Паймони милӣ – лошахурони беҳтарин!

Ҷашни Меҳргон дар ҳақиқат ҳам яке аз ҷашнҳое мебошад, ки ба давлату миллати мо хос буда, дар кишварамон эҳё гардид. Дар иди Меҳргон одатан мардум бо як хусандиву хушнудӣ бо пӯхтани таомҳои миллӣ , бахусус оши палави тоҷикӣва ҳатто дар минтақаҳои гуногуни кишвар иди оши палавро ташкил менамоянд.м

Дар кишварҳои дигар бошад боз ҳам ҳамон мухолифини беватану беғурур мисли лошахӯрон ба ин хурсандии миллати тоҷик бо  чашми ҳасуд нигоҳ карда дониставу надониста дар сомонаҳои интернетӣ ҳар гуна бӯҳтонҳо менависанд, ки ин кирдори ноҷавонмардона нисбати роҳбарияти давлат ва миллати фарҳангсолори тоҷик аз тарафи онҳо мебошад.

Одатан дар иди оши палав мардум шодиву хурсандӣ намуда, ҳар гуна мусобиқаҳоро мегузаонанд, ки яке аз онҳо, ин “ошпази беҳтарин” ва “ошхӯри беҳтарин” мебошад.  Ин  шодиву фараҳи тоҷикона ба мухолифини бе хонаву дар ва ба кӯмаки хоҷагони хориҷиашон ниёздошта  писанд наомадааст. Худ қазоват кунед мухолифин ба маблағҳои  буҷаи кишвар гап мезананд ва мегӯянд, ки ин якчанд тонна ошҳо аз ҳисоби буҷа мебошад, вале ин андешаҳои разилонаи онҳо мебошад. Шумо хоинони миллат будедки кишвари азизамонро бо ҷанги беманӣ ва мансабталошонаи худ буҷаро ба яғмо бурда мардуро хонавайро ва ба кишвари бегона фирорӣ намуда будед. Магар дар ҷашни миллии тоҷикона пӯхтани оши палав ва хӯрдани он исрофкорӣ аст?.

Мухолифини бевиҷдон Шумо гӯед, ки  ба буҷаи кишварамон аз ҳисоби  шумоён чанд миқдор маблағ  ворид шудаасту шумоён нисбати маблағи  буҷа дилатон месӯхта бошад. Буҷа кишвар бо талошу дастгириҳои бевоситаи Роҳбарияти  олии кишвар ва заҳматҳои шабонарӯзии мардуми Тоҷикистон ғанӣ гардида истодааст.

Аз хотир фаромӯш насозед, ки ҳиссаи шумоён танҳо дасисаҳои навбатӣ ва бӯҳтонҳоятон мебошад.  Нисбати интихоботи гузашта, ки санаи 11-уми октябри соли равон, ки интихоби номзад ба мансаби Олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд мардуми шарифи Тоҷикистон  якдилона ба номзади арзандаи худ, яъне фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон  овоз доданд, ки ин шахси арзанда бо  гирифтани аксарияти овозҳо ба ин мансаби баланд интихоб гардиданд.

Интихоб намудани ин шахси арзанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардум Тоҷикистони азизро ба шахси арзанда бовар намуд. Мухолифини нохалаф таънаомезона иброз намудааст, ки Тоҷикистон кишвари маблағ надошта, ки ҳатто маоши муаллимону духтуронро дода наметавонад, магар маоши онҳоро шумоён беинсофони аҷнабӣ аз ҳисоби буҷаи хоҷагони хориҷиатон дода истодаед? Ман ҳам чун як тан омӯзгор хушбахтона ҳармоҳа музди маоши худро дар охири моҳ ба таври пурра мегирам. Ба ғайри мо омӯзгорон, пизишкон, духтурон, мураббиягон, донишҷӯёну хонандагон, кормандони соҳаи буҷетӣ ва ғайри буҷетӣ ҳам маош ва стипендияҳои худро саривақт мегиранд.

Магар дар ҷашни миллӣ хӯрдани оши палави идона баробар аст ба кирдорҳои хоинонаи шумо ҳаргиз не! Шумо беномусон Тоҷикистони азизро, ки беҳад зебову биҳиштосо шудааст бо чашмони нодидабинатон бинеду баъд  баҳо диҳед, вале дар хотир дошта бошед, ки ҳуқуқи баҳодиҳӣ надоред.

Банда ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқи кишвари маҳбуби ҳуқуқбунёди демократӣ гуфтаниам вакотеъона аз ҳизби ифротгаро талаб менамоям, ки дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ шаъну шарафи Роҳбари давлатро паст назананд, беадолатиҳоро нисбати давлату Ҳукуматм Тоҷкистон хотима бахшанд, зеро фикру андешаҳои ин нохалафонро мардуми бо нангу номуси  кишварамон ба эътибор намегиранд ва нахоҳанд гирифт.

Мирзоев А.Н. – сармуаллими

кафедраи хадамоти  гумруки ДДҲБСТ

You might also like