ПИРЯХҲО – ҚИСМИ БИОСФЕРА ВА КОНСЕНТРАТСИЯИ МОДДАҲОИ ЗАҲРНОК
Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 (25.03.2023) дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, қайд намуданд, ки мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, яне масъалаи об ва оби ошомиданӣ дар сатҳи сайёра тавваҷӯҳи тоза ва махсус дошта бошем.
Сарвари давлат дар суханрониҳои худ, дар баробри талошҳо ва ҳадафҳои судмандро ба хотири масъалаи глобалии об, обшавии босуръати пиряхҳо доимо таъқид намуда, иброз медоранд, ки идомаи ин раванд ояндаи инсониятро зери хатар мемонад.
Дар баробари обшавии пиряхҳо масъалаи дигари муҳим низ дар ин самт мавҷуд мебошад, ки ин ҳам масъалаи ифлосшавии ях ва пиряхҳо аз ҳисоби партовҳои корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсуб меёбад. Дар мақолаи мазкур назаре дар ҳалли ин мазъала мавриди татқиқот қарор дода шудааст.
Мафҳуми ях ҳамчун ҷузъи биосфера ҳисобида шуда, бо дастаи моддаҳои хусусияти геосферадошта алоқаманд аст. Дар форматсиҳои ях равандҳои мураккаби биогеохимикӣ ба амал омада, барои организмҳои фототрофӣ ва гетеротрофӣ ҷойҳои махсуси экологӣ ташаккул меёбад. Консентратсияи моддаҳои заҳролуд дар минтақаи алоқамандии обу ях дар давраи зимистон баррасӣ мешавад. Дар мисоли дарёҳо, ки тақсимоти моддаҳои ифлоскунанда дар ях пас аз садамаҳои техногенӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуқӯъ меоянд.
Донишҳои дақиқи фаъолияти биосферӣ, омузиши муфассали мавқеи материяи зиндаро дар равандҳои гуногуне, ки дар ҳамаи қисмҳои таркибии он: атмосфера, литосфера ва гидросфера ба амал меоянд, дарбар мегирад. Мавҷудияти ҳаёт дар тамоми ҷузъҳои сохтории биосфера бешубҳа исбот шудааст. Бо вуҷуди ин, аксар вақт равандҳои мураккаби биогеохимикиро мутахассисони соҳаҳои гуногун аз ҳамдигар дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунанд , ки ин барои фаҳмиши умумӣ ва ягона аз нуқтаи назари ҳолати ҷузъҳои он, монеа мешавад.
Маълум аст, ки ташаккули сифати об дар гидросфера дар зери таъсири омилҳои сершумори эндогенӣ ва экзогенӣ сурат мегирад. Дар вактҳои охир диққати асосӣ ба омӯзиши равандҳои биохимиявӣ дар минтақаҳои алоқаманди гидросферӣ: обу ҳаво, обу –ях дода мешавад.
Ягонагии фазо –вақт дар гидросфера, хусусияти мавсимии таъсири омилҳои алоҳида, омӯзиши актуалии равандҳои пиряхӣ ва биохимиявӣ дар ях ба амаломадаро муайян мекунанд. Ях нақши махсусро ба сифати монеаи биогеохимикӣ дар байни геосфераҳои гуногун мебозад . Дар таъсири мутақобилаи байни атмосфера ва гидросфера, ях ҳамчун аккумулятори тавонои моддаҳои захрнок баромад мекунад. Фаҳмиши мо дар бораи нақши ях дар фаъолияти биосфера тавассути истифодаи равиши геоэкологӣ ва мӯзиши он , махсусан агар мо ба ҷузъи органикии ях ва “материяи зинда” диққат диҳем, боз ҳам возеҳ мегардад. Худи фаҳмиши геоэкологӣ, ҳамчун илми байнисоҳавӣ, ки «функсияҳои экологии сфераҳои абиотикии Замин, қонуниятҳои башаклдарорӣ ва тағирёбии фазо ва вақт дар зери таъсири сабабҳои табии ва техногени алоқаманд», омӯхта мешавад, бо он муайян карда мешавад, ки таркибҳои фазавии бартарияти қисми моддаи литосфера, гидросфераи руизаминӣ ва атмосфера ба куллӣ фарқ мекунанд, бинобар ин, шароити муҳити зисти дар онҳо ба вучуд омада, ба гуногунии биологии биосфера таъсири калон мерасонад. Дар байни геосфераҳо, криосфера ва ташаккули хоси геохимиявии он, ях мавқеи махсусро ишғол мекунад. Истифодаи ях ҳамчун объекти омӯзиши ҳолати экологӣ ва махсусан дарёҳо, кӯлҳо ва баҳрҳо имкон медиҳад, ки ба як қатор саволҳои марбут ба арзёбии таъсири глобалӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ифлосшавии сатҳи гидросфера ҷавоб дода шавад. Дар маҷмӯъ, аз ҷумла одамон; муқаррар намудани шакли ташаккули сифати об дар зери таъсири якҷояи омилҳои табиӣ ва антропогенӣ дар давраи яхбандӣ; асосноккунии табиию илмии системаи муосири ба эътидол овардани сатҳи ифлосшавии обҳои табииро пешниҳод намуда, дараҷаи хавфи ҳодисаҳои техногениро дар давраи зимистон арзёбӣ намояд. Бо назардошти консепсияи В.И. Вернадский [3] оид ба таъсири мутақобилаи ҷузъҳои сохтории биосфера метавон гуфт, ки ҳамаи ин геосфераҳо дар ташаккули таркиби химиявии ях бевосита иштирок мекунанд. Ҳамин тавр, ба атмосфера партофтани моддаҳои ифлоскунандаи гуногуни саноатӣ ва карбогидридҳои пайдоиши пирогенӣ боиси олуда шудани қабатҳои руизаминии ях мегардад. Яхро «архив»-и пайвастагиҳои химиявие, ки дар давоми якчанд аср дар атмосфера муҳоҷират мекунанд, меноманд. Ифлосшавии баҳрҳои арктикӣ ва ҷузъҳои онҳо (об, таҳшинҳои поёнӣ, яхҳо, гидробионтҳо) бо шаклҳои хлорорганикӣ инчунин дар натиҷаи интиқоли атмосфера ва обҳои дарёҳо аз минтақаҳои нимкураи шимолӣ ба амал меояд. Омӯзиши қабат ба қабати ях дар шимоли минтақаи Уқёнуси Ором имкон медиҳад, ки ба воситаи “сигналҳои химиявӣ” –и динамикаи эмиссия, нақлиётӣ ва таҳшинии ионҳои оҳан, ки аз Осиё дар вақти тӯфонҳо меоянд, тасвир намояд. Яхҳои Аляска барои барқарор кардани на танҳо иқлим, балки хусусияти таназзули хок низ истифода мешаванд. Таъсири мутақобилаи ҷолибтарин байни литосфера ва криосфера дар мисоли яхи дар хушкӣ буда, баррасӣ мешавад. Дар зери бартарии шамолҳои шимолу шарқӣ моддаҳои заҳролуд, ки дар давраи яхбандӣ аз дарёи Амур ворид мешаванд, оҳиста-оҳиста дар соҳили шарқии ҷазираи Сахалин ба сӯи ҷазираҳои Ҷопон муҳоҷират мекунанд.
Метаморфизатсияи криогении таркиби химиявии обҳои табиӣ як раванди бениҳоят муҳимест, ки дар экосистемаҳои обӣ дар давраи яхкунӣ ба амал меояд. Ҳангоми ташаккул ва обшавии ях дар системаи атмосфера-гидросфера -криосфера мубодилаи миқёси калони газ ба амал меояд ва ях ҷузъи муҳими биосфера буда, омили ташаккули вазъи экологии экосистемаҳои обӣ ва пайванди мобайнии гардиши гляциогении моддаҳо мебошад. Чуноне, ки дида мешавад, сохтори ях ва прияхҳо аз қисматҳои функсионалии биосферӣ вобастагӣ дошта, дар алоқамандӣ бо фазои экологӣ дар муҳити экосистемавӣ ба тағиротҳои қабатӣ дучор мегардад.
Ифлосшавии ях дар ядроҳои конденсатсионии сунъӣ, ҳангоми бориш ва намии аэрозолҳои антропогенӣ, ифлосшавии аэрогенӣ ба амал меояд. Вақте ки моддаҳои заҳролуд ба ях аз обҳои ифлосшудаи табиӣ дохил мешаванд, он дар дохили обанбор олуда мешавад.
Ях ҳамчун ҷузъи геосистемаҳо дар Арктика ва Антарктика муфассалтар омӯхта мешавад. Қайд карда шуд, ки яхи баҳрии обҳои соҳили Антарктида аз ҷиҳати сохти худ аз яхи баҳрии Арктика фарқ мекунад ва ин фарқият пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ташаккули таркиби онҳо аз обҳои уқьёнусе, ки шӯрнокии зиёд доранд ба амал меояд. Яхи Арктика асосан дар зери таъсири оби дарёҳо ба вуҷуд меояд. Ифлосшавии яхи баҳр аз ҷиҳати хусусияти худ фарқ мекунад ва бо характери равандҳои гуногуне, ки дар минтақаҳои алоқамад ба амал меоянд, муайян карда мешавад. Карбогидридҳо метавонанд дар натиҷаи резиши нафт ва сӯзишвории дизелӣ (механизмҳои конвективӣ-диффузия) ба массаи ях аз рӯи замин ворид шаванд ва дар навбати худ интиқоли энергия ва масса байни баҳр ва атмосфера низ мусоидат мекунад.
Хулоса, ях ва ё пиряхҳо ҷузъи муҳими биосфера буда, метавонад ҳамчун объекти тадқиқоти геоэкологӣ ва ҷузъи сохтории мониторинги байнисоҳавии гидросфера дар маҷмӯъ хизмат кунанд. Фаъолияти хоҷагии инсон дар гардиши глясиогении моддаҳо тағйироти ҷиддиро ба вуҷуд меорад, ҳамзамон шароити зиндагии як макони мушаххаси экологӣ таъсири худро мерасонад, ки дар он равандҳои мураккаби истеҳсолӣ ва харобшавӣ бо иштироки биокомплексҳо сурат мегиранд. Биосенозҳои ях дар поксозии худ ва ифлосшавии дараҷаи дуюми обҳои табии иштирок намуда, дар вақти ифлосшавӣ дар консентратсияи паст металлҳои вазнинро чамъ мекунанд ва баъзан бо усулҳои инструменталӣ дар оби зери ях ба қайд гирифта намешаванд. Ҳолати экосистемаҳои обӣ дар фасли зимистон аз маҷмӯи омилҳое вобаста аст, ки бо фаъолияти материяҳои зинда, дар минтақаи алоқаманди обу ях, хусусияти транзитӣ, таҳшиншавӣ, табдили байни моддаҳо, раванди обшавӣ ва дарозшавии фазо ва вақти ҷараёни таъсири токсикологиро доранд. Омӯзиши равандҳои пиряхӣ-биогеохимиявӣ, ки дар ях ба амал меоянд, қисми таркибии мониторинги ҳамаҷонибаи ҳолати биосфера шуда метавонад. Ин махсусан дар ҳалли як қатор проблемаҳои геоэкологӣ, ки вобаста ба муайян кардани омилҳои мавсимии тағйирёбии сифати об, арзёбии хатари ифлосшавии фаромарзӣ дар давраи яхбандӣ ва ивазшавии яхҳо ҳангоми резиши яхҳо ва ташаккули сатҳӣ аз ҷиҳати экологӣ қобили таъсир ба геосистемаҳо бо назардошти таъсири мавсимӣ ва мураккаби моддаҳои захрнок маҳсуб меёбад.
Ғаюров Ҳ.Ш.-н.и.ф.м., дотсент,
муовини ректор оид ба корҳои
таълими ДДҲБСТ