Ақли хароби Кабирӣ

Лоф мазан беҳуда, тарзи амал кун нигоҳ,

То яди байзо шавӣ дар ду ҷаҳон бегуноҳ.

Суханронии Муҳиддин Кабириро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА ба пуррагӣ хондам. Ӯ ки худро опозитсияи давлати Тоҷикистон меҳисобат, вале мутаассифона ягон сухани нав оид ба рушду нумӯи ояндаи Тоҷикистон гуфта натавонистааст, ғайр аз камбудиҳои давлати Тоҷикистон ва роҳбари онро гуфтан дигар андешаи нав надорад. Ӯ, ки худ ва пайравонашро оппозитсияи давлати Тоҷикистон эълон мекунад, мебоист бо як барномаи стратегии нав, ки метавонад тоҷикистонро дар арсаи байналмиллали муаррифӣ намояд баромад менамуд. Мутаассифона суханҳои ӯ ҳамоно обшуста ва ғаразноканд, ки аз ақли хароби ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Чунончӣ ӯ мегӯяд: “Тибқи гузориши «Экономист» соли 2012 мо ҷузъи 20-гонаи кишварҳои диктотурӣ будем, имсол дар ҷои 8-ум. Он сол дар рейтинги «Reporters Without Borders» оиди озодии матбуот мо ҷои 120-ум будем, имсол 161, яъне 40 зина поён рафтем. Он сол мо дар рейтинги Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) бо 6 хол ҷузъи бадҳо будем, имсол бо болотарин хол — 7 ҷузъи бадтаринҳо ҳастем”.

Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:

Назарро нағз кун то нағз бинӣ,

Гузар аз пӯст то мағз бинӣ.

Агар Муҳиддин Кабирӣ як марди бохирад ва дурандеш мебуд, камбудӣ ва пешравиҳои давлати Тоҷикистонро баробар дар тарозуи ақл гузошта месанҷид, онҳоро нишон медод ва барои пешравии Тоҷикистон кӯшиш мекард. Камбудиҳоро дидан осон аст, вале муваффақиятҳои рақибро дида эътироф кардан ҳунар.

Ӯ, ки худро як сиёсатмадор меҳисобад, вале аз гуфтаҳояш маълум мешавад, ки он қадар сиёсатмадори варзида ва шахси оқил нест. Шахси оқил ҳамеша дар фикри пешравии кишвараш аст. Дар баромади худ изҳор медорад, ки дигар давлатҳои Ғарб ба Тоҷикистон кӯмак накунанд. Чунончӣ: “Танҳо интизори мо миллатҳои қурбоншуда аз дасти диктатурҳо ин аст, ки ба ин тиранҳо Ғарб кӯмак накунад”. Аз ин суханҳои Кабирӣ бӯи бухлу ҳасад меояд.

Мирниёзов А.Қ. – сармуаллими

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like