Кибертерроризми Кабирӣ

Имрузхо симои аслии Мухиддин Кабири маълум ва мардуми кишвари Точикистон уро хамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии мухоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурушад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Имруз он дасисабозии хоинони миллат,  ки нисбати халки мо мекунанд хеч гох ба максади нопоки худ намерасанд. Бехуда бузургон нафармудаанд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи як хатари нав — кибертерроризм низ ибрози андеша намуданд. Ҳоло наҳзатиҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз кибертерроризм истифода мекунанд. Кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад.

Шабакаҳои кушоди иттилоотӣ имрўза – воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти аъзоёну роҳбарони Паймони миллӣ (ПМТ) ва дигар гурўҳҳои ҷиноӣ аст. Хусусиятҳои кибертерроризм ва афзудани шумораи одамони ба он шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони Паймони миллӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд.

Майли сокинони сайёра  ба гуруҳҳои ифротӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Пўшида нест, ки роҳбарону аъзоёни Паймони миллӣ, ҳоло ҳам талош мекунанд ҷавононро, ки табақаи нисбатан камтаҷрибаи ҷомеа мебошанд, ба ҷониби худ кашанд. Паймони миллӣ душмани миллати тоҷик аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рў ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан- модар худаш бояд таҳсилкарда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ўро аз хурдӣ дар рўҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадри тиниву оромӣ ва сулҳу субот бирасад. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария

 ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like