Ҷамъбасти мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни факултетҳои ДДҲБСТ
Пас аз ба анҷом расидани мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои сохтори раёсат ва факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ шурӯъ гардид. Давоми чор рӯз 6 даста аз 6 факултети донишгоҳ байни ҳам рақобат намуданд. Ниҳоят дар даври ниҳоӣ дастаҳои факултети ҳуқуқшиносиву бизнес ва идоракунӣ ба майдон баромаданд. Дар финал ҳар ду даста аз дақиқаҳои нахустин бо ҳуҷумҳои тарафайн бозиро мехостанд ба нафъи худ анҷом диҳанд. Тими факултети ҳуқуқшиносӣ бартарӣ нишон дода, дастаи факултети бизнес ва идоракуниро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод ва ғолиби мусобиқа дониста шуд.
Дар натиҷа дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи аввал тими факултети бизнес ва идоракунӣ мақоми дуввум ва дастаҳои факултети молияву баҳисобгирӣ ва андоз сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳои мазкур дар ДДҲБСТ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ифтихори 5500-солагии Саразм, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ташкилу баргузор гардида, ба хотири боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни кормандон ва устодону донишҷӯёни сохтору факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ гардид.
Ғолибони мусобиқаҳои мазкур дар вазъияти тантанавӣ бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







