Ба тафаккури бегонаи “Ислоҳ.нет” дода нашавем

Дар шароити муосир ба мардуми мамлакат барои зисти фароҳам ва гирифтани донишҳои динӣ ва дунявӣ аз тарафи ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бояд таъкид сохт, ки мардуми имрӯзаи ҷумҳуриамон ободу озод ҳастанд, диндории дини исломи шаффофу ҳақиқиро ягон кас ё ин ки ягон мақомот манъ накардааст.

Вале, дар байни ҷомеа душманони миллат вуҷуд доранд, ки тафаккури танг доранду, пайравони душманони кишварамон мераванд ва гуфтаҳои онҳоро чун шиори худ интихоб намуда ба муқобили давлатамон мебароянд ва кӯр-кӯрона талабҳои онҳоро иҷро месозанд, бо истифода аз соддагии мардум мехоҳанд мамлакати моро ноором созанд.

Шахсоне, ки ниятҳои нопоку ғаразнокиашонро ба монанди ҳаракатҳои созмонҳои динии “Ихвон”, “Наҳзат” “Ал-қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва дар қатори ин дигар созмонҳои сиёсии исломӣ дар шароити имрӯзӣ ташаккулгари асосии низомҳои ифротӣ-экстремистӣ бо ниқоби дини ислом мекунанд, яке аз корҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Онҳо бояд аз хотир бароранд, ки аъзои дини мубини ислом ҳеҷ вақт ба харобкориҳо, низоандозиҳо, бӯҳтонкориҳо даст намезанад. Зеро, амалҳое чун куштор, таркиш, харобкорӣ ва асир гирифтан амали мусулмон ба ҳисоб намеравад ва ба ҳеч як аз суннати дину равияҳои маъмулу амалкунандаи ҷаҳонӣ дуруст намеояд.

Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошанд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишварҳо, мардуми осудаи миллатҳо ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд, аз ҷумла, созмонҳои динии “Ихвон” ва “Наҳзат”, ҳадафи асосӣ, ва ғарази калидии наҳзати онҳо аз нав зинда кардани саҳеҳи дини исломӣ ва эҷоди ваҳдат миёни мусулмонон аст.

Таъкид ба маврид аст, ки дар асл идеологияи ҳаракати созмонҳои динии болозикр барқарории хилофати исломи ҳақиқӣ дар тамоми дунё аст. Зеро дар асл шахсоне, ки дини исломро пайравӣ мекунанд худ шахсони дониши кофии дар бораи ин динро дошта, ҳалиму хоксор, ростгуфтор ва услуби одоби ҳамида доранд. Инчунин онҳо танзимкунандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, доимо барои сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзоёни ҷомеа кӯшишу талошҳо бояд баранд. Ба андешаи мо онҳо шахсони батақвою сулҳҷӯ ба ҳисоб рафта бояд, аз паи кору амалҳои зишту низоангез набояд шаванд.

Ба аъзоёни созмонҳои дар боло зикргардидаи низоангез тинҷиву оромии кишварҳои ҷаҳонро чашми дидан надоранд чунин таъкид сохт, ки беҳуда вақти худро ба корҳои зишт сарф накарда, аз паи кору амалҳои созанда шаванд, дини ҳақиқии исломро зери по накарда барои наслҳои оянда бо иқдоми пок расонидан кушиш намоянд.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки дар ҳама давру замони давлатдории кишварамон, мардуми тоҷик зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буд, ҳаст ва мемонад.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани Ватани азизамон талош хоҳем кард ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз кунем ва ҳаргиз барои амали намудани маќсадҳои гаразноки созмонҳои ҳар хелаи ба муқобили сулҳу субот мебароянд роҳ надиҳем. Зеро ҳар яке мо ба амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби онҳо эмин нигоҳ медорем.

Ҳайитбоева Н.А. – дотсенти кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like