Интихобот – марҳилаи тақдирсоз

Интихобот марҳилаи тақдирсозест, ки барои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Пешравӣ ва шукуфоии давлату миллат маҳз аз интихобот сарчашма мегирад, ки ба мардуми кишвар бори аввал ва навоварӣ нест. Мардуми кишвар шукр аз он мекунад, ки дар чунин мамлакати ободу озод умр ба сар бурда истодааст. Дар асоси Конститутсия ҳамаи ҳуқуқҳои инсон ҳифз гардида, ҳаёт, қадр, номус, ва озодӣ новобаста аз миллат нажод ё этиқоди динӣ дар мадди назари давлат қарор дорад. Тоҷикистон  давлати  иҷтимоӣ  аст ва  барои  ҳар  як  инсон  шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Умуман,  29  соли  истиқлолият  давраи  ба  вуҷуд  овардани  шароиту имконот барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гашт. Тоҷикистон имрӯз  ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати дохилӣ  ва  хориҷии  кишварро  барои  ояндаҳои  дуру  наздик  тарҳрезӣ намуда,  чун  узви  комилҳуқуқи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  аз  рӯи  ҳадафҳои  дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устуворона пеш меравад. Он муаммоҳое, ки бар сари давлат ва ҷомеа меояд бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зудӣ ҳалли худро меёбанд. Ягона ин он масъалае, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ин бемории COVD – 19, мебошад ки вобои аср буда, дар мадди назари аввали Ҳукумати давлат қарор дода шуда, барои пешгирии ин беморӣ кўшишҳо карда истодааст. Баҳри вусъат ёфтани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ Ҳукумат чораҳои пешгирии ин бемориро ба назар гирифта, шароити мусоидро барои фаъолият бурдан чораандешӣ менамояд.

Доир ба иқтидори сулҳу ваҳдат ба даст овардан, ки  маҳз бо  шарофати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад Тоҷикистон метавонад ба ин муамморо низ паси сар намояд.

Зеро тавоноии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  як  фосилаи  кӯтоҳи  таърихӣ дар ҳудуди давлат ва берун аз он  корҳои  азими созандагиро  пеш  гирифта,  бо  вуҷуди  мушкилоту монеаҳои  мавҷуда  роҳу равиши ояндаро тарҳрезӣ намудааст.

Вале аз таърихи  қадимаи халқи тоҷик  ба  ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон борҳо  бо  душманон  ва  истилогарони  аҷнабӣ  рӯ  ба  рӯ  шудаанд,  ки нерӯмандтарин қудрати замони худ буданд, вале онҳо бо ҷасорату матонат ва  фидокории  бемисолу  монанд  камари  ин  абадқудратҳои  замонро шикастанд. Аз ин рў барои мо на Додоҷони Атовуллову, Саидюнуси Истаравшанӣ, Муҳидин Кабириву, Муҳаммадиқболи Садриддин ё дигар ҳаммонанди инҳо ки амалҳои иғвогаронаву фитнаангез ва луқмапартоӣ кардан аз давлатҳои бегона ин хислати мардӣ ва миллати тоҷик набуда, ба мардуми тоҷик таъсир нахоҳад кард.

Бояд зикр кард, ки маҳз бо риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, истинод овардан ба моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар он омадааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар бо мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 30 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад, ки инро қонун кафолат додааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд. Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ пинҳонӣ мебошад, ки ин риоя мегардад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Дар хотима бо суханони Ситсерон қайд карданиям, «Хоҳи ки озод боши ғуломи қонун бош!».

  Кабирзода Г.Қ. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ

You might also like