Маросими супоридани шаҳодатномаҳо ва интиҳои давраи рушди соҳибкорӣ  дар Парки технологӣ

Дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими расмии  супоридани шаҳодатномаҳо ба иштирокчиёни давраи рушди соҳибкорӣ баргузор гардид. Ин барнома аз моҳи сентябр то декабри 2021 дар Парки технологии донишгох амалӣ гардида буд. Ёдовар мешавем, ки дар барнома 20 стартапҳо дар он ширкат варзида, оид ба пешбурди стартапҳои хеш дониши амалӣ гирифтаанд. Зимни маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба 20 нафар иштироки муваффақ шаҳодатномаҳо тақдим гардид.

Дар ин маросим менеҷери компонентҳои IRDP / Trigger II (GIZ) Азиз Назаров, роҳбари гуруҳи ширкати Пем Конластинг, лоиҳаи “Пешбурди стартап дар Тоҷикистон” Ҷурген Буртс,  ноибректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишгоҳ, профессор Турақул Ризоқулов, коршиносони миллии лоиҳаи  “Пешбурди стартап дар Тоҷикистон” Ҷумабой Шомуродов  ва Сиёвуш Норов  иштирок ва баромад карданд. Намояндагони шарикон ва меҳмонони ин барнома ба фаъолияти муваффақонаи иштирокчиён баҳои баланд доданд. Минбаъд стартапҳои муваффақ фаъолияти хешро мустақилона идома медиҳанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like