Ҳадафҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028
«Имрўз раванди амалисозии тадриҷии ибтикороти эълоншуда равшану возеҳ ба мушоҳида мерасад, ҳамгироии масъалаи об бо барномаву нақшаҳои рушд сурат мегирад, муттаҳидии ҳарчи бештари саъю талоши ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муштарак оид ба об ба вуқўъ мепайвандад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 21-уми декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид (минбаъд СММ) Қатънома зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, бо дастгирии 177 кишвари узви СММ қабул гардид.
Қобили қайд аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанўз дар рафти Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея, ки 12-ҳуми апрели соли 2015 баргузор гардида буд ироа гардида, дар навбати худ он чун ташаббуси минбаъ тақвият бахшидани тадбирҳои вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, ки аввалин бор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд маҳсуб меёбад.
Инак, мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардида, он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ мешавад ва 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад, зеро маълум аст, ки дар ҷаҳони имрўза, ҳамасола санаи 22-юми март, чун Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об таҷлил мегардад.
Ѓояи Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор», ки бо ташаббуси Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон гардид, аҳамияти хоси ҳам иқтисодӣ ва ҳам таърихиро дар самти захира ва самаранок истифода намудани об ҳамчун воситиаи стратегӣ дар ҷаҳони имрўза дорад ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ амиқ дарк гардидани ин амали байналмиллалӣ, дастгирӣ шудани он аз ҷониби аксари кишварҳои аъзои СММ яке аз муваффақиятҳои беҳтарини Тоҷикистони имрўза дар арсаи байналмиллалӣ ба шумор меравад. Хуб, инҷо саволе ба миён омада метавонад, ки ҳадаф ва максад аз қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар чӣ буд?
Ҳанўз дар баромади худ дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки 12-уми апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардида буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки:
«… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд–зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд».
Дар ҳамин асос, қайд менамоем, ки вазъи кунунии захираи об дар ҷаҳони муосир хеле ташвишовар буда, аз маълумотҳои дастрасгардида ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки рўз аз рўз муаммои захира ва истифодаи самараноки об афзоиш ёфта истодааст.
Мувофиқ ба маълумотҳои ба мо дастрасгардида, дар давраи аз 25 апрели соли 2016 дар ҷаҳон 7 миллиарду 289 миллион нафар одам зиндагӣ намуда истода, ҳамасола ҳаҷми афзоиши он тақрибан 83 миллионро ташкил медиҳад
Дар навбати худ, мувофиқ ба ин афзоиш, талабот ба истифодаи оби нўшокӣ ҳаҷми 64 млн кубометрро ташкил намуда, дар мавриди афзоиш ёфтани аҳолии рўи замин дар ҳаҷми се маротиба, ҳаҷми истифодаи об аз ониби аҳолӣ 17 маротиба зиёд шуда истодааст, ки ин албатта ташвишовар аст.
Илова бар ин, дар ҷаҳони имуза тақрибан 750 миллион одамон дар ҷаҳон ба оби тозаи нўшокӣ ва дуюним миллиард нафар шароити зарурии беҳдошти зиндагӣ надошта, тақрибан як миллиарду сесад миллион одамон алҳол бо неруи
барқ таъмин нестанд. Ҳамасола ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ офатҳои табиии марбут ба об ба бюҷети давлатҳои алоҳида хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагии зиёда аз як миллиарду дусад миллион одам дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд, ки ин ҳам ташвишовар аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар самти бартараф намудани ин гуна норасоиҳо сиёсати байналмиллалии Тоҷикистон хеле устувор аст ва зарур мешуморем оид ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷиксион нисбати ин масъала илова намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Миёна аз нигоҳи захираҳои об бойтарин кишвар аст, ки ҳамасола дар қаламрави он 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад. Дар навбати худ, ин миқдор захираи об тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад, ки ин ба фоидаи кишвари мо хоҳад буд, аммо Тоҷикситон, ки дар ҳудуди минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир аст, ягона давлатест, ки пайгири беҳтар намудани вазъияти захираи об дар минтақаи Осиёи Миёна маҳсуб аст.
Агар ба масъалаи таҳлил намудани вазъи ногувори захираи об дар минтақаи Осиёи Миёна баргардем, боиси қайд аст, ки агар дар ибтидои қарни XX масоҳати заминҳои обёришаванда дар Осиёи Миёна баробар ба 2,5 – 3 миллион гектар буд, дар охири садсола ин ҳаҷм ба 8,5 миллион гектар афзоиш ёфтааст ва дар навбати худ аҳолии ин минтақа, ки соли 1956 беш аз 20 миллион буд, имрўз бошад ин шумора ба 65 миллион нафар наздик шудааст. Илова бар ин, агар дар оѓози солҳои 1960-ум минтақаи Осиёи Миёна дар як сол тақрибан 60 километри мукааб обро истеъмол менамуд, имрўз бошад ин шумора ба 110 километри мукааб афзоиш ёфта, мувофиқ ба маълумотҳои гуногун то ибтидои соли 2030-юм афзоиши истеъмоли об дар минтақаи мазкур то 20 фоиз зиёд хоҳад гардид.
Ҳамаи ин далелу рақамҳо водор сохтанд, ки ҷаҳони имрўза нисбати ин масъала эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд. Ташаббусе, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» ироа гардид, ба андешаи мо ин имконияти минбаъд оқилона ва самаранок истифода намудани захираҳои обро фароҳам оварда, дар ин раванд барои минбаъд мустаҳкам намудани мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрўза мусоидат менамояд. Итминони комил дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари дастгирӣ намудани ин иқдоми нек, ҳамчунин барои дар амал татбиқ намудани кўшиш ба харҷ медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки барои татбиқ намудани Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» чунин ҳадафҳо аввалиндараҷҷа ба шумор мераванд:
– рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитизистӣ;
– роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои ҷиҳати татбиқ намудани он;
– ташаккул додани ҳамкорӣ ва ширкат намудан давлатҳои муосир баҳри мусоидат намудан ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор;
– такмил додани дониши назариявии аҳолии башар ҷиҳати осон дастрас намудани дониш ва мубодилаи иттилоот вобаста ба рушди устувор оид ба захира ва истифодаи, роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;
– бунёд намудан ва мусоидат ба шабакаҳои ташаккули ширкат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи намудани ҳадафҳо дар бахши захираҳои об;
– тақвият бахшидан ба фаъолияти иртиботӣ дар сатҳи гуногун ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.
Хулоса, ин ҳадафҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар назди ҷомеаи муосир вазифаҳои зиёд оид ба дар амал татбиқ намудани Даҳсола гузошта шудааст. Дар ин самт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ташаббускори ин амал як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст ки барои амалишавии онҳо мардуми бонангу номуси тоҷик ҳамеша омода аст.
Хотиррасон менамоем, ки барои дар амал татбиқ намудани Даҳсолаи аввали «Об барои ҳаёт», ки барои солҳои 2005-2015 аз ҷониби Тоҷикистон эълон гардида буд Ҳукумати кишвар барои иҷрои лоиҳаву барномаҳои вобаста ба он тақрибан як миллиарду 648 миллион доллари амрикоиро аз сарчашмаҳои гуногун маблағгузорӣ намуда, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминсозӣ бо оби нўшокӣ як миллиарду 51 миллион доллари амрикоӣ, барои иҷрои лоиҳаҳои беҳдоштӣ 262 миллион доллари амрикоӣ ва барои анҷом додани дигар лоиҳаҳои ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 335 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шуда, дар ин давра дар кишвари мо якуним миллион одам шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нўшокиро пайдо кард. Аммо новобаста аз ин, имрўзҳо таъминоти аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун самти афзалтарини соҳаи оби кишвар боқӣ мондааст, ки бори дигар аз мубрам будани қабули Қатъномаи СММ – Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» дарак медиҳад.
Санавваров Ғ.Б., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ