Кабирӣ: “Бо кадом роҳе набошад, бояд ҳокимиятро гирифт!”

Ҳодисаҳои рухдода дар Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Арманистону Озарбоҷон, Қирғизистон ва Украина то андозае  руҳияи гурўҳҳое, ки ҷонибдори бо роҳи ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимиятро доранд,  баланд бардоштааст. Ин қабил шахсон ҷонибдори онанд, ки бо кадом роҳе набошад, ҳатман ҳокимиятро  ғасб карда гирифтан даркор аст. Барои ин қабил шахсон манфиати давлату миллат, ҳаёти инсон, тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ мафҳумҳои ношинос мебошад. Зеро онҳо дар фикри манфиатҳои шахсӣ ва сарварони хориҷии худ мебошанд. Ва барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ғаразноки худ аз ҳама роҳу воситаҳои истифода менамоянд.  Бахусус он вақте, ки тири онҳо ба ҳадаф намерасад. Яъне дар рафти ғасби ҳокимият давлату ҳукумати қонунӣ ва инчунин мардум муқобилият нишон дода, нақшаҳои онҳоро амалишавӣ намемонад. Аз ҳамин лиҳоз онҳо ба камингоҳҳои худ, яъне назди хоҷагонашаон бармегарданд. Баъди чунин нокоми онҳо дигар чорае надоранд ба ҷуз сафед кардани худ ва сиёҳ намудани ҳукумати қонунӣ. Барои анҷом намудани ин амалҳои худ имрўз ин гурўҳҳо аз воситаҳои техникии замони муосир истифода карда истодаанд. Бахусус аз шабакаҳои иҷтимоии интернет истифода намуда, дар он ҷо маълумотҳои бардуруғро нисбати ҳукумати қонунӣ ба чоп мерасонанд. Бо ин амалҳои худ онҳо мехоҳанд, ки нуфузи ҳукумати қонунӣ ва аз он ҷумла сарвари давлатро паст кунанд.

Бояд қайд намуд, ки мутассифона чунин нафарони гумроҳгашта, ки аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми кишварамон ва дигар давлатҳое, ки чунин даҳшатро аз сар гузаронидаанд ва гузаронида истодаанд  ибрат шуда наметавонад. Аз он ҷумла ба қатори чунин нафарон Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро гуфтан мумкин аст. Онҳо ҳангоми навиштани суханҳои бардурўғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди рафтору кирдоҳои худ, кӯшиши ғасб намудани ҳокимият ва дигар амалҳои ношоистаашонро нодида гирифта худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Ҳол онки саркардагони ҳизби мамнуъгардидаи ҲНИ ва пайравони онҳо дар мисоли Кабирӣ дар ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва табаддулоти соли 2015 даст дошта, давлатро дар маротабаи якум қариб ба нестӣ оварда расонида буданд. Дар маротибаи дуюм бошад, ҳукумати кишвар ва шаҳрвандони он зиракии сиёсиро аз даст надода, сари вақт пеши роҳи ин табаддулоти навро гирифтанд.

Агар сари вақт сади роҳи ин табаддулот гирифта намешуд, дар Тоҷикистон ҷанги нави шаҳрвандӣ оғоз мешуд ва ин дафъа аз солҳои 90-уми асри гузашта ҳам даҳшатноктар мешуд. Бо вуҷуди ҳама ин амалҳо ин гурўҳҳои мақомотҳои дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъгардида аз хориҷи кишвар ҳамоно заҳри худро ба давлату миллат мехоҳанд чаконанд. Ҳол он, ки Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш хуб дарк мекунанд, ки имрўза мардуми тоҷик ва алалхусус ҷавононро гумроҳ карда наметавонанд. Лекин чи корам карда метавониста бошанд, зеро табиати онҳо мисли каждум ҳамин аст, ки неши худро бояд ба ягон кас зананд. Он рўз дер нест, ки онҳо неши заҳролуди  худро ба ҳамдигар зананд, зеро табиати онҳо ҳамин аст.

Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like