Аз низои Минск табли шодӣ задани мухолифин

Бояд қайд, ки 9-уми август марҳилаи асосии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия баргузор гардида буд. Аз 4-ум то 9-уми август овоздиҳии қаблӣ эълон гардида, давоми панҷ рӯз дар интихобот 32%-и овоздиҳандагон ширкат варзиданд. Дар ин иинтихобот 5 номзад иштирок намуданд: президенти кунунӣ Александр Лукашенко, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии Белоруссия «Грамада» Сергей Черчен ва номзадҳои беҳизб Тихановская Светлана, Анна Канопатская ва Андрей Дмитриев. 9-уми август интихобот оғоз гардид. Мувофиқи натиҷаҳои қаблӣ, дар интихобот Александр Лукашенко бо гирифтани 80,1% овозҳо ғолиб омад. Намояндаи мухолифин Светлана Тихановская ҳамагӣ 10,1% овозҳоро соҳиб шуд. Ҳамзамон, намояндагони ситоди Тихановская эълон карданд, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии алтернативӣ (онлайн), номзади мухолифин бо беш аз 80%-и овозҳо дар мақоми аввал қарор дорад.

Баъд аз гузаронидани интихобот дар Белоруссия вазъияти сиёсӣ – иҷтимоӣ тезу тунд гардид, зеро мухолифони Белоруссия оид ба баргузории интихобот норозигӣ баён карданд ва ин низоъ то охири моҳи август давом дорад. Мухолифон таҳти роҳбарии Сергей Тихановский ва баъд аз боздошт шудани вай барои барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, даъвати зӯроварӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкили бетартибиҳои оммавӣ, оилаи ӯ Светлана Тихановская номзадиашро ба қайд гузошта, тарғибу ташвиқот бурда мардуми Белоруссияро зидди Лукашенко равона карданд, ки дар натиҷа байни мардуми Белоруссия нисбат ба Лукашенко нобоварӣ пайдо шуд ва ин сабаб шуд, ки дар ин давлат вазъияти нооромӣ пойдор гардад. Дар маъракаи ташвиқу тарғиботи зидди давлатӣ ҳатто зиёда аз 20 кормандони соҳаи фарҳанги Белоруссия, хусусан сарояндагон, ситораҳои синамо, театр, барандагони шабакаҳои телевизион, варзишгарон ҳамроҳ шуда, тавассути видеохостинги «Ютуб» ва шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» тарафдоронашонро таблиғ намуданд.

Стратегияи омода намудаи мухолифон дар атрофи истифодаи камбудиҳои мавҷудаи низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мушкилоти иқтисодии сокинони Белоруссия сохта шуда буд. Асоси маъракаи таблиғотиро шиори «Интихоботи шаффоф ва демократӣ» ташкил дода, ҳадафи он ҷалби тамоми сокинони ин кишвар ба интихобот ва овоздиҳӣ бар муқобили Лукашенко ва Ҳукумат буд. Яъне мухолифин барномаи мушаххаси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надоштанд ва танҳо тариқи бадномсозии ҳукумат чунин мавқеи устувор пайдо карданд.

Бояд зикр намуд, ки интихоботи президентӣ бояд бе низоъ ва бо розигии халқ баргузор гардад, зеро дар пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли ҷорӣ чунин интихобот баргузор мегардад ва мо ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала ҳушёр ва зирак бошем, зеро ояндаи тақдири миллати тоҷик ҳал мешавад ва нагузорем, ки мухолифони давлат ғолиб баромада, Тоҷикистонро табаддулот намуда, нооромиро пойдор созанд.

Мухолифони давлати мо собиқ ТЭТ ҲНИ аст, ки ин ҳизб соли 2015 ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидааст ва фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Бо вуҷуди он, то имрӯз ин ҳизб аз хориҷӣ кишвар истода, фаъолияти ифротии худро давом дода истодааст. Намехоҳем, ки давлати мо таҷрибаи давлати Белоруссияро давом диҳад ва боз ба солҳои 1992 –юм баргардем. Албатта боварӣ дорем, ки мақомотҳои қудратии мо ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои дар фазои оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда гузаронидани интихоботи дар пеш истода саҳмгузор мешаванд.

Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон мебошем ва ба он кас боварии комил дорем, зеро маҳз бо ташаббуси он кас дар Тоҷикистони муосир сулҳу оромӣ пойдор аст.

Каримова М.М.сармуаллимаи кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

 ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like