Фиребу найранги Паймони миллӣ!
Ифротгароёни наҳзати бо роҳбарии Кабирӣ кӯшиш мекунанд, ки номи худро тез – тез бо ташкил намудани ташкилотҳои нав иваз намуда фаъолияти иғвогаронаи худро идома медиҳанд. Роҳбарони Ҳизби наҳзат хуб медонанд, ки мамнӯъ эълон гардидани фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон боиси тағйирёбии муносибати давлатҳои Ғарб нисбати онҳо мегардад. Бинобар ин Кабирӣ Паймони миллиро ташкил дода ба давлатҳои Аврупо онро муаррифӣ намуда даъво намуданд. ки онҳо барои ҳимоя намудани мавзӯи ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд. Ин як роҳи технологияи наҳзатиҳо мебошад, ки онҳо мехоҳанд сарпарасти молиявию сиёсии худро аз даст надиҳанд. Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки барои Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай муҳим он аст, ки сарпарасти молиявиро аз даст надода амалҳои иғвоангези худро идома додан аст. Барои наҳзатиҳо на ғояҳои исломӣ ва на ғояҳои ҳуқуқи инсон муҳим нест, барои онҳо ғояҳои иғвогарию тӯҳматангез муҳим мебошад.
– Оре, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо чунин роҳ фаъолияти ифротгаронаи худро ташкил намуда ҷавононро гумроҳ намуда ба доми фиреби худ дароварда барои иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи худ истифода мебаранд. Дар натиҷаи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ бисёр ҷавонон ба доми фиреби онҳо фаромада аз дидори падару модар, оила ва аз зодгоҳи хеш ҷудо гардида дар давлатҳои араб сарсону сргардон гаштаанд.
Онҳоро наҳзатиҳо гумроҳ намуда барои ҷанг дар ҳайати дастаҳои ҷангии ифротгарон ба Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳо равона намуданд. Ҷавонони гумроҳ гардида худро чун муборизони дини ислом тасаввур намуда дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок менамоянд. Тавре маълум аст дар ҷангҳои Сурия зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои ҷангиёни исломӣ иштирок намуданд ва қисми зиёди онҳо кушта гардиданд. Бояд ҷавонони гумроҳшуда ва давлатҳои аврупоӣ хуб донанд, ки мақсади наҳзатиҳои ифротгар обро лой намуда моҳӣ доштан мебошад. Бинобар ин ҳам Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш лаҷому тӯқуми худро тез – тез иваз менамоянд.
Одинаев А. – н.и.т, дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ