Таҳкими давлатдории навини тоҷик
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ аҳамияти муҳими вазифаҳои бунёдсози давлати тозабунёди Тоҷикистонро хуб эҳсос намуда, аз ҷумла таъкид намуда буд, ки «раванди таърих ба дўши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт».
Ин дар ҳоле буд, ки давлати ҷавони соҳибистиқлоли мо ба вартаи кашокашҳои қувваҳои сиёсии гуногун кашида шуда, ҳокимияти сиёсӣ, рукнҳои асосии давлатдорӣ, фаъолияти мақомотҳои давлатӣ дар ҳолати фалаҷёбӣ қарор доштанд. Ҷомеа аз ҳад зиёд сиёсикунонидашуда, кишварамон ба майдони муқовиматҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд. Эътимоди мардум ба мақомотҳои давлатӣ, чӣ марказӣ ва чӣ маҳаллӣ хеле суст гардида, ҳатто даъватҳои ҷудоиандозӣ аз лиҳози мансубияти минтақавӣ дида мешуданд.
Дар чунин ҳолат ба давлати ҷавону тозабунёди мо Пешвои хирадманд ва ҷасуре, ки тамоми мушкилотҳои ҷомеаи онвақтаро дарку эҳсос намуда, халқи худро бо роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагӣ роҳбаладӣ намояд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали интихоб шуданашон аввал ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшиши худро ба он равона намуданд, ки дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, сулҳу салоҳ барқарор гардад.
Дар бораи хизматҳои таърихии ин шахс дар ин ҷода ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки бузургтарини онҳо бешубҳа ҳиссаи азими шахсии ў дар қатъ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу салоҳ дар кишварамон мебошад. Маҳз ин хизматҳояш ўро дар қатори шахсиятҳои барҷастаи таърихии халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ ва Б.Ғафуров мегузоранд, ки дар асрҳои гуногун нашъунамои давлатдории миллии тоҷиконро ба авҷи аъло расонида, ё худ тоҷиконро дар берун аз кишварамон, дар назди аҳли олам ҳамчун миллати қадимтарини бофарҳанг, сулҳхоҳу созанда ва бунёдкор шиносонида буданд.
Боз як нуқтаи муҳим – ба овоздиҳии умумихалқӣ гузоштани лоиҳаи Конститусияи ҷумҳурии президентӣ дар соли 1994 мебошад, ки дар он шакли идоракунии президентӣ пешбинӣ гардида буд. Чӣ тавре, ки мегўянд вақт довари одил аст ва он нишон дод, ки халқи Тоҷикистон дар соли 1994 шакли идоракунии президентиро интихоб намуда, хато накардааст.
Қабл аз дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Конститусияи соли 1999 санаи 22 маи соли ҷорӣ дар расонаҳои ахбори электронӣ, рўзномаҳои бурунмарзӣ ақидаҳо оид ба нодуруст будани бардавомии роҳбарии шахсони алоҳида дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон ба табъ расиданд. Инҷо бояд қайд намоем, ки гап дар сари он нест, ки кадом роҳбар чанд сол давлаташро роҳбарӣ кардааст, балки муҳим он аст, ки вай барои миллату давлати худ чи гуна хизматҳо кардааст. Дар бораи хизматҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди давлату халқи Тоҷикистон ҳамагон огоҳ ҳастем.
Боз як нуқтаро вобаста ба ин аз дар яке аз паёмҳои худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам махсус қайд намоям. Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки «ҷаҳони имрўза хеле мураккаб ва пурошўб аст. Кўшишҳои кишварҳои абарқудрат оид ба азнавтақсимкунии ҷаҳон идома дорад. Даргириҳои Шарқи наздик, воқеаҳои дар Афғонистони бо мо ҳамсоя рўйдодаистода, амалҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ» сулҳу осоиши минтақаро халадор карда истодаанд, аз ҷумла, суханҳои бардуруғу иғвогаронаи хоини миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин – масъули “Ислоҳ.нет”.
Дар чунин вазъияти мураккабтарин давлату миллатро сарварӣ кардани Пешвои озмудашуда, ки қаблан онро аз фаноёбӣ наҷот дода буд, на танҳо ба мақсад мувофиқ, балки зарурияти таърихӣ низ мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд на танҳо бо дастовардҳои конститутсионии худ фахр намуда, онро муҳофизат карда низ тавонем. Омили муҳими ин муҳофизаткунӣ бошад таъмини тамомияти ҳудудӣ, ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат – Абармарди саҳнаи сиёсат, дастгириву иштирок дар иқдомҳои созандаи ў, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад.
Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ