Таҳия ва муаррифии лоиҳаҳо
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муаррифии лоиҳаҳои омода намудаи донишҷӯён барои барномаи “Пешсаф”-и назди Парки технологии донишгоҳ бо дастгирии ЮНИСЕФ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, устодон, намояндагон аз минтақаи озодӣ иқтисодӣ дар вилояти Суғд, ширкати Фаровон, ТҶ Мир, Мушовир ва ғайра иштирок намуда, лоиҳаҳои донишҷӯёнро баҳогузорӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки лоиҳаи “Пешсаф” дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ-Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад. “Пешсаф” омӯзишро оид ба эҷоди лоиҳаҳои тиҷоратӣ, муайян кардани мушкилот то тарҳи ҳалро дар бар мегирад. Дар чорабинии мазкур 11 дастаҳо лоиҳаҳои худро пешниҳод намуда, муаррифӣ карданд.
Бино ба гуфтаи директори Парки технологии ДДҲБСТ Абдураҳмон Маҳмудов баъди муаррифии лоиҳа донишҷӯён, ҷавонон ва гурӯҳҳои фаъолро аз тарафи субеъктҳои минтақаи озод, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дастгирӣ намуда, ба кор даъват ва таъмин мекунанд.Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур ҳамчунин тариқи онлайн гузаронида шуда, тавассути платформаҳои ЗУМ ва Фейзбук барои меҳмонон пахш карда шуда, лоиҳаҳои донишҷӯён баҳогузорӣ карда шуд. Менеҷер оид ба рушди кормандони ширкати Фаровон 1 Илҳомҷон Сатторов мегӯяд, донишҷӯёне, ки мехоҳанд дар соҳаи тиҷорат кору фаъолият намоянд, дастгирӣ намуда, бо ҷои корӣ доимӣ таъмин карданиянд.
Мақсади баргузор намудани чорабинии мазкур яъне муаррифии лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби иштирокчиён ҷалб ва бо ҷои корӣ таъмин намудани донишҷӯёну ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дастаҳои ғолиб дар асоси лоиҳаҳои худ нақшаи корӣ таҳия намуда, давраи инкубатсиониро паси сар мекунанд ва дар ин муддат онҳо бо дастгирии ҳамаҷонибаи мураббиён лоиҳаҳои худро амалӣ месозанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа