибкорон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст кўдакистони хусусии «Нурафшон»-ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд, дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Ҳол он ки наҳзатиён лоф мезананд, ки дар ноҳияи Қумсангир соли 2013 як мактаб сохтанд, аз ин рў рақамҳои оварда шуда муқоисанашаванда мебошанд.
Хулоса аз созмон додани Паймони миллии Тоҷикистон ва барномаи онҳо ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ беҳбуди умед надорем чунки онҳо аллакайҳо аз боварии халқ маҳрум гаштанд
Чи хеле ки журналисти шинохта Додоҷони Атовулло дар тавбаи худ (ё розрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷангӣ бародаркуш) навиштааст: “Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворӣ аст. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист…! “
Абдуллоев О. – н.и.и., дотсенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ