Хуб шуд, ки “Ахбор.ком”-и Салимпур аз фаъолият боз монд

Ҷомеаи башарӣ бо зиддиятҳои сиёсию иҷтимоӣ такомул меёбаду мутаасил пеш меравад ва мавқеи шахсиятҳои маъруф дар ин раванд хеле бузург ва таъсиррасон мебошад. Бо тафакуру нерӯи созанда шахсиятҳои ватандӯсту инсонпарвар бо ҷидду ҷаҳд тавассути заҳматҳои гуногун ба пешравии ҷомеа мусоидат менамояду барои он ишғоли вазифаю мансабҳои баланд шарт нест. Дар ин радиф мебояд кайд кард, ки дар ҷомеа нафарони сершуморе низ зиндагонӣ доранд, ки аз дастовардҳои ҷомеаи башарӣ – демократия, озодандешӣ, ҷузъҳои инқилоби илмӣ – техникӣ ва ғайра бархурдор бошанд ҳам, барои ҷомеа саҳме нагузоштаанд. Ин тоифаи шахсон танҳо барои пешбурди рӯзгори хеш ба қадри ҳол кӯшиш менамояду дар ҷомеа мавқеи муайян надоранд ва ҳатто дар ҷодаи манфиати ҷомеа ғайрат ҳам намекунанд. Чунин бефарқӣ ва бетарафии қисме аз шаҳрвандон хеле ташвишовар ва боиси таасуф аст. Зеро, ҷомеа барои онҳо фазои орому осуда ва амниятро фаъолиятро муҳайё намудаасту онон ин мусбиятҳоро истифода мебаранду лек афсӯс, ки худ заррае ба ҷомеа хизмат намекунанд.

Нафаре, ки миллату давлати худро дуст медорад вай ҳеҷ гоҳ зидди ҳокимияти худ, зидди халқи худ хиёнату дасисабозиҳоро ҷой намекунанд. Пайваста сиёсати хирадмандонаи Сарвари далатро сармашқи кори худ қарор додаву “Ҳушёри ва зираки сиёси”-ро аз даст намедиҳанд ва бар зидди фиребгўёони кишвар пайвата мубориза мебаранд.

Дар тамоми давраҳои таърихи тамаддуни ҷаҳон иттилооти саҳеҳ, пурра ва эътимоднок ҳамеша қадр карда мешуд ва «моли» қиматбаҳо ба ҳисоб мерафт.

Дар баробари ин, инсон доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иттилооти интиқолшаванда сари вақт, бе таҳриф, мувофиқи муқаррарот ба макон ва соҳиби аслиаш рафта расад. Ҳалли ин масъала, ки ба масъалаи ҳифзи иттилоот ё амнияти иттилоотӣ дохил мешавад, ҳамеша яке аз масъалаҳои рӯзмарра буд ва боқӣ мемонад.

Маҷмӯи омилҳоеро, ки барои фаъолияти муътадили муҳити иттилоотӣ хавфноканд, таҳдиди иттилоотӣ мегӯянд. Натиҷаҳои мушаххаси таъсири ин таҳдидҳо — гумшавии иттилоот, тағйирёбии миқдор ва мазмуни иттилоот, дастрасии иттилоот ба шахсони номақбул ва ғайра шуда метавонанд. Таъсири ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқӣ ба муҳити иттилоотӣ метавонад ба манфиатҳои шахси алоҳида ва ҷамъият зарари ҷиддӣ оварад. Аз ин рӯ, амнияти муҳити иттилоотӣ ва тоза нигоҳ доштани он аз таҳдидҳои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи иттилоотонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва инсон аст. Тадбирҳои қонунгузорӣ барои иҷрои қонунҳо, қарорҳо ва дастурҳои давлатию ҳукуматӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва масъул гузаронида мешаванд. Онҳо аз нигоҳи қонун барои ихроҷи маълумот, ҳифз ё тағйирдиҳии иттилооти ба онҳо боваркардашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашида мешаванд.

Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда чолишҳои пайиҳам ва таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш ба ташвиш овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, ҷанги иттилоотӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле  амиқ мегузоранд. Ҳатто  расонаҳои иттилоърасон ба майдони  мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Чун дигар кишварҳо имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон низ фаъолияти расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ва хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ матбуоти кишвари мо имрӯз дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад.

Чи тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар  таҷлили 100-солагии матбуоти тоҷик зикр намуда буданд: «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд».

Имруз ҳар сокини мамлакат шукронаи соҳибистиқлоли ва шукронаи ваҳдату якдили давлатро дорандду аз ин фаровонию пешрафти давлати азизи худ мекунанд ва ин қувваи бузург имконият медиҳад, ки бар зидди ҳар фарди бадхоҳи миллат дастаҷамона мубориза намояд. Имрузҳо шаҳрвандони кишвар сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд. Аз фаъолият бозмондани сомонаи “Ахбор.ком” бар манфиати ҷомеааст. Сомонаи мазкур маводҳои иғвоангезро ҷой дода, мардумро фиреб медиҳад. Зеро рӯзҳое, ки миллати тоҷик дар ҷанги шаҳрвандӣ дидааст дигарбора намегузорад такрор ёбаду наслҳои ояндаи онҳо дар руҳшияи шикаста зиндагӣ намоянд.

Абдувоҳидов М. – ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like