Аэрофлеш-ихтирои ҷадиди иштирокчии барномаи “Пешсаф”
Дар доираи тадбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар озмоишгоҳи инноватсионии назди Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои назарраси ихтирокорӣ анҷом дода мешавад. Иштирокчии барномаи “Пешсаф”-и озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ Саидҷон Асроров таҷҳизоти ҷадиде ихтироъ кард, ки Аэрофлеш ном дошта, ҳавои дохили биноҳоро тоза менамояд. Бино ба маълумоти ихтироъкор дастгоҳи ҳавотозакунӣ давоми як соат метавонад 3 мк ҳаворо аз микробу бактерияҳо тозаву озода намояд.
Аэрофлеш аз қисмҳои муҳаррики ҳавокаш, ҳавотелакунак ва якчанд филтрҳо иборат мебошад. Ихтирои нав тариқи қувваи барқ кор карда, дар ҳавои гарму сард низ фаъолият менамояд. Барои сохтани Айрофлеш ихтироъкор 500 сомонӣ сарф кардааст.
Ихтироъкор Саидҷон Асроров бо таҷҳизоти ихтироъкардааш дар озмуни байналмилалии “Навоварони ҷавон” иштирок намуд. Пас аз муаррифии таҷҳизот ҳаъати ҳакамон, ки иборат аз коршиносони байналмилалӣ буданд, ба ихтироот ҷойи аввалро сазовор донистанд. Иштирокчии барномаи “Пешсаф” мехоҳад миқдори дастгоҳи тозаихтироашро зиёд намояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа