Бовар кунед, наҳзат ягон сухани рост надорад
Ҷавоби дандоншикан ба “муаррихи бемантиқ”, ки мақолае бо номи “Раҳмонов дар чкалов соли 1994 сухане гуфт, ки ҳама занҳо толоро тарк карданд” дар сомонаи “Паём.нет” навиштааст.
Ҳикмате ҳаст: “Ҳар кас тавассути рафтору гуфтораш кӣ будани хешро муаррифӣ менамояд”. Нахуст пеш аз сарлавҳа гузоштан, барои аз сухани гуфташуда маънии ҳақиқиро дарёбед, то аз мантиқи сухан бохабар бошед. Зеро аз аввалин ҳарфҳо ба ҳарзагӯӣ ном баровардед.
Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои аввали истиқлолият, низоми давлатдориро гурӯҳбозҳо, баъзан, вайрон ҳам мекарданд, зеро давраи гузариш аз як сохт ба сохти дигар, дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа, мушкилиҳои ба худ хосе ба бор меовард ва вақт талаб мекард.
Дигар ин ки мардум ҳуқуқ доранд, барои зистан, аз дигар минтақа оянду муқимӣ бошанд, зеро дар ватани худ ҳастанд. Ҳар куҷо ки хоҳанд, кай хоҳанд мераванд, ё меоянд. Зери ин ҳарфҳоятон хислати маҳалбозиатон ошкор шуд.
Саввум, ба овардану паҳн карани нашъа ва афюну геройини онҳо ягон далели мӯътамад надоред. Ин ҷо дурӯғгӯиатон фош шуд.
Чорум вақти вохӯрӣ бо номзадҳо мардум-ҷамъомадагон ҳуқуқ доранд, ки саволҳои пештар омодакардаашонро аз варақ хонанд. Зеро саволҳое ҳастанд, ки ба якчанд масъалаҳо равона шудаанд. Акнун, бесаводиатон маълум шуд.
Дигар ин ки ҳар касе, ки зидди қонуни зист амал кардааст, дар назди Қонун ҷавоб медиҳад (новобаста аз он ки дар кадом мансаб буд). Кӣ то чӣ андоза гуноҳ дошт ва чанд сол ҳабс шуд, ба ҳамагон маълум аст. Инак, ҳарзагӯиатон оғоз шуд.
Дар саволу ҷавоб агар интихобшаванда саволҳои мардумро паси ҳам хонда, мувофиқашро интихоб намояд, ин “титу пит” кардан нест, зеро дар назди издиҳом бояд ба он саволҳое ҷавоб гӯед, ки бамаврид бошанд. Агар худатон ягон саволи “титу пит” дода бошед, мақоле ҳаст: ҷавоби аҳмақ сукут аст. Боз бесаводӣ…
Ҳар дафъа аз ҷанги шаҳрвандӣ ёдрас кардани Пешвои миллат ин ба нотавонбинҳо роҳ нишон додан аст. Дар он ҷумлае, ки дар он қубҳ ёфтаӣ, маънӣ тамоман дигар аст, аз ҷузъиёти ҷанги бераҳмонаву беномусонаи бародаркушӣ ёдрас кардан буд, ки ту барин “ҷангнодидаҳо” ба қадри вожаи сулҳ бирасед. Инак, бетамизат фош шуд.
Он занҳое, ки ҳамроҳи ту барин занмизоҷҳо аз толор баромаданд, аз файзи тинҷию амонӣ ва сулҳу саодати мардум то ба имрӯз ҳамроҳи оилаашон ҳаёти хуш доранд ва то ба имрӯз зиндаву озодона ҳаёт ба сар мебаранд. Ин ҷо ношукриат аён гардид.
Нафароне, ки дар тарафдории Пешвои миллат аз нахустин лаҳзаҳо ҳамроҳ буданд, ҳеҷ гоҳ аз толор нагурехтаанд, балки аксарияти онҳо то ба имрӯз фаъолият доранд. Акнун дурӯғгӯиат маълум шуд. (Агар ҷумла, бо ибораи “Бовар кунед” оғоз шавад, худ саршавии ҳарзагӯист.)
Имрӯз, баъди гузашти солҳои зиёд, муҳтарам Пешвои миллат Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шиносонданд ва дар ҳама соҳаҳо пешравиҳои назаррас дида мешавад, олам Тоҷикистону мардумашро шинохт, вале ту барин бетамизҳо каждумона (неши каждум аз муқтазои табиаташ) зист доред. Ҳайфи умр…
Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ