Намегузорем ки Кабирӣ ба мақсадҳои худ бирасад

Оид ба суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар сӯҳбати онлайние, ки бо ташаббуси “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор гардид чиро бояд қайд кардан даркор:

Аввалан гӯё, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз яке аз “кишварҳои диктотурӣ” мебошад ва ин бо ягон далели шайъи асоси худро намеёбад, ба ғайр аз суханҳои иғвоанези худи Кабирӣ.

Дуюмин, ин гӯё, ки кишвари мо ҷузъи қашшоқтарин, заъифтарин, бастатарин  ва 10-гонаи ғайри демкоратиҳост. Ба ин суханаш чунин ҷавоб медиҳем, ки имруз Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ қарор дошта, шарту шароити зиндагиашро ҳар як шахс худаш таъмин мекунад. Дар ин аснод давлату ҳукумат ҳамчун таъминкунандаи фазои сулҳу салоҳ, қонуният, воқеъбинӣ ва ғ. ба ҳар як аъзои ҷамъияти мо имконият медиҳад, ки зиндагиамонро дар роҳи ростӣ ва ватандӯстӣ ба роҳ монем.  Мутаасифона нафароне ёфт мешаванд, ки зиндагии орому осударо намехоҳанд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд миллат ва давлатиро моро нобуд созанд ва ба монанди Ироқ ва Сурия халифат барпо намоянд. Бо ниқоби дини мубини ислом ва овардани аҳкомҳои шариат ҷанги иттилоотиро бо мардуму давлати мо ба миён меоранд. Лекин худ бо аҳли оилаашон дар хориҷи дур истодаанд, то ки  хоре ба пояшон нахалад. Ниҳоят Созишномаи истиқрори  Сулҳ ва ризояти миллӣ, ки соли 1997 дар Москва имзо шуд, оид ба ин Созишнома эрод мегираду, худ онро вайрон мекунанд, зеро дар он гуфта шудааст баст кардани ҷанг, аммо имруз боз мебинем, ки ин хоинони ватан намехоҳанд ҷанро баст кунанд. Ҳарчанд, ки бошад ҷанги иттилоотиро бо давлату ҳукумат ва мардум мебаранд.

Имруз мо устодону омӯзгорон аз ҳадафҳои нопоки онҳо  бархӯрдор ҳастем ва намегузорем, ки онҳо ба мақсадҳои худ бирасанд.

Изҳороти Абдуллоев М.М. – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбанди ДДҲБСТ

You might also like