Нафақахури бевиҷдон
Вақте, ки навиштаҳои нафақахӯр Исломиддин Садировро дар шабакаи иҷтимоӣ зери унвони “Гуфтугӯ бо Пешво” мехонед шуморо ба андешаҳои дуру дароз мебарад зеро ҳамаи он суханоне, ки дар он навишта шудааст саропо бӯҳтону ҳарзагӯиҳо мебошад.
Пеш аз он ки нисбати роҳбари давлат чизе гуфтанӣ ё навиштанӣ шаванд бояд андеша намуд, ки оё ин суханон дар доираи адлу инсоф ва қонун аст ё ин, ки савсатаи ноадолатона нисбати роҳбари давлат аст.
Ҷаласаи васеи кормандони Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриро банда низ тамошо намудам. Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи мазкур ин пешниҳоди номзади арзанда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки иштирокдорони ҷаласа якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин мансаб пешниҳод намуд зеро ин номзад арзанда мебошад.
Бояд қазоват намуд, ки шахси арзанда бояд соҳиби ин мансаби баланд ва пурмашаққат гардад. На балки ягон хоини давлату миллат, ки берун аз марзи кишвар истода талоши мансаби Президентӣ мекунад. Оё нангу номус ва шарму ҳаё аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ нест, ки аз берун истода дили ҷосусону хоинони миллат “оши турш” кашидааст. Магар номзади арзанда тарки ватан намуда, бо сенарияи хоҷагони хориҷӣ дар кишварҳои бегона аз паи нон шуда мегардад?. Интихоботи Президентӣ қаблан баргузоргардида дар кишвари Тоҷикистон бо тариқи шаффоф ва одилона гузаштааст.
Ҳайфи шумоён барин нохалафон, ки фаҳмидаву нафаҳмида, дониставу надониста нисбати Роҳбари давлат, ки бо сад азобу машаққатҳо, ҷонбозиҳо ва кӯшишу талошҳои шабонарӯзии худ миллати аз дасти шумоён азияткашидаро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, сулу салоҳи тоҷиконро бунёд намуда, мардумро ба ваҳдати миллӣ оварда расонидаанд ҳарзагӯиву бӯҳтонҳо мехонед.
Дар тӯли зиёда аз 28 сол садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин садҳо хазор ҷойҳои нави корӣ бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи сарвари давлат муҳайё карда шудааст. Бояд иқрор гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ягон шаҳрванди кишварро маҷбуран ба муҳоҷирати меҳнатӣ нафиристодааст.
Нафақахӯри бекалла бо кадом далели асоснок интихоботҳои қаблиро интихоботи ноадолатона мешуморад. Магар ин журналисти ба ном варзида дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷуҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Маълумотҳои бардурӯғро паҳн намуда, вазъиятро ноором сохтан ин тавонии мухолифин мебошад. Рӯзноманигорро зарур аст, ки ба Ватани хеш, миллати хеш ва роҳбари кишвар хиёнатро хотима бахшад.
Ба шахсияте, ки имрӯз нфақахӯр ҳасту бояд дар кишвари тинҷу ором дар иҳотаи оилаву хешу ақрабо ва набераву абераҳо давлати пирӣ ронад мактуби норозиёнаву ноадолатона нисбати роҳбари давлати Тоҷикистон навиштааст. Магар ин ношукрӣ, беинсофӣ ва беадолатӣ нест.
Агар заррае дар баданат хуни тозаи тоҷикӣ дошта бошӣ аз ин навиштаҳоят пушаймон шуда, аз Пешвои муаззами кишвар ва халқи тоҷик бахшиш бипурс вагарни барои бӯҳтонҳоят Худованд ҷазои сазовор хоҳад дод. Нафақахӯрро ки гуфтааст, ки ба сиёсати давлату давлатдорӣ кордор шавад. Ё мисли мухолифин даъвои курсӣ дорӣ?
Мактубнависи беинсоф ҳатто ба иззати нафси оилаи роҳбари давлат расида нисбаташон суханҳои ноҷоро раво донистааст, ки ин гуноҳи нобахшиданист. Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ шармандаву шармсор намудан ин бевиҷдонӣ ва беинсофӣ аст. Ин шахсро зарур аст, ки ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавад зеро миллат ин бевиҷдонро нахоҳад бахшид.
Мирзоев А.Н. – сармуаллими
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ