Наҳзати кайҳо несту нобуд гашта!
Дар ҷаҳони мутамаддин мунтазам ходисаву воқеахое рӯй дода истодаанд, ки боиси сарафкандагии мусалмонон ва кам нишон додани дини мубини Ислом дар назди чомеаи башарӣ мебошад. Хамзамон хар коре, ки чихати паст намудани сатхи маънавиёти чомеа ва барҳам задании субботу ороми анчом дода мешавад, аз тариқи сӯистифода аз бовариҳои динии мардум роҳандозӣ мегардад. Чунин аъмол аслан кори дасти гурӯҳҳоест, ки динро воситаи расидан ба сиёсат, василаи тафриқаангезии миёни мардум ва яроқи асоси бар зидди худи мусалмонхо кардаанд. Яке аз чунин гурӯҳҳое, ки даҳсолаҳо фазои идеологии Тоҷикистонро олуда сохта, кӯшиш дорад ваҳдати комилро аз миёни мардум бардорад.
Агар аз нуқтаи назари Абдулло Раҳмнамо таҳлил намоем дар Тоҷикистон воқеан заминаи бисёр хуби ҳуқуқи барои татбиқи асли озодии виҷдон ва озодиҳои дин мавҷуд аст. Баъзе шахсоне, ки маърифати баланд доранд онро аз рӯи адолат қабул менамоянд ва баъзе шахсоне ҳастанд, ки ба ҳар гуна ифротгарон бовар намуда Тоҷикистони азизамонро бадном мекунанд, ки яке аз онҳо М.Кабирӣ мебошад. Ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурушад. Чунин шахсиятхо хеч гох ба манфиати халку Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин чост, ки М.Кабирӣ ва хаммаслакони у, М.Хайит, Саидумар Хусайни ва дигарон, ки айни хол намаки махбусиро мечашанд, мазхаби худро бар ивази маблағхои муайян фурухта, махз бо дастгирии молиявии хоҷагони худ мехостанд, ки дар Точикистон табадуллотро рохандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо, хушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторхои кудративу низоми боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.
Имрӯзхо мо дар сомонахои интернети мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, хамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Точикистон, ки сиёсати имрузаи Пешвои миллатамонро дигар кишвархо омухта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода карор дода истодаанд, зери суоли танкид кашида истодааст. Аммо, халки баору номуси миллати точик ин гуфтахои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо мехнати халол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.
Аз ВАО бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди мухочирони точик суханрони намуда, мехохад, ки мавкеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онхо пурзур намояд. Ба фикри банда агар шахсе, ки дорои маълумот ё касб бошад, дар хеч куҷо хор намешавад. Бехуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил хунар кам аст».
Аз ин лихоз ба хамаи хонандагон пешниход мекардам, ки бояд мо ахли солимфикри чомеа бояд тамоми кувваву имкониятхоро бахри илмомузии насли наврас ва чавонон равона карда, шомилшавии онхоро аз чунин хизбу равияхои номатлуб ба мисли ТЭТ ҲНИ, пешгири намоем.
Носирҷонова М.Ҳ. – н.и.и., дотсенти
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ