Тоҷикистон сарчашмаи оби зулол
Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита дар мушкилоти мавҷудаи умуми ҷаҳонии об ҳамеша саъю талош дорад, то дар мушкилоти марбут ба оби ошомидании на танҳо минтақа балки дар сайёра низ нақши муҳим дошта бошад ва ин пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалии дастгирии ҳамаҷониба ёфт.
Яке аз ҳадафҳои меҳварии даҳсолаи байналмилалии амал “Об – барои рушди устувор, солҳои 2018-2028- барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши амиқ мебозад.
Тибқи назари коршиносони институти захираҳои ҷаҳонӣ дар соли 2025 тақрибан аз 2/3 ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳои тамомшудаи захираҳои об зиндагӣ хоҳанд кард.
Мутобиқи баҳогузории бонкӣ умумиҷаҳонӣ барои таъмини дастрасии умум ба оби нӯшокии безарар дар соли 2030 беш аз 1,7 триллион доллар лозим хоҳад шуд.
Ҳадафи дигари эълон ва қабули даҳсолаи нави “Об – барои рушди устувор” истифодаи оқилона ва боинсофонаи обҳои минтақавӣ мебошанд.
Обро ба таври маълум калиди субот ва шукуфоӣ ҳисобидан мумкин аст. Ин масъала чандин даҳсола боз дар Осиёи Марказӣ хеле печида боқӣ мемонад. Захираҳои оби минтақа хусусан дар қаламравӣ ду кишвари болооб Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул ёфта, истифодаи беш аз 80 дарсади онҳо ба кишварҳои поёноб рост меояд. Кишварҳое, ки дар саргаҳӣ об қарор доранд, ҳаққи соҳибияти хеле ками ин обҳоро бархурдоранд.
Ҳадафи дигари даҳсолаи нав ба роҳ мондани муносибати дурусту оқилона бо об аст. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ шифо аст ва неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Ҷои ин кор муаммо нест, ки ҷисми инсон аз об таркиб ёфтааст, 86 фисади бадани тифли навзод ва 70 фисади бадани инсони калонсолро об ташкил медиҳад. Агар инсон 2% оби баданро аз даст диҳад бемор аст, дар суръати аз даст додани 12% об бе табобати духтур ба по истода наметавонад. Агар 15-20% обро аз даст диҳад, ба марг дучор мешавад.
Тоҷикистон чун ташаббускори даҳсолаи нав дар ҳамҷоягӣ дар ҳалли ин проблемаҳои ҷиддӣ мусоидат кардан мехоҳад ва қабул гардидани пешниҳоди “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об – барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби 193 кишвари аъзои СММ корҳои дар доираи он амалӣ гашта метавонад барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳо манфиати зиёде оварад.
Табиати зебо, дилрабо ва нотакрори Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Кӯҳҳои сарбафалаккашида ва табиати дилфиреби кишвар на танҳо дорои захираҳои бойи табии балки сарчашмаи обҳои тозаву мусаффо мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили қитъаи бузурги Осиё ҷойгир буда, аз ҷиҳати захираи нерӯи об дар ҷаҳон ҷойи 8-ум ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Федератсияи Русия ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Аз рӯи маълумотҳои ЮНЕСКО 122 давлати ҷаҳон дорои захираи оби ошомиданӣ мебошанд, ки Тоҷикистон аз рӯи сифати баланди об дар қатори даҳгонаи аввал қарор гирифтааст.
Дар мақолаи мазкур мо ба муҳимтарин сарчашмаҳои захираҳои обӣ Тоҷикистон истода мегузарем.
Тибқи маълумоти олимону мутахассисон 60 дарсади захираи оби Осиёи Миёна дар Тоҷикистон мавҷуд мебошад. Барои муқоиса Қирғизистон 26,4 %, Ӯзбекистон 14,5%, Туркманистон 4,3%-и захираи нерӯи обии ин минтақаро дорад. Яъне, Ҷумҳурии Туркманистону, Ӯзбекистон дорои газу нафт бошад, Тоҷикистон соҳиби захираҳои бузурги об аст.
Дар қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳои Тоҷикистон захираи бузургӣ барфу пиряхҳо вуҷуд доранд, ки шумораи онҳо ба 14509 адад баробар мебошанд, ки 8 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо манбаи аслии обҳои софу зулоли Тоҷикистон ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд.
Пиряхи аз ҳама калонтарини Тоҷикистон Федченко мебошад. Пиряхи Федченко мӯъҷизаи беҳамтои табиати афсункори Тоҷикистон буда, дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи Улум дар водии байникӯҳӣ Помир ҷойгир шудааст. Пиряхи Федченко на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби рекордҳои замин низ дохил шудааст. Дарозии ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км2, ғафсиаш аз 700 то 1000 метр буда, паҳниаш то ба 3-5 км2 мерасад. Ҳаҷми умумиаш ба 93,8 км3 баробар буда, дар он қариб 100 км3 об захира шудааст. Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дошта, дар баландии 2900 то 7480 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар пиряхи Федченко баландтарин истгоҳи обу ҳавосанҷӣ сохта шудааст.
Бинобар ба ифлосшавии атмосфера ва дигаргунгаштани иқлим аз солҳои 60-уми асри гузашта, суръати баланди обшавии пиряхҳо дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
Аз рӯи ҳисоботи мутахассисон агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи об дар рӯи замин 64 метр баланд мешавад, ки ин фаногаштани ҳаёт дар як қисмати аъзами сайёраи мост.
Муҳимтарин захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо ва кӯлҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёҳои хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар аст. Дарозии ин дарёҳо аз 10 то 500 км ва аз он бештарро дар бар мегиранд.
Аз ҳама дарёҳои калонтарини Тоҷикистон Панҷ, Вахш, Бартанг, Зарафшон, Сирдарё, Оқсу, Қизилсу, Мурғоб ва Яхсу ба шумор мераванд, ки ба ҳисоби миёна ҷоришавии оби онҳо 56,2 км3-ро ташкил медиҳад.
Ин дарёҳо асосан аз ҳисоби пиряхҳо ва барфҳои мавсимӣ сарчашма мегиранд. Тавре, ки дар пайи омӯзиш мутахассисони соҳа муайян намуданд, оби ин дарёҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд.
Агар сарчашмаи захираҳои нерӯи обро дар ҳудуди Ҷумҳурӣ таҳлил намоем, чунин натиҷа ба вуҷуд меояд: 62% – дар ноҳияҳои ҷанубу ғарб рӯдҳои Панҷу Вахш; 27% – рӯдҳои Бадахшон; 11%- ба рӯдҳои ноҳияҳои шимоли кишвар рост меояд.
Дар баробари дарёҳо дар мамлакат беш аз 1300 кӯлҳо мавҷуданд, ки масоҳати умумии онҳо ба 705 км2 баробар мебошад, дар ин кӯлҳо 43,6 км3 об захира гаштааст, ки аз ин 20 км3 оби ошомиданиро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди оби зеризаминӣ вуҷуд дорад, ки захираи умумии онҳо солона 6,9 км3 –ро ташкил медиҳад. Аксари обҳои зеризаминӣ ошомиданӣ буда ба талаботи санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳои оби минералӣ мавҷуд аст, ки аксарияти онҳо хусусияти шифобахши доранд ва Тоҷикистонро ганҷинаи бузурги обҳои минералии шифобахш низ меноманд. Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон кӯлу дарёҳое ҳастанд, ки ҳар бинандаро мафтуни худ месозанд ва ҳамасола садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба тамоиши он меоянд.
Дар васфи онҳо низ қиссаҳову афсонаҳо ва ривоятҳои зиёде ҳам эҷод шудаанд, ки басо ҷолибанд.
Кӯҳҳои Фон, ки дар қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон ҷойгиранд, аз Шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғзор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофи сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳи сарчашма мегирад. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғзор ё Ҳафт нозаниннишин бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад.
Кӯлҳои Марғзор аз 7 кӯли Фирӯзранг мисли Миҷгон, Соя, Нофин, Хурдак, Марғзор ва Ҳазор чашма иборат буда, силсила монанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст.
Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғзор ва ба хусус кӯли Миҷгон бо ранги ғайри оддии обаш хеле зебо мебошад.
Искандаркӯл – яке аз кӯлҳои дигари зебои кишвар маҳсуб меёбад, ки дар баландии 2195 – 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Искандаркӯл то 88 метр чуқурӣ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ дорад.
Кӯли Сарез – дар баробари Искандаркӯл кӯли дигаре, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст, ин Сарез аст. ки он дар Помир дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дарозии кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, чуқуриаш то 500 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби он 17 млрд.метри мукааб буда вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна баробар аст. Ин кӯл ба ғайр аз рӯди Мурғоб аз дарёи Оқсуи Афғонистон сарчашма мегирад. Ба ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчакӣ мавсимӣ мерезанд. Ин кӯл соати 2315 дақиқаи шаби 18.02.1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора ба сари роҳи рӯди Мурғоб ба вуҷуд омадааст. Аз қисми Шимолии Тоҷикистон 197 км ҷорӣ аст.
Сирдарё – яке аз артерияҳои бузурги оби сарзаминӣ Осиёи Миёна буда, 443000 км2 масоҳат дорад. Тӯли он аз шимол ба ҷануб масофаи 800 км. ва аз ғарб ба шарқ 1600 км. аст. Ҳавзаи Сирдарё 32%-и масоҳати Осиёи Миёнаро ишғол кардааст. Ҷараёни солонаи дарё 14 км. мукааб аст. Сарчашмаи асосии Сирдарё асосан ба қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Тёншон ва нишебиҳои қаторкӯҳҳои Олой ва нишебиҳои шимолии қаторкӯҳҳои Туркистон мансуб аст. Сирдарё аз рӯдҳои Норин ва Қародарё сарчашма мегирад. Саробаш Норин ном дорад,ки дар ғарбии Қирғизистон ҷойгир аст. Дарозии умумии Сирдарё аз он ҷое, ки Қародарёю Норин бо ҳам пайваст мешаванд, беш аз 2220 км-ро ташкил медиҳад. Масоҳати ҳавзаи обғундории Сирдарё 219000 км2 аст. Дарёҳои қаторкӯҳи Туркистон, Олой ва Тёншони ғарби, ки оби худро ба Сирдарё мерезанд пуроб шуда, ба воситаи водии Фарғона ва пастии Тӯрон ҷори шуда, сипас ба қисми шимолу ғарбӣ тоб хӯрда, аз домонаи қаторкӯҳҳои Қаротоғ мегузарад. Баъдан даштҳои ҳамвори Қазоқистонро убур карда, ба баҳри Арал мерезад. Сирдарё аз барфу пиряхҳои доимӣ ғизо мегирад. Барои он, ки дар қисми кӯҳии Сирдарё пиряхҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин рӯ ғизогирии Сирдарё ба типи ғизогирии пиряхию барфӣ рост меояд.
Танҳо қисми шимолии қаторкӯҳҳои Туркистону Олой зиёда аз 250 пирях дорад. Дар болобии дарёи Норин бошад 200, дар қисми ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Фарғона 57 пирях ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии пиряхҳо 2208 км2 аст.
Зарафшон – яке аз дарёҳои дигари Тоҷикистон буда, манбаи асосии пуршавии баҳри Арал ба шумор меравад. Дарёи Зарафшон дар ҳудуди кӯҳистони Тоҷикистони марказӣ дар вилояти Суғд ҷойгир буда, масоҳаташ 12300 км2 -ро ташкил дода, ҳамагӣ 877 км дарозӣ дорад. Ин дарё дар кӯҳистони Мастчоҳ аз пиряхҳои Зарафшон сарчашма гирифта, ба самти ғарб, ҳаракат мекунад. Ҳамаги 316 км дарёи мазкур ба қаламрави Тоҷикистон мансуб аст. Зарафшон зиёда аз 100 шохобҳои хурду калон дорад. Аз ҷумла шоҳобҳои асосиаш Фондарё, Моғиндарё ва Шингдарё мебошанд. Дар ғарби ноҳияи Панҷакент дарё ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуда, ба самти Самарқанд равон мешавад ва тақрибан боз 400 км идома меёбад.
Тавре, ки мутахассисон, олимони соҳа дар пайи омӯзиш муайян карданд, ҳар як дарёҳои Тоҷикистон, ки шумораи онҳо наздик 1000 ададро ташкил медиҳанд, аз пиряхҳо сарчашма гирифта обҳояшон аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд ва дорои захираҳои бузургӣ обӣ ҳастанд. Мувофиқи маълумоти мутахассисон имрӯз қариб сеяки аҳолии сайёра аз дастрасии ба оби ошомидани мушкили дошта, дар баробари ин дар кишварҳои дар ҳоли рушди иқтисодӣ қарор дошта, талабот ба об зиёд мешавад.
Бинобар ба маълумоти бонки ҷаҳонӣ сол то сол аҳолии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ба мушкилии норасоии об дучор гардида, афзоиши шумораи аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисодӣ мушкилоти иловагӣ барои ин кишварҳоро ба бор меоваранд.
Бинобар ин ба иттилоотии коршиносон дастрасии солонаи обба ҳар як сари аҳолӣ айни замон дар минтақа 2500 метри мукааабро ташкил дода, соли 2030 поёнравии он ба сатҳи 1700 метри мукааб пешбинӣ мешавад, ки сатҳи байналмилалии эътирофшудаи норасоии об мебошад.
Масъалаи оби тоза ва таъмини он ба аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз проблемаҳои асри ХХI маҳсуб меёбад. Чунки аз нарасидани оби ошомиданӣ, ҳар сол дар ҷаҳон беш аз 1млрд. аҳолии кураи замин танқиси мекашанд ва аз истеъмоли оби нопок беш аз 5 млн., одамон вафот мекунанд. Зиёда аз даҳҳо миллион ба касалиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Рӯдҳои кӯҳӣ, обҳои маъданӣ ва чашмаҳои оби зулолӣ Тоҷикистон низ сарвати беинтиҳои кишвар буда, Тоҷикистон метавонад баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонии оид ба дастрасии ба оби тозаи нӯшокӣ саҳмгузор бошад.
Об яке аз сарватҳои муҳими табии буда, норасоӣ ва истифодаи нодурусти он дар сайёра мушкилоти нав ба навро эҷод мекунад. Бинобар ба таҳлили коршиносон то соли 2025 агар проблемаи норасоии оби тоза ҳалли худро наёбад наздик 3 млрд. сокинони сайёра ба шадидтарин мушкилот дучор гардида, қурбони норасоии оби ошомиданӣ мегарданд.
ассистенти кафедраи маркетинг – агробизнес Азимова М.М.