Аз баромадҳои онлайнии худ Кабирӣ “очко” гирифтанӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлоли демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии қабулнамудаи дохилидавлатӣ ва байналхалқӣ муносибатҳои дохилидавлатӣ ва байналхалқии худро ба роҳ мондааст.

Аз рўзи ба даст овардани соҳибистиқлолии давлатӣ то ба имрўз кишвари мо бо бисёр муаммоҳо ва монеаҳои дучор шуда аз онҳо бо сарбаландӣ баромадааст. Алалхусус солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвари мо ба вартаи ҷанги шаҳрванди гирифтор шуда, қариб буд аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шавад. Зеро дар ин давра як қатор ҳизбҳои сиёсӣ пайдо шуданд, ки барои ба даст овардани ҳоқимият муборизаро оғоз намуданд.  Аз он ҷумла дар ин бозиҳои сиёсӣ ҳизби мамнуъгардидаи наҳзат  фаъолона иштирок намуда буд.

Ҳизби мазкур барои ба даст овардани ҳокимият на бо роҳи қонунӣ балки бо роҳи ғасби он мехост ҳокимиятро ба даст оварад.  Мақсаду ниятҳои худро то андозае амлӣ намуда, пойтахти кишварро зери таъсири худ қарор дода, сохторҳои давлатиро, ки дар пойтахт қарор доранд фалаҷ намуданд. Вазъияти  бавуҷудомада боиси оғози ҷанги шаҳрвандӣ  ва талафоти зиёди модӣ ва маънавии кишвар гардид. Вазъияти сиёси саркарда аз баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тағйр ёфта, марҳила ба марҳила мушкилотҳои мавҷударо бартараф намуда, дар як вақти кутоҳи таърихӣ тавонист, ки кишвари ҷангзадаи моро ба як кишвари бо амну субот ва ру ба тарақӣ табдил диҳад.

Кишварро аз вартаи нестшавӣ наҷод дода то ба сатҳи имрўза росонидани он кори саҳлу осон набуд. Лекин дар якҷоягӣ бо мардуми тоҷик сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки кишварро ба ин сатҳ расонанд.  Ҳамаи дастовард ва хизматҳою ҷонфидоии сарвари кишварро ба инобат гирифта ба Президенти кишвар унвоҳои фахрии Қаҳрамони миллӣ ва Пешвои миллатро шоиста донистанд.  Ба чунин унвонҳои баланд созовор гардидани Президенти кишвар нишони боварӣ ба сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи Ў ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи инро рақибони сиёсӣ ва аз он ҷумла Муҳддин  Кабирӣ, ки бо ҳар роҳу восита кӯшиши ба даст овардани ҳокимиятро мекунад, хуб дарк менамояд. Зеро Кабирӣ хуб дарк мекунад, ки миллати тоҷик хизматҳои шоистаи Сарвари давлатро ҳеҷгоҳ аз хотир намебароранд ва дар интихоботи дар пешистода интихоби худро ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон медиҳанд. Аз ин лиҳоз М. Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш хуб медонанд, ки ба ҷуз ҷангу низоъ ба сари миллати тоҷик овардаашон, дар назди миллати тоҷик ягон дастовард надоранд.

Бинобар ин ба ҷуз сиёҳ кардан ва бофтани дуруғу буҳтонҳо нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар коре карда наметавонанд. Лекин мутасифона ба ҷуз сиёҳ кардан ва паст задани давлату миллати тоҷик ҳунаре надорад. Зеро дар тамоми фаолияти “сиёси”-и худ М. Кабирӣ  ва ҳаммаслаконаш танҳо ба ҳамин кор машғул буданду халос. Агар онҳо ягон ҳунари дигар медоштанд, дар ин вақт ба он машғул гардида роҳи зиндагии худро меёфтанд ва дигар муҳтоҷ ба пулҳои хоҷагони хеш намешуданд. Лекин чунончи дар урфият мегўянд “вайрон кардан осон вале барқарор намудан мушкил” давлати тинҷу ободро дида боз орзўи ба сари ҳокимият омаданро карда истодаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ин қабил бо ном “сиёсатмадорон”  ҳар вақте, ки орзўи ба даст овардани ҳокимиятро карданашон дар кишвар ҷангу низоъ ва бетартибиҳо сар мешуданд. Зеро чуноне, ки дар боло зикр намудем дигар ягон ҳунар надоранд ба ҷуз таҷрибаи низоъандохтанд ва давлату миллати худро сиёҳ ва паст задан дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва инчунин худро мусичаи бегуноҳ нишон додан.

Бояд қайд намуд, ки дар ин муддат мардуми шарафманди кишвар сиёҳро аз сафед ҷудо кардаанд ва ҳеҷ зарурат ба маслиҳатгар надорад. Аз он ҷумла ба он шахсоне, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ шуда, дар хориҷи кишвар нишаста мардумро роҳи “дуруст” нишон додани мешаванд, надорад. Мардуми тоҷик медонад, ки дар интихоботи дар пеш истода ба кадом номзад овоз диҳанд.

Давлатов У. Н. – ассистенти кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like