Тўҳмати наҳзат андешаи хом аст

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории худ кўшиш ба харҷ дода буд. Истиқлолияти комили ба даст омадаро собиқ мухолифини тоҷик нодида гирифта, азҳоби сиёсии ҳамонвақта ба монанди: ТЭТ ҲНИ, Ҳизби демократ, “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” забон як намуда, мардумро гумроҳ намуда барои гирдиҳамоиҳои давомнок даъват намуда буданд.

Мардуми ба майдон омада, мақсади ҷамъ шудани майдони “Шаҳидон -”ро намефаҳмиданд ва аз сабаби он, ки ҳар рўз аз ҳисоби мухолифин дар майдн шикамашон сер буд ҳатто кай аз он ҷо ба хонаҳояшон рафтанро фаромўщ карда буданд. Роҳбарии гирдиҳамоии беномусонаро собиқ мухолифини мансабталаб ва ваҳшиёни ҳокимиятхоҳ ба ўҳда доштанд.

Ба ёд меорем мақолаи бемантиқона ва бедалелонаи шахсияти бенангу номусе, ки аз хориҷи кишвар истода, ба унвонии роҳбари маҳбуби миллати куҳанбунёди тоҷик, Пешвои муаззами миллат бўҳтону дасисаҳо мегўяд. Он кирдорҳои нобахшидание, ки ваҳшиёна қотилона ва он амалҳои ваҳшиёнае, ки нисбати миллати тоҷик  мухолифин худаш бо дас тони худ иҷро намуда, имрўз ба сари шахсони бегуноҳ мезананд.

Сенарияи ин кирдорҳои разилона ва хиёнаткоронаро худи мухолифини тоҷик навишта буданд. Ҳайфи шумобарин хоинон ва разилони миллат, ки ба ватану миллати худ хиёнат намуда, онро ба сари щахси бегуноҳ бор мекунед. Агар шумо хоинони миллати тоҷик хоҳед, ки хоин кисту кирдорҳои хоинонаро нисбати халқу миллати худ ки  раво дидааст филми мустанади “Хиёнат” далели ин гуфтаҳост.

Бо кўмаку дастгириҳои хоҷагони хориҷии худ шумо Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат рў ба рў сохтаед. Мардумро ба хоки кишвари бегона фирорӣ крдаед ва хазинаи давлатро ғорат кардаед, оташи ҷанги шаҳрвандиро даргирондаед, мардумро ваҳшиёна қир кардаед ва бигўед, ки дар сенарияи шумоён боз кадом амалҳои хоинонаатон амалӣ нагаштааст. Имрўз нисбати он Шахсе тўҳмат мекунед, ки ин Шахси бузурги миллати тоҷик сарсупурдаи миллат, миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат наҷотдиҳанда, барпокунандаи сулҳи тоҷикон мебошанд.

Шумо пеш аз он, ки кирдорҳои разилони худро ба сари шахсони бегуноҳ бор кунед, ки шумоён худатон баро миллати бо нангу номуси тоҷик  ҷӣ беҳбудӣ ё манфиат овардаед.

Агар даъвои мансаб дошта бошед, барои хизматҳои хирсонаатон давлату ҳукумат метавонад ба шумоён мансаб ё мукофоти бехтаринро пешниҳод намояд, зеро он корнамоиҳои разилонаи шумо бе мислу монанд буда, дар ягон гўшаи олам ҳеҷ кас нисбати миллати хеш ин хиёнати нобахшиданиро раво надидааст.

Мирзоев А.Н. – сармуаллими

кафедраи хадамоти  гумруки ДДҲБСТ

You might also like