Ҳодисаи Белорус дар мадди назари таҳлилгарон

Дар мамлакати мо соли ҷорӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва мо мардуми шарифи Тоҷикистон набояд, ки бар ҳар гуна дасисабозиҳои душманони Ватани маҳбубамон ба монанди ТЭТ ҲНИ фирефта шавем ва дар ҳар гуна эътирозҳои беасос ширкат варзем. Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки легитимияти худро аз даст надиҳанд. Имрӯз боварии мардуми тоҷик ба Президенти хеш зиёд аст ва як иштибоҳ фазои оромии мамлакатро вайрон хоҳад кард. Мамлакати Беларус ба иштибоҳҳои зерин дар вақти доирнамоии интихоботи худ роҳ доданд, ки ин сабақи таърихӣ барои ҳар як давлати дунё мебошад.

Интихоботи президентӣ дар мамлакати Белорус  яке аз рӯйдодҳои ҳассоси сиёсии солҳои охир мебошад, ки диққати Тоҷикистониён низ ба он ҷалб карда шудааст. Натиҷаҳои ин интихобот баҳсҳои шадидро дар шабакаҳои  иҷтимоӣ ба бор оварданд, ки баъзе коршиносон андешаҳои худро оид ба ин масъала иброз доштанд.

Тибқи маълумоти расмии Комиссияи марказии интихоботии Беларус, беш аз 80 дарсади овоздиҳандагони ин кишвар ба Президенти ҳозира Лукашенко ва тақрибан 10 дарсад барои номзади мухолифин Светлана Тихановская овоз додаанд. Ситодҳои муштараки оппозитсия натиҷаҳои интихоботи сарвари давлатро, ки аз ҷониби Комиссияи Марказии Интихоботи эълон карда шуданд, эътироф накарданд ва дар ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот қонуншиканиҳо ва тӯҳматҳои зиёд эълон карданд.

Баъзе роҳбарони давлатҳои пасошӯравӣ натиҷаҳои интихоботро дар Беларус хуб арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лукашенкоро бо пирӯзиаш табрик кард. Дар барқияи табрикотӣ омадааст: “Ғалабаи шумо гувоҳи он аст, ки ҷомеа саҳми бузурги Шуморо дар рушд ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлати Беларус эътироф мекунад”.

Ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ва худи интихобот боиси баҳогузории баҳсноки коршиносони тоҷик гардид. Абдулло Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, мегӯяд, ки пирӯзии Лукашенко маънои устувории минбаъда ва ҳифзи истиқлолияти ин кишвари пасошӯравиро дорад. Вай 10 август гуфт: «Агар давлат ҳимоя карда шавад, пас шумо метавонед ҳамаи лоиҳаҳоро дар доираи он ҳам дар соҳаи демократия ва ҳам либераликунонӣ амалӣ гардонед. Акнун вазифаи асосӣ ин ҳифзи худи сохтор аст, на ин ки ҳифзи намуди зоҳирии он”.

Аммо, эътирозҳо дар Беларус сабаби норозигии қисме аз мардум аз натиҷаҳои интихобот шудааст. Эътирозгарон итминон доранд, ки “қаллобӣ” дар ҷараёни муқовимати сиёсӣ содир шудааст ва хостори “тағирот” дар ин ҷумҳурии шӯравии собиқ ҳастанд. Шаби 9 август ҳазорон нафар ба кӯчаҳои шаҳри Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус баромаданд. Мақомоти корҳои дохила норинҷакҳо, тирҳои резинӣ ва гази ашковар бар зидди эътирозгарон истифода кард. Як нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Фарқияти дигари интихоботи 9 август ин буд, ки эълони натиҷаҳои онҳо боиси эътирозҳои оммавӣ шудааст. Парвиз Мулоҷонов, коршиноси дигари тоҷик дар як пост дар Facebook навиштааст, ки эътирозҳо дар се роҳ метавонанд дар оянда рушд кунанд:

“Сенарияи аввал: эътирозҳо чанд рӯз идома хоҳанд дошт, аммо шумораи эътирозгарон ба сатҳи ҳассос намерасад.

Сенарияи дуюм: эътирозҳо ва тазоҳуроти ошкоро саркӯб карда мешаванд, аммо мақомот ҷомеаро ором карда наметавонанд ва мухолифин ба шаклҳои дигари эътироз, ба монанди корпартоиҳои миллӣ, беитоатии умумии шаҳрвандӣ мегузарад. Дар ин ҳолат, иқтисоди Беларус метавонад дар ҳолати ногувор қарор гирад, ки боиси суқути режими Лукашенко хоҳад шуд. Дар ҳар сурат, мухолифин маҳз чунин натиҷаҳоро интизор аст.

Сенарияи сеюм: садҳо ҳазор шаҳрвандон ба хиёбонҳо мебароянд, тазоҳурот ва корпартоӣ хусусияти умумимиллӣ мегиранд ва тамоми кишварро фаро мегиранд.

Сенарияи ояндаи ҳодисаҳо дар рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд. Ин, албатта, аз мавқеи Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо вобаста хоҳад буд”.

Аммо мо итминон дорем, ки рӯйдодҳои охир ба Лукашенко таъсир хоҳанд расонд ва ҳатто имкон дорад, ки ӯро ислоҳ кунанд, зеро ӯ қудрати ҳамватанони худро ҳис кард ва бояд тадриҷан тағир ёбад, вагарна авҷ гирифтани ин ҳодисаҳо метавонад оғози вазъияти ноором ва метавонад боиси тағйироти сифатан нав дар сохтори ҳокимияти давлатии Белоруссия гардад.

Дар мамлакати Тоҷикистон низ вазъияти сиёсӣ мураккаб аст. Ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ мехоҳанд Президенти легитимии кишварамонро аз вазифа дур созанд ва мо бояд хизматҳои шоёни сарвари давлатомонро аз хотир набарорем, ки сулҳ субот ва тиниҷиву оромии мамлакатамонро аз даст надиҳем ва ба монади кишвари Украина ва Беларус раҳгум назанем.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария

ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like