Намакхӯрда аз намакдон бияндеш!
Баъд аз мутолиаи мактуби “Гуфтугӯ бо Пешво”-и Исломиддин Садиров виҷдонам водор сохт, ки дарҳол хома ба даст гирам, то 20 ҷавоби муносибе ба ин гуна тоифаи нотавонбинон навишта бошам.
Аввал ин ки агар ин гуна ҳарфҳоро аз забону андешаи як ҷавони сустиродаву бесавод мехондед, хайр ӯро гумроҳ кардаанд, мегуфтед, вале агар марди солхӯрда чунин хулосаҳои бемантиқ дошта бошад, дареғо…
Дуюм ин ки “муҳтарам” Исломиддин шумо ва шумо баринҳо, нисбат ба сарвари давлатамон, ҳуқуқи “ту” гуфта муроҷиат карданро надоред, зеро чанд сол аст, ки Шумо гуфта муроҷиат кардан, ба Президенти мамлакатамон, расман қабул шудааст.
Саввум, мардум ҳуқуқ дорад, ки арзандатарин фарзанди миллатро маротибаи дигар ба мансаби президентӣ пешниҳод намояд.
Чаҳорум, вазифаи аслии ҳар як ниҳоду ташкилотҳои ҷамъиятӣ тибқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ амал кардан аст ва роҳбари давлат “ишора” не дастуру супоришҳои ояндасоз медиҳанд, то халқ озоду мулк обод гардад.
Панҷум, барои шуморидани теъдоди амалҳое, ки Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи манфиатҳои меҳнаткашон карда истодаанд, ангушти дасту пойи ҳамаи шумо-нотавонбинонро ҷамъ кунем ҳам, басанда нест.
Шашум, қариб ҳамасола маоши кормандон то 10-15% зиёд мегардад, барои беҳдошти зиндагии онҳо нархҳои маҳсулотҳои ниёзи мардум зери назорат гирифта мешаванд, истеҳсоли хӯроквориҳо сол аз сол меафзояд.
Ҳафтум, номзадии Президентамонро на танҳо як ниҳоди ҷамъиятӣ, балки мардум барои панҷум бор не, барои якумрӣ роҳбари Тоҷикистон гардидан бо сарбаландӣ дастгирӣ мекунанд;
Ҳаштум, аз дастовардҳои замони истиқлол пурсидани касе зарурат надорад, зеро дар Паёми ҳамасолаашон сарвари давлатамон оид ба бурду бохти солҳои сипаришуда ҳисобот медиҳанд ва ба сохторҳои мухталиф дастуру супоришҳои муайян медиҳанд;
Нуҳум, интихобот ҳамеша шаффоф баргузор мегардад ва намояндагони зиёди назоратчӣ аз давлатҳои хориҷа иштирок мекунанд;
Даҳум, “алик-маликбози”-ро бештар дар рафтори “шумоён” мардум дидаанд ва “пӯсти рӯи ғафс” аз шумост, ки бетамизона ҳарзагӯӣ доред;
Ёздаҳум, роҳбари давлатамон мубоҳисаи рӯиростро ҳамасола бо мардуми меҳнаткаш баргузор менамоянд ва зарурати вохӯрӣ бо рӯбаҳони зархариду нотавонбину бемантиқгуфтор нест;
Дувоздаҳум, вожаи “хиёнат”-ро аз забони оне мешунавем, ки дар 29-соли Истиқлолият аз ҳамин намакдон ба аҳли оилааш нон хӯрдааасту ба ҷойи шукрона истифода мекунад, аҷиб…;
Сездаҳум, кумитаи амният пайи амнияти мардум аст, то аз беандешагии шумоён ё рафтори ноҷояатон ба рӯзгори халқ газанде наяфтад ва дар интихобот мардум ба фарзанди арзандаи худ 200 000 не, миллионҳо имзо мегузоранд;
Чордаҳум, ибораи “карру фарри шоҳона”-ро нодуруст истифода кардаед. Пешвои миллатамон карру фарри шоҳона доранд, зеро миллатро ба ҷаҳониён шиносониданд, “армияи хушомадгӯёну косалесони деҳотӣ” не, армияи сершумори мардумии бонуфузи душманшикан доранд;
Понздаҳум, дебати ҳақиқии телевизионӣ хостаед. Одатан, мусоҳибонро бо ҳамвазни хеш ба баҳс мекашанд ва ҳанӯз касе ёфт нашудааст, ки бо Президенти мамлакатамон дар ин радиф қарор бигирад.
Шонздаҳум, мардуми мо интихоботро ҳамчун тӯю маърака, ҳамчун ҷашнҳои таърихӣ тантанавор бо мусиқию фараҳмандӣ барпо мекунанд ва намегузоранд, ки вазъияти пешазинтихоботии мо халалдор гардад;
Ҳабдаҳум, ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) ва Ҳамкории Шанхай дохил шудани давлати мо, пеш аз ҳама барои рушди ҳамкориҳои тарафайн ва муҳофизати ватани худ аст;
Ҳаждаҳум, мухолифони сиёсиро “террорист” ва “ифротгаро” эълон кардан, бамаврид ва мантиқӣ буд, зеро ба фазои маънавию сиёсии мардум шумо баринҳо, қариб буд, чодари сиёҳ кашед;
Нуздаҳум, дониста бошед, ки шумо баринҳо агар сад бор аз худ бадар шавед ҳам, наметавонед оромии моро халалдор намоед, зеро мардуми ҷангдидаи мо дигар фирефтаи ҳарзагӯиву тӯҳматҳои беасоси шумоён- пастфиратон намегарданд.
Бистум, айб аст аз нафақахӯр бӯҳтону ҳарфҳои беатмизона шунавидан, боз ветерани меҳнат будаед. Охир, шумо ветерани ҷангхоҳ менамоед-ку!
Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ