Мавқеи об дар табиат
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати Ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё зикр гардид, ки Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад. Бо иқдоми Пешвои муаззами мо аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2003 то имрӯз Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» эълон гардидаанд.
Об дар табиат мавқеи басо муҳимро мебозад. Ҳамзамон, шароити мусоидро дар ҳаёти олами наботот, ҳайвонҳо ва макроорганизмҳо фароҳам меоварад. Об чун ҳолати модда, моеъ дар ҳудуди ҳароратие, ки барои раванди ҳаёт мусоидат менамояд, боқӣ монда, барои массаи бузурги организм муҳити қобили зист ҳисобида мешавад.
Об чун таъсиркунандаи шустушӣ дар шароити климат-обу ҳаво маҳсуб меёбад. Об дар муҳити Замин, дар якҷоягӣ бо дастаи сиркулятсионии атмосферии масофаҳои калон, дар гардиши доимӣ қарор дорад. Сиркулятсияи об дар баҳрҳо (равиши баҳрӣ) ба гармии қабати атомсферӣ ва додугирифти намӣ меоварад.
Аз тарафи дигар, об чун фактори тавоноии геологӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Равандҳои геологии экзогении Замин бо фаъолияти об, ба монанди агенти эрозия вобастагӣ дорад. Тақсим ва ҷудошавии ҷинсҳои кўҳӣ, эрозияи хок, гузариш ва пасандозҳои моддаҳо – равандҳои муҳими геологии бо об алоқаманд маҳсуб меёбанд. Бештари моддаҳои органикии биосферӣ аз худ маводи фотосинтезиро боқӣ мемонанд, ки дар натиҷаи он растаниҳо, энергияи рўшноии офтобро истифода намуда, моддаҳои органикии бавуҷудомада дар таркиби худ гази карбон ва обро ташкил менамоянд.
Об – ягона сарчашмаи оксиген буда дар атмосфера ҳангоми ҷудошудан аз ҳисоби фотосинтез ба амал меояд. Организми зинда, аз он ҷумла бадани инсон, ки 80% – и онро об ташкил менамояд, бе он вуҷуд дошта наметавонад. Талафоти 10-20% об дар организми инсон ба хатари марговар оварда мерасонад.
Об дар фаъолияти ҳаётии инсон нақши муҳимро мебозад, вай бевосита барои оби нўшокӣ ва зарурияти корҳои хоҷагӣ чун маводи ҳаракаткунанда ва ашёи хом барои ба даст овардани маҳсулот, маводи хоҷагии халқ истифода мегардад, ки арзиши рекреатсионии истироҳатӣ ва ҳамзамон арзиши фарҳангии бузургро доро мебошад.
Дар табиат об чун намуди тозаи химиявӣ вуҷуд надорад. Вай аз худ маҳлули мураккаби таркиби газҳо (дар мисоли O2, СO2, Н2S, CH4) моддаҳои органикӣ ва минералиро боқӣ мемонад. Дар дастаи ҳаракаткунандаи об зарраҳои вазнин мавҷуд мебошанд. Дар таркиби обҳои табии, бешубҳа элеметҳои химиявии зиёд ёфт шудаанд. Обҳои баҳрҳо ба ҳисоби миёна 35г/дм (34,6 – 35,0%) намакро соҳиб мебошанд. Қисмати асосии онро хлоридҳо (88,7%), сулфат (10,8%) ва карбонатҳо (0,3%) ташкил менамоянд. Дар табиат обҳои минерализатсияшудаи боришоти атмосферӣ, дастаи обҳои тару тозаи кўҳӣ ва обҳои кўҳӣ фоизи камтарин ҳисобида мешаванд. Оби тоза дар таркиби худ (наздикии 2% гидросфера) ҳиссаи хурдтаринро аз обҳои захиравии умумӣ дар табиат дошта метавонад. Оби тозаи истифодабарӣ дар дарёҳо, кўлҳо ва обҳои зеризаминӣ ҷойгир шудааст. Захираи оби тоза аз рўи ҷойгиршавӣ нобаробар тақсим шудааст ва бештари обҳои тоза ба минтақаҳои фаъолияти хоҷагидории калондошта, мувофиқат намекунад. Ва бо таъсири ин омил муаммои норасогии оби тоза ба миён меояд. Дар замони муосир талабот бо об дар хоҷагии халқ дар соҳаҳои калидии истеҳсолот, дар мисоли соҳаи саноат бағоят зиёд аст. Аз таҷрибаҳо маълум аст, ки барои коркарди як тонна нефт, тақрибан 60 тонна об, барои тайёр намудани як тонна маҳсулоти шартии матогинӣ 1100 тонна, барои истеҳсоли риштаи сунъӣ то 5000 тонна об сарф карда мешавад. Ҳамзамон барои парвариши зироатҳои хоҷагӣ, аз ҷумла тоннаи гандум – 2 тонна об, биринҷ зиёда аз 25 тонна об сарф мегардад. Ҳамин тариқ, об арзиши баландтарини ашёи хомро соҳиб шудааст, ки онро бо моддаи дигар иваз намудан ғайриимкон мебошад. Захира ва дастрасии захираҳои обӣ барандаи ҷойгиршавии истеҳсолоти нав гардида, аммо муаммои таъминот бо об, яке аз муҳимтарин масъалаҳо дар ҳаёти инсоният ба ҳисоб меравад. Муаммои норасогии оби тоза бо таъсири якчанд сабабҳо, асосан аз зиёдшавии талаботи инсон ба оби тозаи ошомиданӣ, тақсимоти нобаробари он аз рўи вақт ва фазо, талафоти об ҳангоми нақлкунӣ ва бад шудани сифати обҳо аз ҳисоби ифлосшавии муҳити зист, ба миён меояд.
Ҳолатҳои ифлосшавии оби тоза аз дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаи ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳои истеҳсолӣ дар мисоли корхонаҳои селлюлоза – коғазбарори, химиявӣ, хўрокворӣ, металлургияи ранга, коркади нафт, металҳои сохтмонӣ, машинасозӣ ва ғайраҳо вобастагӣ дорад.
Афзоиши талаботи аҳолӣ бо оби тоза дар рўи Замин дар доираи 05-2% дар як сол муайян шудааст. Талафоти оби тоза сол то сол зиёд шуда афзоиши истифодаи он барои аҳолӣ бо истифодаи он дар қисмати зарурӣ алоқамандии зич дорад.
Кӯшишҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат омодасозӣ ва бо назардошти хатарҳои бузурги дар соҳаи об мавҷудбуда, исботи онанд, ки масъалаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аз масоили муҳимтарини ҳалталаб маҳсуб ёфта, ҳалли муаммоҳои ҷойдошта аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирандешӣ ва амали якҷояро тақозо дорад.
Ғаюров Ҳ.Ш. – муовини ректор оид ба
корҳои таълими ДДҲБСТ