Баҳри ободии кишвар сахмгузор бошем!
Мо дар арафаи ҷашнгирии истиқлолияти ҷумҳуриамон қарор дорем. Шукрона аз он мекунем, ки дар ватани тинчу ором зиндаги намуда фаъолият мебарем. Имрузҳо дар тамоми манотиқи кишвари биҳиштосои азизамон биноҳои истиқомативу мактабҳои замонавӣ сохта мавриди истифода карор дорад. Майдонҳои варзишии замонавӣ, боғхои фарҳангиву истироҳатӣ, роҳҳои асфалтпуш, биноҳои маъмурии замонавӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ барои меҳмонони дохили кишвар ва хориҷа бунёд гардида истодаанд, ки ин ҳама меваҳои истиқлоланд.
Дар давоми 29 соли истиқлолият ба сари мардуми тоҷик чи хел душворихо оварданд бо номи “дустон” аз хориҷи кишвар ҷанги шахрвандӣ ва оқибатхои он, ташкили табаддулотҳо аз ҷониби собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо кӯмаки эшонҳои хориҷиашон.
Сол аз сол таъғиротҳои бузург ба амал меоянд, ки ин бунёди НБО “Роғун”, бунёди роҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байнихалқӣ, бунёди садҳо корхонаҳои саноатӣ, иҷрои барноаҳои бунёди боғу токзорҳои нав ва аз нав барқароркунии боғу токзорҳои куҳна, азхудкунии заминҳои нав бо таъмини обёри заминҳои кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташкили сайёхӣ дар манзарахои тамошобоби Точикистони бихиштосо, рекреатсионӣ, яъне табобату истифодаи обхои маъданӣ ва шифобахш, тамоми фасли сол, руёнидани зироатхои кишоварзи бо риояи технологияхои инноватсиони аз замин руёнидани се чор хосили зироатхои кишоварзи бахри таъмини амнияти озукавории кишварамон. Ин хама аз тинчиву амни кишварамон мебошад.
Худ казоват намоед бунёди корхонахои сементбарорӣ ва масолехи сохтмони имкон дод, ки бо семент натанхо бозори дохиларо таъмин намоем, балки содироти ин махсулотро ба хоричи кишвар ба рох монем. Танхо корхонаи муштараки Чину Точикистон дар нохияи Б.Ғафуров фаъолиятбаранда дар давоми сол зиёда аз 1 млн. тн семнт истехсол менамояд. Бунёди корхонахои шифербарорӣ ва мехҳои гуногун барои сохтмон дар ш. Бӯстон. Хамаи ин ба сохтмонхои бинохои бисёрошёна ва ичтимои суръат бахшид. Дар вилояти Суғд 10% майдони зардолузорӣ ҷаҳон ҷойгир шуда, аз ин майдонхо хазорхо тонна меваи аз чихати экологӣ тоза зардолу чида шуда, кисми зиёди он пас аз коркард ба кишвархои хорича содирот карда мешаванд.
Ё худ давоми солҳои охир танҳо дар шаҳри Хуҷанд 5 боғи истирохатию фарханги азнавсози карда шуд, ки сокинони шахр ва мехмонон аз ин маконхо сайру гашт намуда истирохат менамоянд ва чорабинихои сатхи шахри, вилояти ва чумхурияви гузаронида мешавад. Лекин хамаи ин навгониву бунёдкорӣ ва зебогихоро шахсоне хастанд, ки нодид менамоянд ё худ мухолифин аз хоричи кишвар хавас доранду локин дидан намехоханд бо тарики шабакахои ичтимои чавонони гумрохро ба худ чалб намуда, кишвари ободу тинчро ноором карданианд. Эй хочогони дар ин кишвар таваллудшудаю нону намакашро чашида Шумо хато мекунед ва ба ватани ачдодии худ хиёнат менамоед. Чавонони бесаводу бехунарро зуд ба боварии худ бо кумаки молияви дароварда хадафхои нопоки худро ичро карданиед. Аммо афсус хато мекунед ва халки бо фархангу маданияти точик ба шумоён лаънат мегуяд.
Чи тавре маълум аст, 11 октябри соли чори интихоботи президенти баргузор мегардад. Халки точик медонад, киро интихоб намояд ва аз хукукхои конститутсионии худ бохабаранд. Барои номзади арзандаи худ овоз дода рохбари созандаю бунёдкори худро интихоб менамоем. Холо вазъи чахони муосир хасос ва ноустуворихо хеле дар кишвархои дунё зиёданд. Аз як тараф обхезию сухторхои чангалзорхо, чангхои дохили ва гайрахо хамаруза ба воситаи ахбори омма дар гушахои дунё ва кишвархои баамаломада бохабарем. Ходисахои дар кишвари Белорус пас аз интихоби президенти баамаломмада низ гувохи онанд, ки хоричиён, душманон тинчиву оромии кишвари Беларусро чашми дидан надошта, ин кишвари ба мо дустро ноором карданианд.
Хол он ки президент Лукашенко 80 фоизи овоздихандагонро сохиб шуд, мухолифин ба ин бовари надошта, бо кумаки молиявии кишвархои хоричаи хамсоя роҳпаёмоиҳо ташкил намуданианд. Худи халки оддӣ бар зидди ин мебошад ва кисмати худро худамон хал менамоем мегуянд. Бинобар он чавонони созандаю ободкори ватанамон хушёриву зиракии худро бой надода ба хар гуна бофтахои мухолифин ва душманонамон бовар накарда, сиёсати имрузаи рохбари кишварамонро дастгири намуда, аз паи фаъолияти пурсамари худ шавем. Барои ободии Ватани бихиштосоямон сахмгузор бошем.
Азимов А.Ҷ. – н.и.к., дотсенти кафедраи
маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ