Наҳзати ихвонӣ

«Ихвон-ул-муслимин» яке аз равияҳои куҳантарини исломи сиёсӣ, ки ҳаракати панисломии ихвон –ул-муслимин ё ҷомеаи бародарони исломӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ниҳоии «Ихвон-ул-муслимин» ташкили хилофати исломӣ мебошад ва чунин  ҳадафи ҳадафҳои нопоки дорад:

– якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад.

– дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон.

Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни созмонҳо ва ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ аз ҷумла ваҳобия, алқоида, салафия, ҳизби таҳрир, ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Бар хилофи дигар равияҳои исломи сиёсӣ ихвониҳо барои расидан ба ҳадафи ниҳоии худ, ки ташкили хилофати исломии фаромиллӣ ва умумиҷаҳонӣ аст, аз усулҳои хоси худ махсусан аз усули қадам ба қадам истифода мебарад.

Принсипҳои асосии усули қадам ба қадам инҳоянд: ташкил кардани ниҳодҳо ва ячейкаҳои алтернативии худ дар кишварҳое, ки фаъол ҳастанд. Тарғиби илмҳои технологӣ аз он ҷумла калому ирфон ва шахсиятҳои таърихии ин илмҳо. Ташкили ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ва демогогияи «Ихвон-ул-муслимин». Исломисозии ҷомеа ва давлат «аз боло». Қатли шахсиятҳое, ки муқобили ин ҷараён ҳастанд.

Ихвониҳо дар муддати замони мавҷудияти худ дар кишварҳои гуногун ниҳодҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дар кишварҳои исломӣ мактабҳо, донишгоҳҳо, дармонгоҳҳо, фондҳои хайрия барои камбизоатон ва донишҷўён, бонкҳои исломӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ ва марказҳои туристӣ ташкил медиҳанд ва ба ин восита онҳо созмонҳои миссионерӣ – мазҳабӣ, хайривӣ ва молдиявии исломӣ ташкил дода дар зери назорати худ медароваранд. Ҳамин аст, ки ихвон-ул-муслимин ба шабакаи байналмилалӣ табдил ёфта, даромадҳои худро аз ҳисоби аъзоҳаққӣ аз ҳисоби хайрияҳо ва аз ҳисоби дастгирии аъзоён ва тарафгиронаш, ки дар кишварҳои натфхези халиҷи форс мустақаранд, ба роҳ монда мешавад. Ихвон-ул-муслимин дар сар то сари ҷаҳон садҳо гурўҳҳои худро бо номҳои гуногун таъсис додаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои онҳо фаъолият менамоянд. Қудратҳои ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва барои таҳти нуфуз нигоҳ доштани минтақаҳои муайяни мусалмоннишини ҷаҳон аз исломи сиёсӣ ва махсусан аз ихвон-ул-муслимин ва шабакаҳои ба он тобеъ дар ҳолатҳои зарурӣ истифода менамоянд ва онҳоро таъмини молиявӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ менамоянд.

Ҳамин тавр, ихвониён дар фаъолияти худ ба бисёр амалҳои террористӣ даст задаанд ва барои ҳамин ҳам дар баъзе кишварҳои араб онҳоро «ихвон-уш-шаётин» – бародарони шайтон ҳам номидаанд.

Воқеан, пайравони созмони номбурда, ғояҳои онҳо барои амнияти давлатҳо хатарнок буда, бесабаб онро дар аксар кишварҳо террористӣ эълон карда, фаъолияташро манъ накардаанд.

Қаюмов Ф. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти

 корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ

You might also like