Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №156) санаи 11 декабри соли 2020 Форуми ҷумҳуриявии иқтисодиро дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Барои иштирок дар кори форум коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Ҳадафи форум ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот, мубодилаи афкор ҷиҳати дарёфт ва пешниҳоди роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ буда, дар доираи он муҳокимаи мавзӯъҳои
меҳварии зерин пешбинӣ мегардад:
– Ҳолати муосир, муаммоҳо ва рушди устувори макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Рушди устувории иҷтимоии – иқтисодӣ дар шароити таҳдидҳои нав ва оқибатҳои COVID – 19
– Ҷабҳаҳои назариявӣ ва амалии таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон;
– Иқтисодиёти рақамӣ дар низоми баланд бардоштани рақобатпазирии хоҷагидории миллӣ ва рушди устувор;
– Ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди инноватсионӣ ва модернизатсияи иқтисодӣ;
– Ниҳодҳои молиявӣ ва қарзии рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Саноатикунонии босуръат – кафили гузариши иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти саноатӣ-инноватсионӣ;
– Рушди соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Соҳаҳои инфрасохторӣ: мавқеи онҳо дар баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Идоракунии самарабахши захираҳои меҳнатӣ ва ҷараёнҳои мигратсионӣ дар низоми таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
– Иқтисодиёти минтақаҳо: ҳолати умумӣ, муаммоҳо ва самтҳои рушд;
– Муносибатҳои берунаи иқтисодӣ, ҷараёнҳои интегратсионӣ ва таъсири ҷараёнҳои глобализатсионӣ ба иқтисодиёти миллӣ;
– Соҳибкорӣ дар низоми таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
– Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии рушди устувор ва таъмини рақобатпазирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Асосҳои ҳуқуқии рушди соҳибкорӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Таъсири вазъи сиёсии минтақа дар амалӣ гардидани стратегияҳои давлатӣ;
– Нақши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт.
Забони кори форум: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Маводи форум дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори форум мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ то санаи 20 ноябри соли 2020 ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
Матни мақола бояд бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр 1,5 мм бо истифодаи ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ – Times New Roman), кегл 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад.
Ҳаҷми мақола набояд аз 6 саҳифа (формати А4) зиёд бошад.
Мақола дорои навгонии илмӣ буда, набояд қаблан нашр шуда бошад.
Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо) -и мақола бо зикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шавад.
Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф кунад. Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар
барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).
Адабиёт ва нишондоди маъхазҳо мутобиқи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 тартиб дода шаванд.
Нишонии электронӣ барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё
мустақиман ба нашриёт (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1, утоқи 309).
Телефон барои иртибот: (83422) 2-31-63