Лоиҳаи Барномаи Эразмус +- Иттиходи Аврупо « Табодули ҳайати кадрӣ байни кишварҳои барномавӣ ва шарик» (муаллиф Ҷўраев А.Х.)

Аз ҷониби Абдураҳим Ҷӯраев, мушовир  оид ба таҳияи лоиҳаҳои  байналмилалии  ДДҲБСТ   дар якҶоягӣ  бо  Элейн Мковн, Менеҷери байналмилалии рушди Коллеҷи Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ (SERC) (Британияи Кабир)  лоиҳаи Барномаи Эразмус+ – и Иттиҳоди Аврупо – Staff mobility between program and partner countries( SMPPC)- Табодули ҳайати кадрӣ байни кишварҳои барномавӣ ва шарик ба   Комиссияи Аврупо  пешниҳод шуда буд,  сазовори маблаггузорӣ  гардид.

Дар ин замина, донишгоҳ татбиқи лоиҳаи нави дуҷониба оид ба мубодилаи омўзгоронро байни донишгоҳ  ва Коллеҷи Минтақавии Ҷанубу Шарқӣ (Британияи Кабир ) дар доираи барномаи Еразмус +   оғоз намуд.

Моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳаи Барномаи Эразмус+ и Иттиҳоди Аврупо –  SMPPC

Хамохангсози аврупоӣ- Элейн Мковн

Хамохангсози ДДҲБСТ- Ҷўраев А.Х.

Лоиҳаи SMPPC аз 1 августи соли 2019 оғоз ёфта, то 31 июли соли 2021 идома меёбад.

Мақсади лоиҳа:

  1. Омӯзиши имкониятҳои рушди таҷрибаомӯзӣ ва таълим тавассути робитаҳои пешрафта бо ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки ба барномаҳои таълимии самаранок ва байналмилалӣ мусоидат мекунанд;
  2. Тавсеаи иштироки омӯзгорон дар фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар соҳаи техникӣ ва таҳсилот ё соҳаи мушаххас, ки ба такмили маҳорати омӯзгорон мусоидат мекунад;
  3. Омода намудани хатмкардагони мактаби олӣ барои ҳаёт, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, тавассути барномаҳои таълимӣ ва мубодилаи байналмилалӣ.

Дар лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки мубодилаи кадрҳои маъмурӣ ва омӯзгории  ДДҲБСТ ва Коллеҷи минтақаи Ҷанубу шарқӣ (Британияи Кабир) дар доираи 10 сафар, тӯли 2 сол ташкил карда мешавад.

Чор сафар аз  Коллеҷи минтақавии Ҷанубу Шарқӣ (Британияи Кабир ) ба ДДҲБСТ, шаш сафари намояндагони донишгоҳ ба Коллеҷи минтақаи Ҷанубу Шарқӣ (Британияи Кабир).

Оид ба Ҷараёни амалигарди ва натичахои  лоиҳаи   SMPPC

Дар заминаи лоиҳаи мазкур санаҳои 10-16 ноябри  соли 2019 ректори донишгоҳ Шарифзода Муъмин Машокир ва мушовир оид ба таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ Ҷӯраев Абдураҳим Ҳоҷиевич дар вохӯрии ташкилӣ ва «Тренинг барои тренерҳо»-и Барномаи табодули байналмилалии Эразмус+, ки дар Коллеҷи минтақаи Ҷанубу шарқӣ, Ирландия( Британияи Кабир) баргузор гардид, иштирок намуданд. Зимни сафари корӣ корҳои зерин анҷом дода шуданд:

  1. Вохўрӣ бо директори Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Британияи Кабир Кен Веб, роҳбари муносибатҳои байналмилалии Коллеҷ Клея Хендерсон ва менеҷери рушди байналмилалии Коллеҷи мазкур Элейн Мковн.
  2. Иштирок дар семинар ва вохўрӣ бо ҳайати омўзгорон ва кормандони шуъбаи байналмилалии Коллеҷ, ки дар он муаррифии муассисаҳои таълимии ҳамкор баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар семинари мазкур суханрониҳо ва мубодилаи афкори зерин сурат гирифтанд:

  1. Роҳбари муносибатҳои байналмилали Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Британияи Кабир Клея Хендерсон бо тариқи муфассал самтҳои фаъолияти коллеҶро муаррифӣ намуд.
  2. Шарифзода М.М дар баромади худ аз мавқеи ҷуғрофӣ, табиати зебо ва имкониятҳои минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан карда, фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳро муаррифӣ намуд;
  3. Муаррифии муносибатҳои байналмилалии ДДҲБСТ ва таҷрибаи ташкили ҳамкориҳои донишгоҳ бо барномаҳои байналхалқӣ ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар аз Ҷониби мушовир оид ба таҳияи лоиҳаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷўраев А.Ҳ. пешниҳод гардид.

Дар семинар маърўзаҳо ба тариқи рӯнамо (презентатсия) аз ҷониби ҳайати маъмурӣ ва омўзгории Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Британияи Кабир пешниҳод гардиданд. НатиҶаи  семинари мазкур он буд, ки нақшаи табодул бо назардошти зарурият, имконият ва талабот ба  баррасии ин ё он мавзўъ дар тренингҳои оянда муайян карда шуданд. Тибқи нақшаи мазкур, чунин корҳо бояд роҳандозӣ гарданд:

  1. Таҳияи модели муносибатҳои байналмилалӣ (аз ҷониби ДДҲБСТ)
  2. Таъмини ҷойҳои корӣ, иштирок дар тиҷорат ва иртибот бо саноат (аз ҷониби Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Британияи Кабир)
  3. Гузаронидани тренингҳо дар асоси омодасозии лоиҳаҳо ва татбиқи он дар ДДҲБСТ (аз ҷониби Коллеҷи минтақавии ҷанубу шарқии Британияи Кабир)
  4. Рушди муттасили касбӣ, иштироки донишҷӯён, дастгирии омўзгорон (аз ҷониби Коллеҷи минтақавии Ҷанубу шарқии Британияи Кабир)
  5. Чӣ гуна идора кардани навовариҳо дар ҷараёни таълими ДДҲБСТ, аз ҷумла, фарҳангӣ ташкили раванди таълим (аз ҷониби Коллеҷи минтақавии Ҷанубу шарқии Британияи Кабир)
  6. Раванди беҳтар кардани сифати таълим дар донишгоҳ (аз ҷониби Коллеҷи минтақавии Ҷанубу шарқии Британияи Кабир)
  7. Таҳияи нақшаи амалисозӣ барои дастгирии ДДҲБСТ оид ба  таҳия ва татбиқи ташаббусҳои навоварона ва дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён пешниҳод гардида (аз ҷониби Коллеҷи минтақавии Ҷанубу Шарқии Британияи Кабир)
  8. Баррасии ҳамкориҳои оянда барои гузарондани таълим оид ба омӯзиши забони англисӣ, мубодилаи донишҷӯён ва устодон (аз ҷониби Коллеҷи минтақавии Ҷанубу шарқии Британияи Кабир)

Сафари мазкур  барои  муаррифии донишгоҳ, рушди ҳамкориҳои байналмилалии он, коркарди нақшаи ҳамкорӣ,  мубодилаи таҷриба  оид ба робитаҳои байналмилалӣ байни мактабҳои олӣ аҳамияти муҳим дошт.

Тибқи нақшаи лоиҳа сафари намояндагони Коллеҷи минтақавии Ҷанубу шарқии Британияи Кабир, роҳбари муносибатҳои байналмилалии Коллеҷ Клея Хендерсон ва менеҷери рушди байналмилалии Коллеҷи мазкур Элейн Мковн ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  дар оғози моҳи июни  соли 2020  бояд, ки  баргузор мегардид.

Ба ғайр аз он  оид ба ташкили  сафари  омўзгори забони англисӣ Томас Силлер   аз колллеҷи мазкур, берун аз лоиҳа, дар моҳи апрели соли 2020  барои гузаронидани тренинг барои омўзгорони донишгоҳ, ки дар гурўҳҳои англисӣ дарс мегузаранд,  гуфтугў шуда буд.

Мутаасифона,  бо сабаби дар тамоми љахон  паҳн гардидани касалии сирояткунандаи Covid -19 ва муваққатан қатъ гардидани алоқаҳои байни давлатҳо амалӣ намудани нақшаҳои лоиҳаи мобилӣ ба мавқуф гузошта шуданд.  Лекин умед аст, ки  дар вақтҳои наздик кори лоиҳаи мазкур барқарор карда мешавад ва  ин лоиҳаи байналмилали  донишгоҳ ба  ҳадафи муҳими  дар наздаш истода мерасад.

 

You might also like