Таҷрибаи талхи худиву бегонагон

Масъалаи «кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон» яке аз мавзӯъҳоест, ки пайваста Пешвои миллат зимни ироаи Паём ва суханрониҳои вижаи хеш баён медоранд. Воқеан шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳон дар Шарқи наздиқ ва дар ҳудудҳои кишварҳои пасошӯравӣ зимни шурӯи интихоботҳои парлумониву президентӣ бештар ба назар мерасад.

Чун дар интихоботҳо барои ба даст гирифтани ҳокимият ва минбаъд амалӣ намудани нақшаи геостратегӣ барои қудратҳои сиёсӣ фурсати бениҳоят муносиб мебошад. Аз ин ҷиҳат дар баробари наздик гардидани чунин навъ маъракаҳои сиёсӣ душманони давлату миллат бо таҳия намудани барномаҳои махсус ба амалҳои бадномкуниву сиёҳкунии ҳукуматҳо шурӯъ менамоянд. Дар ин робита ҳодисаҳои Белоруссия ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ амали тафриқаандозӣ, ҳангомасозӣ, бадномкунӣ, туҳмату дасиса, паҳнсозии маълумоти бардурӯғ аз ҷониби намояндагони ТЭТ ҲНИ нисбати фаъолияти аъзоёни Ҳукумати ҷумҳурӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Таҷрибаи талхи солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ва ҳодисаҳои охири Белоруссия бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати чунин ҳодисаҳои сиёсӣ бетараф намубад, зираку ҳушёр бошем ва ба ваъдаҳои бардурӯғи ҳаргуна созмонҳои сиёсӣ фирефта нагардем. Зеро чунин созмону ташкилотҳо асосан аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки мақсади асосиашон дар оянда зери дасти худ даровардани захираву боигариҳои кишвар мебошад. Аммо ин ҳадафҳои ғаразноки онҳо бо бадномкуниву кинабарагезӣ ва ба миён овардани нобоварии мардум нисбати ҳокимият амалӣ карда мешавад. Мутаассифона баъзе аз тоҷикони гумроҳшуда бехабаранд, ки онҳо ҳамчун бозичаи дасти қудратҳои сиёсӣ барои амали намудани мақсадҳои нопок ва муқобили манфиатҳои Тоҷикистон хизмат менамоянд.

Дар ин ҷода ишораи ҳамешагии Пешвои миллат, ки мардум таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накунанд ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз надиҳанд, бисёр муҳим мебошад.  Аз назари Роҳбари давлат яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем.

Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи таҳкими суботу оромӣ ва амнияти миллӣ хоса барои давлатҳои ба монанди Тоҷикистон ниҳоят мавзӯи пураҳамият мебошад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсоякишвар бо давлати Афғонистон дар маркази бархӯрди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳон қарор дорад. Ҳар як бозингарони сиёсати бузург дар Тоҷикистон манфиат доранд ва аз ҳар фурсати муносиб мехоҳанд вориди равандҳои сиёсии кишвар гардида, бо истифода аз мушкилотҳои дохилӣ авзои сиёсиро ноором намоянд. Дар ин амалҳо созмонҳои мухолифин беҳтарин восита барои абарқудратҳо хизмат менамоянд. Бинобар ин дода шудан ба ваъдаҳои дурӯғин ва шиорҳои авомфиребонаи онҳо метавонад иштибоҳи бузург ва ҷуброннашаванда гардад. Зеро ваъдаҳои онҳо танҳо барои соҳиб шудан ба қудрати сиёсӣ буда, ҳатто фаразан дар ҳолати ба сари ҳокимият расидан, онҳо бозича ва хизматгорони давлатҳои дигар мешаванд.

Масъалаи дигаре, ки ба таҳкими суботу оромии кишвар робита дорад, ин ҳарчи бештар наздик шудани ҳокимият бо мардум ва саҳмгузориву шарикии шахсони мансабдор дар ҳалли мушкилотҳои шаҳрвандон мебошад. Дар шароити рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ камтарин фосилагирии ҳукумат бо мардум имкони аз даст рафтани бовариву эътимоди байни шаҳрвандон бо ҳокимият мегардад. Зеро имрӯз даҳҳо каналҳои интернетӣ садҳо ваъдаи дар оняда беҳбуд бахшидани рӯзғори мардумро таблиғ намуда истодаанд, ки барои мардуми оддӣ он таблиғоти бардурӯғ метавонад ҳамчун ҳақиқат вонамуд гардида, сабаби пайвастани онҳо ба чунин ҷараёнҳои мухолифин гардад. Дар чунин вазъият муроҷиати пайвастаи Роҳбари давлат ба хизматчиёни давлатӣ бобати саъйу кӯшиш намудан ба беҳбуд бахшидани зиндагии аҳолӣ ва робитаи қавӣ доштан бо сокинон бисёр масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Қабул кардани шаҳрвандон аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия, ҳалли мушкилотҳои онҳо, ғамхорӣ нисбати мардуми камбизоат ва мунтазам ташкил намудани мулоқот бо мардум метавонад яке аз монеаҳои қувватгирии созмонҳои мухолифин ва ҷиноӣ дар дохил гардад.

Хулоса, дар чунин вазъияти ноороми сиёсии ҷаҳон саҳм гузоштан дар ҳифзи суботу оромӣ, амният, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва доштани ҳисси миллиӣ ва ифтихори ватандӯстӣ взаифаи муҳими ҳар шаҳрванд, аз ҷумла мо ҷавонон аст. Роҳи ягонае ки якпорчагии кишварро ҳифз намуда, ба рушди ояндаи он асос мегузорад, сулҳу ваҳдати миллӣ ва тақвияти корҳои ободкориву созандагӣ дар кишвар мебошад.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like