Сенарияи инқилоби ранга дар Белорус

Таҳлили маълумот дар бораи  вазъияти имрўзаи сиёсӣ дар Белорусия  аз он шаҳодат медиҳад, ки  роҳбарии  А.Лукашенко миёни ҷомеаи кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бо роҳ додани як қатор хатогиҳои ҷиддӣ ноустувор гардид.

А. Лукашенко ташкили фазои мусоиди интихоботиро дар кишвар таъмин карда натавонист, баракс тариқи  ВАО  баромадҳои зоҳирӣ карда, нутқи  худро  танҳо бо ҳиссиёт ба таъсири рақибони  «беруна» бахшид, тағйиротҳои  соҳаи  иҷтимоӣ  ва иқтисодии кишварро дастоварди шахсии худ  донист, нисбати шарикони  иқтисодии кишвари худ даъвои беасос карда,  вазъиятро  атрофи  номзадии  худ   мураккаб ва  осебпазир кард.

Лукашенко дар маъракаи таблиғотӣ ва омодагирӣ ба таври кофӣ кӯшиш  накарда, аз иштирок  дар чорабиниҳои пешазинтихоботӣ худро канор гирифт, бо шаҳрвандони оддӣ вохўрии ошкоро нагузаронд, ба масоили мубрами иҷтимоӣ ҷавоби асоснок надод. Вохўрии вай бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ  ба  намоиши  пешакӣ омодашуда монандӣ дошт.

Масъулони Ҳукумати  А. Лукашенко ба хабарҳое, ки бо воситаҳои расонаҳои хабарӣ, хусусан «Радиои Озодӣ», «Садои Амрико», «Мавҷи Олмон», «Би-Би-Си», «The Guardian» арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ- иҷтимоиро  дар Белорус  аз нигоҳи манфиатҳои  гурўҳиву  минтақавӣ арзёбӣ шуданд, эътибор надоданд. Нисбати чунин иттилоот раддия асоснок изҳор накарданд, бепарвоӣ зоҳир карданд ё хомўшӣ, беандешагӣ, бемасъулиятиро нисбати чунин  падидаҳо авло донистанд.  Чунин омилҳои осебпазир бо  мурури вақт, дар вазъияти интихоботи  президентӣ  боиси сусту фалаҷ гардидани баъзе ниҳодҳои давлатӣ дар ҳалли таъҷилии муаммоҳову фавран ва бамаврид амал кардан  ва  авҷи таблиғу ташвиқоти  зўроварӣ, бадбинӣ ва ниҳоят низоъи иҷтимоӣ гардид.

Чун ҳолатҳоро рақибони сиёсии А. Лукашенко, бо дастгирӣ ва маблағгузории давлатҳои  ба ном «демократии Шўрои Аврупо» истифода бурда, аз рўи сенарияи инқилоби ранга фаъолияти зиддиҳукуматии худро  ошкоро фаъол карданд.

Ин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҷомеаи муосир омилҳое вуҷуд доранд, ки боиси  пастравии  сатҳи  масъулиятшиносӣ, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  мешаванд.  Ғайр аз ин, қувваҳои моҷароҷўи давлатҳои Ғарб дастовард ва пешаравии давлатҳои собиқ ИҶШС нодида  мегиранд, ба ҳаёти сиёсии ин кишварҳо ошкоро дахолат мекунанд, бо маблағузорӣ ва ёрии  расонаҳои хабарӣ кушишҳои паст кардан ва  коҳиш додани  низоми давлатдорӣ  ва  шарикии онҳоро бо тарғибот ташвиқоти умум давом дода истодаанд.

Дар чунин вазъият масъулияти  мо аз он иборат аст, ки аз чунин рўйдодҳои замони муосир бохабар бошем, давлати миллӣ, Истиқлолият ва  дастовардҳои онро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем. Муттаҳидӣ, якдилӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании маънавӣ будани аҳли ҷомеа,  хусусан ҷавонон  қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти таҳрибкориро, ки ба нооромӣ,  бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта  нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намояд.

Устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо дар самти кору фаъолияти худ масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, эътибори кишвар дар арсаи  ҷаҳонӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кўшишу талоши пайваста дошта бошем.

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like