Чатри худкор барои ҷамъоварии зардолу
Дар доираи озмоишгоҳи инноватсионӣ 12 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи умумии 33800 сомонӣ дастгирии молиявӣ ёфт. Лоиҳаҳои беҳтарин дар озмуни ҷумҳуриявии Академияи илмҳо, Форуми миллии “Пешсаф”, озмуни вилоятии ихтироъкорон ва навоварон ширкат варзида, сазовори ҷойи намунавӣ гардиданд. Дар форуми миллии “Пешсаф”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, лоиҳаи “Маҳорат” (таҷҳизот барои ғундоштани зардолу) дар озмуни вилоятии ихтироъкорон ва навоварон ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардид ва ба маблағи 7000 сомонӣ барои истеҳсоли таҷҳизот дастгирӣ ёфт. Инчунин барои фурӯши ин таҷизот бо хоҷагии деҳќонии “Азиз” шартнома баста шуд.
Машарифов Комрон Холиқбердиевич – мутахассиси Парки технологии донишгоҳ дар озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” барои ихтирои «Чатри худкор барои ҷамъоварии зардолу» ҷойи якумро ишғол намуд.