Интихобот яке аз нишонаи давлати демократӣ
Чуноне, ки маълум аст дар давлатҳои демократӣ доир гардидани интихоботи президентӣ, яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Яке аз хадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин барои беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб мебошад, ки имруз ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад ва аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори ин гуна ифторҳо ва суханони пур аз фиребу дурўғи он нафарони мазлум нагарданд.
Дар мадди аввал аз тамоми сокинони миллат талаб карда мешавад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ин гуна хоинони миллат ва хабаркашони шахсони лаънатзадаро фарқ карда тавонанд. Онҳо бо ҳар роҳу усулҳо маълумотҳои нодурустро дар байни мардум паҳн карда, мехоҳанд дар ҷомеа низоъ андозанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кўшиш менамоянд ва дар рафъи ин гуна зуҳуроти нафратовари ҷомеа, ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, инчунин баҳри нигоҳдории ҷони ҳар шаҳрванди кишварро аз ин гуна нафарони номатлуб кўшишҳои зиёде намуда истодаанд.
Ноил шудан ба сулҳу ваҳдат ин кори осон набуд ва боиси хурсандист, ки мо имрўз онро доро ҳастем ва нагузорем, ки шахсони мақсади ғараз доштаю душманони халқ ба он дахолат кунад. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафманди тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст. Нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ин вазифаи ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сабаби он шуд, ки имрўз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем. Хоинони миллат бидонанд, ки имруз сарвари давлат дар куҷое, ки набошанд ва қарор надоранд доимо баҳри ояндаи нек ва рушди босуботи кишвари маҳбубамон кушиш менамоянд.
Мо шаҳрвандони кишвар фахр аз он дорем, ки тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистон зисту зиндагонӣ дорем ва намегузорем, ки ба ин кишвари биҳиштосо ва Сарвари хирадманду тавонои он бо чашми бад нигоҳ кунанд.
Дар ҳақиқат ин нотавонбинон (аъзоёни ТЭТ ҲНИ) доиман кўшиши нобасомониву нотинҷиии Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба сулҳу субот, амнияту ваҳдат ва тинҷиву осудагии Тоҷикистон халал ворид намоянд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳақиқат аз хиёнаткориву нокомиву бадхоҳии хоинони миллати тоҷик хуб огаҳӣ дорем ва ҳамагуна зуҳури чунин афроди нотавонбинро маҳкум менамоем.
Тавре дар моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Ҳамаи фаъолият ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Итминони комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри як порчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азаизам сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд. Ягон нохалафро мақсадҳои муғризаш ба ҳадаф намерасад, зеро Тоҷикистон макони ободу сулҳофар асту боқӣ мемонад!
Абдувоҳидов М. Р. – коргузори кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ