Сафсатаҳои навбатии Аздо ТВ-и наҳзат
Баъзе андешаҳо вобаста ба маводи “Аздо ТВ” “Чаро Тоҷикистон тавсияҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва созмонҳои ҳуқуқи башарро иҷро намекунад?”
Дар мавод “АЗДО ТВ”, аз ҷумла, омадааст: “Иттиҳоди Аврупо баъд аз ҷаласаи солона бо вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ, ки 17-уми ноябр бо роҳбарии намояндааш Жосеф Борред баргузор гардид, ИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 134 млн евро барои кӯмак дар буҳрони ҳамагирии коронавирус ҷудо кард. Ин ҷаласаи солона, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардидааст, ба “аҳамияти таъмини рушд” дар бахшҳои “ҳокимияти қонун, мудирияти демократӣ ва ҳамчунин ҳуқуқи инсон” бо шумули ҳуқуқҳои бунёдӣ дар бахши кор ва баробарии ҷинсӣ таъкид намуданд. Дар ҳоле ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби ИА кумак ҷудо мешавад, ки гӯё Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки кумакро ба кишварҳои ОМ ба ивази иҷро намудани ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар пешниҳод кунад.
Дар изҳороте, ки Human Rights Watch дар робита ба Тоҷикистон пахш кард, гӯё аз пинҳон доштани вуҷуди коронавирус то поёни апрел дар кишвар, дар бораи талошҳои фишор ба кормандони тиббие, ки аз паёмадҳои нохуби вирус сӯҳбат карда буданд, дар бораи мавҷудияти 150 зиндонии сиёсӣ ва фишор ба наздикони аъзои мухолифони дар хориҷбуда гуфта шудааст.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ ба ҷуз Human Rights Watch Тоҷикистон ҳамсола мавриди интиқоди ниҳодҳое чун Amnesty international (Афви Байналмилал), Freedom House (Хонаи озодӣ), Комиссари Олии ҳуқуқи башари СММ, САҲА ва ҳамчунин ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ барои нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар, қарор мегирад. Вале тавре мухолифон мегӯянд, танқидҳо хеле маҳдуданд ва умдатан аз сӯйи мақомот нодида гирифта мешаванд.”
Ҳангоми шинос шудан бо ин маводҳо мақоли халқии “панири муфт дар мушқаппақ аст” ба хотир мерасад, чунки Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ягон давру замон нисбати Осиёи Марказӣ (ОМ) ва бахусус давлатҳои тозаистиқлоли муосир муносибати хайрхоҳона надоштанд ва минбаъд низ аз онҳо, ба ақидаи мо, ягон хубӣ интизор шудан иштибоҳ мебошад.
Таърихи сиёсӣ исбот намудааст, ки ин давлатҳо, ба хусус Британияи Кабир (ду-се соли охир бо Брексиди хандаовари худ) нисбати мо (Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсоямон), хусумат дорад. Бо ҳамраҳии ИМА, дигар давлатҳои аъзои НАТО бедодгариҳое, ки онҳо дар Афғонистон карда истодаанд, ба ягон меъёри пазируфташудаи байналмилалӣ мувофиқат намекунад.
Агар ки ИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 134 млн евро барои кӯмак дар буҳрони ҳамагирии коронавирус ҷудо карда бошанд ҳам, чи тавре дар боло гуфтем, беғараз нест. Дуюм, дар мавод ду масъалаи ба ҳамдигар алоқа надошта, яъне коронорвирус ва озод кардани гўё зиндониёни сиёсӣ якҷоя карда шудааст, ки онҳо мантиқан ҳамдигарро рад мекунанд. Ҳар як нафаре ки зиндонӣ шудаанд бо ҳукми суд ба он ҷой интиқол ёфтаанд. Аз бадбахтии умумибашарӣ (короновирус ва оқибатҳои он) истифода бурда, озод намудани нафароне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд масъалагузорӣ кардан иғвои маҳз аст. Дар давлатҳои аъзои ИА, ки худро демократӣ вонамуд мекунанд, ба ақидаи мо, ягон нишонаи демократия нест. Ба ин мисол шуда метавонад бетартибиҳо дар заминаи бадбинии нажодӣ, миллӣ ва динӣ дар Германия (2018-нимсолаи якуми соли 2020), дар солҳои ишора шуда дар Италия, Англия ва монанди инҳо. ИА бар давлатҳои ОМ, бахусус Тоҷикистон намуна шуда наметавонанд, пеш аз ҳама дар доираи ахлоқу одоби оиладорӣ.
Бўҳрони маънавие (никоҳҳои бадбахтона якҷинса бо ҳуқуқи ба фарзандхонӣ қабул намудани кўдакон, эвтаназия ва ғ.), ки ИА-ро фаро гирифтааст, аз ба фисқу фасод ғўта задани ин ҷомеаи бо ном “пешрафта” дарак медиҳад. Ба ақидаи мо Тоҷикистон ба Дидбони ҳуқуқи башари ИА эҳтиёҷ надорад ва ин дидбонҳо бигузор сафсатаҳои худро ба мардуми худ ироъа намоянд, яъне Иттиҳоди Аврупо аввал мушкилот ва проблемаҳои баробарҳуқуқии марду занро дар ҳудуди давлатҳои худ ҳал намуда, баъд бинии ифлоси худро ба ҳудуди дигар давлатҳо тиқонанд. Дар мавод омадааст, ки дар ин рӯйхати пешниҳодгашта номи раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов зикр шуда буд. Вале таҳримҳо дар баробари мансабдорон ҷорӣ нашуданд.” Боке нест, ин хел таҳримҳо ва манъкуниҳо барои ҷомеаи мо ва раиси КДАМ-и Тоҷикистон, ба ақидаи мо, ягон мушкилоте эҷод карда наметавонанд.
ИМА давлатҳое, ки ҷазои қатлро ҷорӣ кардаанд “давлатҳои асримиёнагӣ, давлатҳои ваҳшӣ” меноманд. Ин дар ҳоле ки дар аксарияти штатҳои Амрико маҳкумшудагон ба ҷазо ҷиноятӣ дар намуди қатлро бо истифода аз қувваи барқ (дар курсии бо барқ таҷҳизонида шуда) иҷро мекунанд. Тоҷикистон аз 2004 сол иҷрои ҷазои қатлро боз дошт, дар ИМА ҷазоро ваҳшиёна иҷро мекунанд ҳангоми муқоиса ба саволи дар куҷо ҳуқуқи инсон риоя мешавад, ҳар нафар худаш ҷавоб диҳад.
Ҷавоби муаллифи сатрҳои мазкур чунин аст: Дузд (ИМА ва пайравони ў, аз ҷумла ИА) ба (нафароне) давлатҳое, ки дузд нестанд ҷор зада истодаанд, ки дуздро доред!
Дигар мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин гуна иғвоҳо, сафсатаҳо бовар накарда дар самти нигаҳдории сулҳ, созандагӣ, фазои орому ҳамдигарфаҳмӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш ба сўи тақвияти ҷомеаи шаҳрвандии дунявӣ!
Пўлотов К.И. – сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ