Озмуни «Донишҷӯи сол»

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба диққати донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи курсҳои 2, 3 ва 4 – уми факултетҳои донишгоҳ мерасонад, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанї гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён озмуни «Донишҷӯи сол»-ро эълон менамояд. Тибқи низомномаи озмуни мазкур даври аввали он дар сатҳи факултетҳо ва даври дуюм дар сатҳи раёсати донишгоҳ ташкилу баргузор карда мешавад. Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба муовинони декан оид ба корҳои тарбияи факултетҳо муроҷиат намоянд.

Барои ширкати довталабони озмун чунин ҳуҷҷатҳо

бояд пешниҳод карда шаванд:

  • пешниҳод ва маълумотнома аз факултет;
  • тавсифномаи декани факултет, хислатнома аз ҷониби куратори гурӯҳ, тарҷумаи ҳоли кӯтоҳ бо ифшои сифатҳои шахсӣ;
  • нусха аз дафтарчаи имтиҳонӣ (бо нусхаи пурраи баҳои донишҷӯ);
  • мавҷудияти дастовардҳои эҷодӣ (нусхаи шаҳодатнома, диплом, сертификат, сипоснома, ифтихорнома ва ғ);
  • иштирок дар конференсияҳои илмию назариявӣ, илмию амалӣ, намоишгоҳ, маърӯзаву баромадҳо, мақолаҳои илмӣ, публисистӣ, шеъру тарона (маълумоти чопӣ), ки дар даври донишҷӯӣ эҷод шудааст;
  • иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ (амалӣ намудани ташаббусҳои созанда байни ҷавонон ва бо ин васила рангин кардани ҳаёти донишҷӯён) ва варзишии муассисаи таълимӣ, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ (замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолият ва ё дастовардҳо дар ин самт);
  • 2 адад расм бо ҳаҷми 3х4 (чопӣ ва электронӣ).

Тартиби баргузории озмун чунин муайян карда мешавад:

  • худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо);
  • саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ;
  • навиштани диктант (бо забони давлатӣ – тоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон.

Маълумотҳои иловагиро метавонед аз шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ воқеъ бинои асосии донишгоҳ, утоқи кории 205 дастрас намоед.

You might also like