Эътирози подарҳавои наҳзат

Анвар Мунаваршоеви азиз, мақолаи “Такя ба мардуматон”-ро хонда, кас ба ҳайрат меояд. Шумо худатон ягон рўз дар Тоҷикистони маҳбубамон зиндагӣ кардаед ё аз диди дигар ашхос Ватани ҷоноҷонамонро таҳлил карда истодаед?

Солҳои 90-ум камина ҷавон будаму лек аз омадани сарварамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат шоду нишоти ҳам пиру ҳам ҷавонро хуб дар хотир дорам. Ёд дорам, дар як муддати кўтоҳ бўҳрони сиёсиву иқтисодӣ чӣ қадар ҳаёти шаҳрвандонамонро канда кард, чӣ қадар инсонҳо беному нишон шуда рафтанд, кўдакони бечора ятим гашатанд, модарону хоҳарон фарзандону бародарон ва шавҳарони худро гўрониданд. Ҳамчунин, дар он солҳо камина хуб дар хотир дорам Тоҳири Абдуҷаббори аз ҳама касу амал норозӣ, Аслонови сарнагунсозандаи ҳайкали Ленин, Искандарови хизматгори ҳам ҳизбҳои демократӣ  ва ҳам хизматгори дигар хоҷагони хориҷӣ, Тўраҷонзодаи дар забон номи Худову рафтору кирдор тамоман номаълум, ки мардумро ба ҷои ором кардан ба иғвову талотум меандохтанд. Дар ҳамон солҳову замона бо омадани як ҷавонмарди орому нуронӣ, ки оянда сарвари мамлакатамон гашт, дар тамоми оилаҳои тоҷикон сулҳу амонӣ, баракати рўзгор барпо гардид. Акнун Шумо, Анвар Мунаваршоев, бо ҳама бухсу адоват оиди ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу вахдат, Пешвои миллатамон сухан меронед.

Кас мехоҳад ба шумо хитоб кунад: “Э, ҳой, ҳамватан, ту худат ҳушёр ҳастӣ? Барои чӣ дурўғ мебофӣ, ба кас тўҳмат мекунӣ? Қадри хизматҳои Сарвари давлатро паст мекунӣ?

Оё шумоён, чунин рўзноманигорони “сиёсӣ” дўстро аз душман фарқ карда метавонед? Гуфта метавонед, ки яроқу аслиҳаро ба дасти “боевикҳо”, роҳзану ғоратгарон, шахсони беномус дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кӣ супурд? Кӣ давлатамонро қариб ба сарнагунӣ оварда расонд? Магар на он ашхосе, ки ҳоло худро “ҳақиқатпарвар” меноманду “ғамхории” худро аз хориҷи кишвар ба мо баён менамоянд?

Магар дар хотир надоред, кӣ баъд аз ҳодисаҳои талхи кишварамон кӣ ваҳдату якҷоягиро ба даст овард?

Кӣ тоҷикро бо тоҷик оштӣ доронд?

Кӣ гурезагонро ба Ватан баргардонд?

Ки аз гуноҳи душманони халқ гузашта, ба “гузашта салавот гуфт” ва шахсони роҳгумкардаро ба яроқсупорӣ водор кард? Ононро ба роҳи сулҳу созандагӣ раҳсипор кард?

Канӣ ба мо ҷавоб диҳед, кадоме аз шахсони дар боло зикршуда чунин корро карда тавонистанд?

Ба ҳамаи ин дастовардҳо, ҳамин марде, ки ба давлати харобу абгоршуда сарвар гашта ба халқаш нону озуқа, ба нафақахўрону маъюбон нафақа, ба ятимону оилаҳои бесаробонмонда падарвор муомила кард, сабабгор шуд. Ҳамаи ин амалҳо, ки сулҳу оромиро ба кишвар овард, натиҷаи шуҷоату матонати Президенти кишварамон мебошад ва халқи асолатдидаи мо бо минатдории беандоза ҳама вақт хизмати ин Шахсро вирди забон меорад ва асло фаромўш нахоҳад кард.

Дар ҳамон солҳои мудҳиштарин чаро ягоне аз болономбаршудагон сари майдони сиёсӣ наомаданд? Марди майдон буданашонро нишон надоданд?

Акнун ки халқу Ватан ҳаёти орому осоишта дораду тамоми муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, корхонаҳову бозорҳо ба кор даромадаанд, кўдакон хандаҳои беғаш мекунанд, модарон аз бахти фарзандонашон меболанд, мўйсафедон, чун дар замонаҳои тинҷиву оромӣ бо виқору солор дар чойхонаҳо нишаста сўҳбати дўстона мекунанд, шумобаринҳо боз ҳамаро ба гирдоби бало гирифтор карданиед.

Ҳайфи шумо!!!

Чаро акнун чунин рафтори ноинсофона мекунед, ғайбату дурўғ мебофед? Барои чӣ ба давлати озоду ороматон шукргузорӣ намекунед?

Анвар Мунаваршоев, ҳоло ҳам дер нашудааст, ба Ватан хизмати поквиҷдонона кунед! Ба шодиву сурур ва меҳнату созандагии давлати ягонаамон ҳамроҳ бошед! Аз дурўғу бўҳтонҳои бофтаатон худдорӣ намоед!

Холо тамоми халқи меҳнатқаринамон аз гулгулшукуфии Ватану кишвар ба ваҷҳ меоянд! Озодона меҳнат мекунанд, иқтисодиёти диёрамонро баланд мебардоранд, корхонаву нерўгоҳҳо барпо менамоянд. Канӣ як ба давлатҳои Африко, ё ақалан Афғонистони ҳамсоя нигаред! Халқҳое ки яроқ бар даст ба ҳукуматдорон фишор меоранд, ба ягон мақсаду ҳадафҳояшон расидаанд???

Як гапе гўед, ки асоснок бошад! Бўҳтон набофед!

Сарвари давлатро “ба тариқи зўроварӣ соҳиби ҳокимият шуд” мегўед. О мо ҳар яке аз ҳаммаслакони он касро, ки шабу рўз қишлоқ ба қишлоқ, ҷамоат ба ҷамоат гашта ҳамроҳи Сарвари давлат кишвари қариб пошхўрдаамонро барқарор кардаанд, хуб мешиносем ва бо ифтихору бо муҳаббат номи онҳоро вирди забон меорем. Кадоми онҳо бо маҷбуриву зўроварӣ ҳаммаслаки Президентамон шудаанд? Ҳар яки он шахсон аз ҳар кунҷи давлати чабрдидаву пора-порашудаамон буданд, ки ягон хешие ё наздикие ба Сарвари давлат надоштанд, халқ онҳоро ҳамчун намояндаи худ ба тариқи демократӣ интихоб карда буд. Намояндагони халқамон ба Сарвари давлатамон комилан бовар карданд, гирди он кас муттаҳид шуданд, давлатамонро аз бумбасти сиёсӣ раҳо карданд.

Лукашенко ва роҳбарии ўро мисол овардаед. Худатон иқрор шавед, то ҳоло дар муддати 30 сол давлати Белорусия ягон ҷангу ҷидол надошт ва акнун хоҷагони хориҷа ба оромии ин давлат низ чашм ало карда, зарари худро расонида истодаанд. Украинаи бечора чанд сол боз аз бўҳрони сиёсӣ халос шуда наметавонад ва он чизе, ки Ватану халқи мо дар солҳои 90-ум аз сар гузаронида буд, ҳоло дучор шудааст. Шахсони ғаразноку ба халқу ватани худашон душмани  ин давлатҳо ба мамлакаташон оромию осудагиро оварда натавониста, рўз аз рўз давлату иқтисодиёти пешрафтаи худро ба гирдоби бўҳронҳо тела карда истодаанд.

Анвар Мунаваршоев, сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед гуфтан даркор аст, на он ки тўҳмату бўҳтонгўӣ карда обрўву нуфузи худро бо чунин амал паст кардан. Одамӣ ба дунё як маротиба меояд, ҳаракат кунед, номатонро тоза нигоҳ доред, бо суханҳои дурўғу бўҳтонҳоятон обрўятонро нарезонед! Ҳаёт сиёҳнавис надорад, он чизе ки пас аз худ мегузоред, бо он фарзанду наберагонатон зиндагӣ хоҳанд кард. Обрўву нуфузи худро эҳтиёт намоед! То ки ҳамчун дурўғгўй ва бўҳтоннавис машҳур нагардед!

Мирзоева Д.Д. – н.и.ф., дотсент,

 мудири кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like