Салимпур: бо дасти худу дастури хоҷагон
Аз қатъ намудани фаъолияти сомонаи иғвогарӣ “Ахбор.ком” хабар меояд. Мирзои Салимпур, ки дар миёни ҷомеаи журналистии тоҷик ба унвони фурӯхташудатарин намояндаи ин соҳа эътироф шудааст, бо нашри “изҳороте” гуфт, фаъолияти сомонаашро қатъ мекунад. Вале бояд қайд кард, ки ин маънои даст кашидан аз мақсадҳои ғаразноки ин афродро надорад. Албатта дере нагузашта, хоҳед дид, ки Мирзои Салимпур бо чеҳраи дигар ба майдони иттилоотӣ баромада ба хоҷагони хориҷии худ хизматашро даво медиҳад.
Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ашхоси пуркинаву иғвоангез, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ватандӯсту ватанпарвар вонамуд кардан мехоҳанд, нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд. Яке аз чунин шахсон созмондиҳандаи сомонаи интернетии «Ахбор.ком» Мирзои Салимпур аст. Ин гуна инсонҳо дар ҳар давру замон буданд, ҳастанд ва мутаассифона, хоҳанд буд. Ҳадафи асосии Мирзои Салимпур барин шахсон – танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст. Барои расидан ба ҳадафи худ вай мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ хоҳанд кард ва чун фидокор эътироф хоҳанд намуд.
Дуруст, ин “қатъи фаъолият” як тасмими маъмулист, ки аз муваффақ нашудани Салимпур ва сомонааш дарак медиҳад, ё ба қавли дигар, аслан хабари беарзишест, ки ҳеч намеарзад, биншиниву вақту нерӯ сарф карда, ба таҳлил бигирӣ. Шояд воқеан, чунин мебуд, агар ин тасмим дар пасманзари муваффақона баргузор гардидани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон гирифта намешуд.
Тасодуф нест, ки маҳз баъди баргузории интихоботи муваффақ ва орому босуботи президентӣ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр, бошукуҳ ва мутантан баргузор гардидани маросими савгандёдкунӣ, ин лоиҳаи хориҷии таъсиргузорӣ ба интихобот аз анҷоми худ дарак дод.
Аммо он чӣ ки мушаххас аст, ин аст, ки лоиҳа муваффақ нашуд. Балки ин як нокомии амиқи неруҳои ифротӣ ва сарпарастони онҳост.
Гап сари он аст, ки ҳанӯз аз замони таъсисёбияш ин сомона ҳадафи худро ба тағйири режим дар Тоҷикистон равона сохта буд. Ин, ки дар ҳар гӯшаи сомона маводи иғвобарангези марбут ба интихобот ҷой мегирифтанд, ё номзадҳои “алтернативӣ” аз ҳисоби аъзову роҳбарияти неруҳои террористӣ (дар мисоли ТТЭ ҲНИ), гуруҳҳои ифротгаро (дар мисоли “Гуруҳи 24”), мухолифин (дар мисоли ҲСДТ) таблиғ мешуданд, аз ҷумлаи ҳамин талошҳои Салимпур ва лоиҳаи “Ахбор.ком” буданд.
Мирзои Салимпур борҳо эътироф кардааст, ки сарпарасти “Ахбор.ком” ҳеҷ кас нест. Баъзе таҳқиқоте ҳам нашр шуданд, ки дар куҷо, аз кӣ ва бо чӣ ҳадаф пул гирифтани ӯро фош карданд. Яъне, ин сомона ва муассисаш бо дасти худу дастури сарпарастон ба мардумситезӣ, ҳукуматбадбинӣ ва терроризмпарастӣ даъват менамуд ва аз ҳамин ҳисоб нон мехӯрд.
Ҳоло ӯ дар изҳороташ сабаби қатъи фаъолияташро ба Қарори Суди Олӣ марбут донистааст, ки гӯё “дар фаъолияти сомона мушкилоти зиёди ҳуқуқиро ба бор овард”. Аммо нагуфтааст, ки Суди Олӣ ин сомонаро маҳз барои он ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунад, мамнӯъ эълон кард.
Намедонам, манъи фаъолият барои ҳамкорӣ ва таблиғи терроризму экстремизмро боз чӣ гуна тафсир кардан мумкин аст, аммо ин яқин аст, ки ҳеч як ҷомеаи демократӣ ё ҳукумати мардумсолор иҷоза намедиҳад, ки хатаре дар шакли терроризми иттилоотӣ (дар мисоли “Ахбор.ком”) зуҳур кардаву реша давонад. Қарори Суди Олӣ аз ҳамин ҷост.
Латипов С.У. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ