Эътирофи хатокориҳо – нишони ҷавонмардист

Таҳлили охирини таҳлилгари сиёсӣ Абдулло Раҳнамо атрофи масъалаи Паймони миллии Тоҷикистон ва каҷрафтории ҳизби наҳзати исломӣ бори дигар собит намуд, ки мавҷудият ва фаъолияти ин гурӯҳи сиёсӣ аз ҳар ҷиҳат на танҳо ҷавобгӯ ба манфиати имрӯзаи давлату миллат нест, балки надоштани потенсиали кадрӣ, барномаи мушаххас ва шеваи корбарии хашин, бадномкунии ҳукумату давлат бар зарари шароити кунунии ҷомеа, суботу амният ва рушди ояндаи  Тоҷикистон мебошад.

Ҳодисаи кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ моҳи сентябри соли 2015, ки бо пуштибонии ҳизби наҳзати исломӣ ва аз ҷониби генерал Назарзода ба миён омада, бори дигар собит намуд, ки ин ҳизб муқобили қонун ва зидди манфиатҳои милии кишвар амал намуда, дар зарфи панҷ сол мунтазам ба сиёҳ кардани номи Тоҷикистон машғул гардид.

Ба имзо расидани созишномаи сулҳи тоҷикон ва додани иҷозаи фаъолияти қонуниву расмӣ ба ҳизби исломӣ гарчанде амали ҷавонмардонаву хайрхоҳонаи Пешвои миллатро собит менамояд, вале ҳизб дар ин фосила ба ҷои рӯ овардан ба ислоҳоти дарунӣ, тағйири стратегияву тактикаи фаъолият ҳамонон роҳи ғайриқонуниро пеш гирифта, ба воситаи генерал Назарзода А. кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд.

Ба андешаи А.Раҳнамо «агар ин ҳаракат мавқеи миллӣ ва роҳи созандагиро гирад, дар баробари ифротгароии тахрибгари халиҷӣ омили боздорандаи муфид хоҳад буд. Аммо афсус, ки он мавқеи миллӣ ва он масири созанда дар ниҳоят ҳосил нашуд». Савол ба миён меояд, ки чаро аз мавқеи миллӣ ва роҳи созандагиро нагирифта боз ҳам аз рӯи ҳадафҳои пешинаи худ амал намуданд. Сабабҳо шояд зиёд бошанд, аммо як омил ин буд, ки онҳо рӯи манфиатҳои милливу давлатӣ камтар андеша ва корбарӣ намуданд. Онҳо дар доираи чорчӯбаи афкори динӣ боқӣ монданд ва вориди масъалаҳои ҳаёти ҷомеа нашуданд. Ҳизбе ки манфиатҳои оммаро пуштбионӣ ва ҳимоя накунад, он гоҳ омили созанда ва муттаҳидкунандаи мардум буда наметавонад.

Роҳи нодурусте, ки бархе аз наҳзатиён баъди манъ шудани фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон пеша намуданд, ин бо роҳи шабакаҳои интернетӣ бадном намудани давлату ҳукумати Тоҷикистон буд. Махсусан дар як соли охир бо таъсис додани каналҳои интернетӣ танҳо ва танҳо ба дурӯғбофӣ, сиёҳкунӣ ва паст задани обрӯву эътибори ҳокимият ва давлати Тоҷикистон пардохтанд. Магар мешавад, ки танҳо бо роҳи дағаливу тундгӯӣ ва сиёҳкунии давлату ҳукумат диёрро ободу зебо намуд? Онҳо бо ин роҳ мехостанд эътибори ҳукуматро дар назди мардум коста намоянд. Вале, ҳамаи мо дида истодаем, ки сол аз сол Тоҷикистон ободу зеботар шуда истодааст. Дар ҳар сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ биноҳои наву замонавӣ ифтитоҳ меёбад.

Ба касе пӯшида нест кишвари мо, дар баробари дигар давлатҳои дунё аз камбудӣ холӣ нест. Ин андешаро борҳо Пешвои миллат баён доштаанд, ки мо мушкилоту муаммоҳо дорем, вале Ҳукумати кишвар талош намуда истодааст, то сол аз сол онҳо ҳалли худро пайдо намоянд. Дар муқоиса ба солҳои 90-уми асри гузашта ҷумҳурӣ бисёр ҳам ободу зебо гардид. Ин андешаи танҳо мардум нест, балки ин фикри ҳар хориҷие, ки қаблан аз ҷумҳурӣ дидан намудаанд, мебошад.

Ҳоло бадии кори наҳзатиён дар он аст, ки берун аз Тоҷикистон Паймони миллӣ таъсис дода, танҳо ва танҳо ба бадгӯӣ ва сиёҳ кардани номи давлату ҳукумат машғул мебошанд. Ба қавли таҳлилгари сиёсӣ А.Раҳнамо Паймони миллии Тоҷикистон «як ташкилоти сунъии бе заминаи иҷтимоӣ ва миқёсӣ миллӣ аст». Воқеан аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ба истиснои чанд нафар аз рӯзноманигорону таҳлилгарон аз Паймони миллӣ огоҳии дуруст надоранд ва онро ҳамчун ҳаракат эътироф намекунанд. Чун Паймони миллиро чанд нафар ашхосе, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, таъсис доданд ва ин ҳаракат ягон заминаи кадрӣ ва иҷтимоиро соҳиб нест.

Паймоне ки танҳо ба сиёҳу бадном кардани ҳукумату давлат машғул аст, чи гуна тарафдору ҷонибдор дошта метавонад. Аз ин лиҳоз гарчанде бархе аз ашхоси наҳзатиён кори зиёди ғайриқонунӣ анҷом доданд, вале ҳоло беҳтар аст, ки аз ин кор даст кашида, фикри ободии Тоҷикистонро намоянд. Зеро ба умеди хориҷиён шуда, сиёҳ кардани давлату ҳукумат оқибат пушаймонист. Пайравӣ аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар омили таҳкими суботу оромӣ, пешрафти Ватани азизамон ва  камтарин саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like